logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ДАР ДОИРАИ СОЛИ ҶАВОНОН

Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017 тасдиқ шудааст, қарори иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе аз 28 марти соли 2017 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017» ба тасвиб расид.
Дар доираи қарори мазкур раёсатҳои шаҳрии Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, бахши тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ, маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», риояи «Маромномаи сокини пойтахт» дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо муваззаф гардонда шуданд. Раисони ноҳияҳои шаҳр дар ҳамкорӣ бо раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати баргузории чорабиниҳо дар сатҳи ноҳия бояд  тадбирҳои зарурӣ андешанд. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои дар доираи имконият таъмин намудани маблағҳои иловагӣ барои амалисозии чорабиниҳои мазкур вазифадор гардидааст.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳр ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, таваҷҷуҳи асосӣ ба иштироки фаъолонаи наврасону ҷавонони пойтахт дар чорабиниҳои дарпешистода дода мешавад. Мақомоти маҳаллии шаҳр аллакай аз аввали сол бо ҷалби ҷавонону наврасон дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ва  маърифатию фарҳангӣ дар ҳудуди ноҳия як қатор тадбирҳои фарҳангию фароғатӣ ва тарбиявӣ – бадеиро роҳандозӣ намуданд.
Ба гуфтаи Эраҷ Рамазонов, мудири бахши иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Сино, баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон ба арафаи иду ҷашнҳои миллӣ рост омада, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои сазовор таҷлил кардани ин ҷашн байни ҷавонону наврасон чорабиниҳо оид ба  фаҳмондадиҳӣ,  суҳбату вохӯриҳо,  ҳифзи муҳити зист, амалиёти моҳонаи ҳарбӣ – ватандӯстӣ, фарҳангӣ, семинари омӯзишӣ ва рейдҳои муштарак, дар маҷмӯъ 143 чорабинӣ ва дар соҳаи варзиш бо баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ миёни ҷавонон ва сарбозон, ҳамчунин, хонандадухтарони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия, дар маҷмӯъ 13 чорабиниро ба роҳ монданд. Дар кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳия аксияи тарғиботиву ташвиқотии характери ҳарбӣ – ватанпарастидошта зери унвони «Ту ҳам метавонӣ сарбози Ватан бошӣ» баргузор карда шуд. Дар аксияи мазкур зиёда аз 80 нафар ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок намуда, байни сокинон 1800 варақаи тарғиботии ҷалбкунанда тақсим карданд. Дар доираи эълон гардидани 150 рӯзи ободониву созандагӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ҷавонону наврасони ноҳия дар маъракаи ниҳолшинонии «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад» ва «Ҷавонон: шиори мо муҳофизони табиат будан!» барои зебоии пойтахт беш аз 600 ниҳоли сояафкан, ороишӣ, мевадиҳанда ва гулу буттаҳо шинонданд. 
Феълан дар ноҳияи Сино ва ноҳияҳои дигари шаҳр чорабиниҳои вобаста ба Соли ҷавонон ҷараён дошта, бо татбиқи пурраи қарори шаҳрдорӣ амалишавии Барномаи нави рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017 – 2018 пешрафти ҳамаҷонибаи ҷавонон марҳилаи нав касб мекунад.  
О. ВАФОБЕКЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2017    №: 73    Мутолиа карданд: 126

28.04.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ли Ки - Квон

Конфронси илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Марҳилаи дуюми барқарорсозии шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ оғоз мегардад

Интишори асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ба забони қирғизӣ

Ҳунар ганҷи нуҳуфта аст

НУРОБОД. Таъсиси маркази маслиҳатдиҳии ҳуқуқӣ

Ҷаҳон дар як сатр

27.04.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Пратибҳа Меҳта

Изҳори ҳавасмандӣ аз тақвияти ҳамкориҳо

Фестивали байналмилалии мусиқии «Еthno-jazz» баргузор мешавад

КҲФ огоҳ мекунад…

Мусобиқаи футбол дар Деваштич

Террористон набояд имкони бозгашт ба Қазоқистонро дошта бошанд

Истеъфои вазир дар Ҷопон

Аврупоро буҳрони нави муҳоҷират интизор аст?

Дар Доминикан обхезӣ мардумро бехонумон кард

Uber дар се сол аэротаксиҳоро ваъда медиҳад

Кишти пахта

Бунёди боғу токзор

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Кишти баҳорӣ

БАДАХШОН. 120 рӯзи ободонӣ ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед