logo

ҳуқуқ

20 СОЛИ ВАҲДАТ ВА ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҲУҚУҚӢ

Агар бо эълони Истиқлолияти давлатӣ ва дар сатҳи Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ пайдо намудани бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар кишвари мо ҳуқуқ ва қонун мазмуну муқаррароти нав пайдо карда, ба ҷузъи муҳими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар низоми нави давлатдорӣ ва шароити хоси соҳибихтиёриву истиқлолият табдил ёфта бошанд, бо расидани ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ муҳити созгори татбиқи меъёрҳои қонун ва ҳифзу риояи ҳуқуқҳои инсон шакл гирифтанд.
Расидан ба ваҳдати миллӣ, дар маҷмӯъ ҳамаи самтҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятиро ба марҳалаи созандагӣ ва эҳёву рушди устувор ворид намуд. Агар ба таъсири ин падидаи хушбинкунанда ба низоми ҳуқуқӣ ва фазои қонунии мамлакатамон нигоҳ кунем, дар ин самт низ ҳанӯз соли 1997 аввалин қадамҳои мақсаднок гузошта шуданд. Зеро роҳбарияти олии кишвар амиқ дарк намуда буданд, ки устувории пояҳои ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ба неруи шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқӣ соҳибмаърифат ва низоми қонунии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар марҳалаи нави таърихӣ вобастагии зиёд дорад.
Ҳамин тавр, 22 августи соли 1997 таҳти рақами 383 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ» ба тасвиб расид, ки асоси ташкилӣ-ҳуқуқии маҷмӯи чорабиниҳои хусусияти омӯзишӣ - таблиғотидоштаро фароҳам овард. Ҳамчун идомаи мантиқии ин иқдом дар шароити торафт тақвият ёфтани асос ва бунёди ваҳдати миллӣ солҳои минбаъда баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии аҳолиро давлати Тоҷикистон ҳамчун заминаи мустаҳками таъмини рушди миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навин қарор дода, дар ин бахш чандин фармону барномаҳоро ба тасвиб расонд, ки ҳадафу моҳияти аслии онҳоро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва парвариши ҳисси эҳтиром нисбат ба волоияти қонун дар бар мегирифт.
Агар таърихи мавҷудияти судҳоро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ду марҳала - то эълони ваҳдати миллӣ ва даврони баъд аз расидан ба ваҳдат тақсимбандӣ намоем, бармало равшан мегардад, ки маҳз пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти судҳои кишвар тағйироту пешрафтҳои зиёд рӯй доданд. Агар қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 саҳифаи наверо дар таърихи мақомоти судии кишвар боз намуда бошад, дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ 26 сентябри соли 1999, яъне зимни татбиқи талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки барои ҳокимияти судиро аз тобеияти ҳокимияти иҷроия баровардан асоси қонунӣ гузоштанд. Ислоҳоти баъдинаи конститутсионӣ, ки бо мақсади заминасозии ҳуқуқии раванди сифатан нави рушд ва мукаммалгардонии низоми қонунгузории миллӣ анҷом пазируфт, мақом ва эътибори низоми мақомоти судии кишварро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшид, ки бевосита самараи ваҳдату ризоияти ҳамагонӣ ба ҳисоб меравад.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва баракати ваҳдати миллист, ки имрӯз суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амал карда, дар раванди ҳифзи ҳуқуқҳои шахс ҷойгоҳ ва мақоми марказиро дорост. Мустақилона, босалоҳият ва бидуни дахолати мақомоти дигар фаъолият намудани низоми судии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки адолати судӣ ба маънии томаш таъмин гардида, сатҳу сифати ҳифзи ҳуқуқи шахсият баланд бардошта шавад, ки чунин воқеият дар таърихи пойдории мақомоти судии кишвар падидаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Ҷараёни дигаргунсозиҳо ва тағйироти мусбате, ки дар давоми 20 соли пойдории ваҳдати миллӣ дар самти таҳкими асосҳои ҳокимияти давлатӣ, афзудани қобилияти истеҳсолӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, муҳайё намудани зиндагии шарофатмандонаи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани эътибори байналмилалии Тоҷикистон бо такя ба низоми қонунманди ҳуқуқӣ ташаккул ёфт, аз нигоҳи қазовати таърих зуҳуроти барҷаста ва арзишманд мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2017    №: 73    Мутолиа карданд: 654
03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед