logo

иқтисод

ОБЁРИИ ҚАТРАӢ ВА РУШДИ ОЯНДАИ ПАХТАКОРӢ

Дар рӯзи ҷашни Наврӯзи хуҷастапай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Регари шаҳри Турсунзода ба нияти гузоштани таҳкурсии мустаҳкам ба ҳосили фаровони имсола ва ғанисозии дастархони аҳолӣ дар маъракаи кишти зери плёнка иштирок доштанд ва ба кишоварзон фотиҳаи нек доданд. Бори нахуст бо ибтикори олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар 1 гектар замини ҶДММ «Агросаноат» кишти зери плёнка бо усули обмонии қатраӣ анҷом дода шуд.
Пунбаи навъи «Дӯстӣ - ИЗ» - ро аз рӯйи технологияи муосир ва бо истифодаи таҷрибаи пешқадами олимони академия ба кор бурданд. Ин таҷриба бо мақсади 2 – 3 маротиба баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ аз обу замин бо истифодаи технологияи муосир татбиқ карда мешавад.
- Кишти зери плёнка бо истифодаи обёрии қатраӣ технологияи парвариши хоси худро дорад, - мегӯяд сарагрономи раёсати кишоварзии шаҳри Турсунзода Абдукарим Файзуллоев. – Агар бо усули муқаррарӣ дар як гектар  100 – 120 кг тухмӣ сарф гардад, дар кишти дуқатораи зериплёнка масофаи байни ниҳолҳо 20 см ва байни қаторҳо 60 см буда, ҳамагӣ 30 – 35 кг тухмӣ истифода бурда мешавад. Дар усули дуқатора дар як гектар то 240 ҳазор бех ниҳол мондан мумкин аст, ки имкон медиҳад тавассути истифодаи қоидаҳои агротехникӣ аз як гектар  аз 50 сентнер зиёд ҳосил гирифта шавад.
Ба кишти пунбаи зери плёнка бо усули обёрии қатраӣ, ки ояндаи соҳаи пахтакорӣ ба он тавъам аст, аз ҳоло диққати асосӣ дода мешавад. Зеро дар кишти муқаррарӣ ҳам се – чор маротиба зиёд тухмӣ, коркарди байни қаторҳо, ягона, култиватсияю ғизодиҳӣ бамавриду бемаврид гузаронда, маблағи калон, қувваи кории зиёд сарф мешуд.  Акнун обу ғизо ба решаи рустанӣ расида, сарф чанд маротиба коҳиш меёбад.
- Ҳадаф аз роҳандозӣ кардани кишти зери плёнка бо харҷи кам ду – се баробар зиёд гирифтани ҳосил, паст намудани арзиши  аслии маҳсулот, эмин доштани заминҳо аз шӯршавӣ ва дигар омилҳо мебошад, - гуфт зимни суҳбат ноиби президенти АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Саидҷамол Саидов. – Зимни зери плёнка анҷом додани кишти пахта дар давраи нашъунамо ҳарорати таъсирбахши гармӣ дар хок иловатан 425 – 500°С меафзояд, ки нашъунамои ниҳолҳоро як ҳафта метезонад.
Хати қатрадиҳак як шабонарӯз метавонад бетаъхир кор карда, нашъунамои хуби ниҳолҳоро  таъмин намояд. Сарфи маблағ барои сохтану насб ва истифодаи шабакаи обёрии қатраӣ аз ҳисоби афзудани истеҳсоли пахта ва кам кардани сарфи об ва ба ҷо наовардани коркарди байни қаторҳо ҷуброн мегардад.
Таъсири камбудиҳое, ки солҳои пешин ҳангоми кишт, обмонӣ, мубориза ба муқобили ҳашароту касалиҳои рустаниҳо роҳ дода мешуданд, то ҳол ба назар мерасанд. Чунончи, танҳо дар вилояти Хатлон аз ҳисоби аз меъёр зиёд об мондан бештар аз 6 ҳазор гектар замини кишт аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст, ки дар шароити ҷумҳурии мо чашмрас аст.
Пойгоҳи обтозасозанда яке аз қисмҳои асосии шабакаи обёрии қатраӣ буда, самаранокии усули нав ба он вобастагии калон дорад. Дар пойгоҳ об аз ҳар гуна омехтаҳо тоза шуда, бо меъёри муайян ба решаи рустанӣ мерасад. Дар сурати бештар фоида дидан кишоварзон аз ҳисоби ин пойгоҳ метавонанд, 30 гектарро бо усули қатраӣ обёрӣ намоянд.
Чигити киштаҳои зери плёнка неш зада, қаторҳои сабзро ба миён овардаанд. Таҷриба ба кишоварзон умеду боварӣ ба усули навро афзуда, хоҳишмандони кишти зери плёнкаро зиёд карда истодааст.
Боиси зикр аст, ки кишоварзони шаҳри Турсунзода дар бобати истифодаи пурсамари обу замин таҷрибаи ғанӣ доранд. Имсол кишти зери плёнка 340 ва гармхонаҳои доимӣ 14 гектарро ташкил медиҳад. Аллакай баъзе соҳибкорон сабзавоти барвақтии худро ба бозори шаҳр ва пойтахт бароварданд. Рӯзҳои наздик бодирингу помидор, қаланфур ва дигар сабзавоти барвақтӣ дар ҳаҷми зиёд ба бозорҳо бароварда мешавад.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2017    №: 74    Мутолиа карданд: 319

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед