logo

фарҳанг

ШУКӮҲИ НАВРӮЗ ДАР НИДЕРЛАНД, ЭРОН ВА ПОКИСТОН

Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия, Нидерланд ва Люксембург бо ҳамдастии Конуни тоҷикон ва форсизабонони Рӯдакӣ 8 апрел дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари Шоҳигарии Нидерланд маросими бошукӯҳи таҷлили Наврӯзи оламафрӯз бо ширкати теъдоди зиёди тоҷикони бурунмарзии сокини ин кишварҳо ва ҳамзабонон аз Эрону Афғонистон баргузор гашт.

Дар толори бо суннату ойинҳои наврӯзӣ орододашуда зимни нишасту гуфтугӯҳои судманд дар фазои моломол аз назму оҳангҳои волои порсигӯён ҷанбаҳои фарҳангиву тамаддунии Наврӯз, нақши омили ҳамбастагиву ҳамдилиро ифо намудани ин ҷашни куҳанбунёд таъкид гардид. Ба пайравӣ аз анъаноти неки наврӯзӣ дар маросими таҷлил мушоираву байтбарак ва суханрониҳои аҳли қалами порсигӯёни сокини кишварҳои ҳавзаи Наврӯз садо доданд.
Зимни ба ҳозирон ироаи табрикоту шодбошиҳои наврӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс Эркинхон Раҳматуллозода бо ибрози беҳтарин таманниёти солинавии аҷдодӣ ба ҳамагон дар роҳи амалӣ гардидани орзуҳои ормонӣ, ҳамкориву ҳамёрии боровару бештар комёбиву дастовардҳои навин орзу кард.
Маҳфили дилангези Наврӯзро гурӯҳи ҳунармандони шинохта бо сарварии Парвина Юсуфӣ ва Ноҳиди Зайналпур  бо суруду тарона ва рақсҳои зебои тоҷиконаи наврӯзӣ зеб доданд.
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон иди Наврӯз бо иштироки ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Теҳрон, Машҳад, Қазвин, Қум ва Табрез ҷашн гирифта шуд. Неъматулло Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Эрон ҳозиронро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, перомуни дастовардҳо ва пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан кард. Сафир аз нақши созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ёдовар шуда, ҳамватанонро ба азхуд кардани донишҳои замонавӣ, техникаю технологияи нав ва саҳми фаъол гузоштан дар  пешрафту шукуфоии кишвар даъват намуд.
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, ки чунин як чорабинии сатҳи баланд бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Қоиди Аъзами Ҷумҳурии Исломии Покистон низ баргузор гашт. Дар он сафирони як қатор кишварҳо, намояндагони корпуси дипломатии муқими Исломобод, олимон, аҳли ҳунару фарҳанги Покистон, инчунин устодон ва донишҷӯёни донишгоҳи мазкур ширкат варзиданд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2017    №: 74    Мутолиа карданд: 220

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон

Муборизаи муштараки роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ бо киберҳамлаҳо

Роҳандозии истифодаи бехатари интернет дар макотиби Русия

Чоряк миллиард сокини Замин маводи мухаддир истеъмол мекунад

Гӯшаи кишоварз


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед