logo

ҳуқуқ

ИНТЕРНЕТ ВА ҶАҲОНИШАВИИ ТЕРРОРИЗМ

Дар конфронси илмию амалии «Мушкилоти амнияти Осиёи Марказӣ: омилҳои минтақавӣ ва таҳдидҳои нав», ки  ахиран бо иштироки олимону коршиносони масоили сиёсию амниятӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, Абдуғаффор Камолов, мушовири Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии кишвар, мавзӯи «Шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷаҳонишавии  терроризм»-ро ба риштаи баҳс кашид. Мавсуф дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият»  андешаҳояшро оид ба паёмадҳои мусбат ва манфии ҷаҳонишавӣ чунин баён намуд:
- Бо гузашти ҳабдаҳ  сол аз асри XXI ҳанӯз инсонҳо натавонистаанд дар зиндагии рӯзмарраи худ ҷилавҳои мусбати ҷаҳонишавиро, аз қабили марзҳои боз, рафтуомади озод, иқтисоди ҳампо ва майдони муштараки донишу кору тиҷорат эҳсос намоянд. Вале паёмадҳои манфии ҷаҳонишавӣ, монанди буҳронҳои иқтисодӣ, ҳуҷуми фарҳангҳои бегона, нооромию бесуботӣ ва густариши ифротгароиву терроризм тақрибан ҳаёти тамоми мардуми оламро таҳти таъсир қарор додааст. Бар хилофи ҷаҳони асри бист, ки мо аксу навори террористонро гоҳ - гоҳе дар расонаҳо медидему аз амалкардашон дертар иттилоъ меёфтем, имрӯз агар маргталабе бомбаеро дар Ироқу Сурияву Афғонистон ё ягон кишвари дигар тарконад, ҳамон лаҳза фазои расонаии моро пур мекунад. Яъне, дар ҷаҳони муосир ҳанӯз ормонҳову арзишҳои волои аҳли башар ҷаҳонӣ нашуда, андешаҳои ифротию террористӣ ҷаҳонӣ шуданд ва тибқи хулосаи марказҳои санҷиши афкор, дар ин раванд нақши манфии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд аст. Зеро ифротгароёну террористон аз воситаҳои иртиботии муассир, махсусан  шабакаҳои иҷтимоӣ, назири «Одноклассники» ва «Фейсбук» барои густариши афкору ақидаҳояшон фаровон истифода мебаранд. Тибқи баррасиҳо, даъватгарон бо сохтани аккаунтҳои дурӯғин (саҳфаҳо дар интернет) бо ҷавонон шинос шуда, онҳоро аз имрӯзу фардояшон ноумед мегардонанд. Ин гурӯҳ норасоии андаки иқтисодию иҷтимоӣ ва гоҳе беадолатии иҷтимоии баъзе роҳбаронро хеле бузург нишон дода, дар зеҳни холишудаи наврасону ҷавонон тухми умедҳои дурӯғин мекоранд.
Ба назари мо, аввалин ва муассиртарин роҳи пешгирии ин раванд  умед бахшидан ба ҷавонон аст. Месазад, ки дар доираи Соли ҷавонон ниҳодҳои махсуси кор бо ҷавонон барномаҳои мушаххас ва иҷрошавандае омода, муаррифӣ ва амалӣ намоянд, ки ҷавонон ояндаи равшани худро дар ҳамин сарзамин ва бо ҳамин давлату миллат бубинанд, на дар ҷои дигар ва бо касони дигар. Дар ин замина ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳар фарди солимфикру огоҳи ҷомеа низ бояд бетараф набуда, мутобиқи тавон ва истеъдоди худ саҳм гузорад.
Ҳоло дар бисёр кишварҳои дунё системаи назорати хонаводагӣ бар шабакаҳои интернетӣ ҷорӣ шудааст, ки волидон ба кадом сомонаҳо ворид шудани фарзандонашонро метавонанд назорат кунанд ва вуруди онҳоро ба сомонаҳои шубаҳаовар маҳдуд созанд. Ин тарзи кор судбахш будани худро аллакай нишон додааст. Дар кишвари мо низ чанде пеш ба банди 4 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тағйиру иловаҳо ворид гардид. Мувофиқи он, акнун волидон имкон пайдо карданд, ки маълумоти заруриро оид ба фарзандонашон ҳангоми кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас намоянд. Аммо, бояд таваҷҷуҳ дошта бошем, ки ин кор ба хотири назорат ва андаке маҳдудкунии фарзандон аст, на куллан маҳрумкунии онҳо, зеро маҳрумсозӣ натиҷаи баръакс низ медиҳад.
Навиштани матлабҳои таҳлилӣ ва омодасозии барномаҳои радиоию телевизионӣ дар бораи зарари ин гуна шабакаҳо, ба намоиш гузоштани чеҳраи аслии террористон, ки бо шиорҳои дурӯғин по ба майдон гузоштаанд, инчунин, нишон додани оқибати касоне, ки фиреби онҳоро хӯрдаанд низ хеле фоидаовар аст. Дар ҳоле ки ифротгароён барои ҷалби ҷавонон аз шеваҳои наву муосир истифода мекунанд, мо набояд ба шеваи суннатӣ ва куҳнашудаи камтаъсир иктифо намоем. Бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъол шавад, ҳузури ҷавонони огоҳу ватандӯст дар шабакаҳои иҷтимоӣ пуррангтар гардад, то онҳо бо ҳамсолони худ бо забони ҳам суҳбат кунанд. Ин равиш, албатта таъсиргузор хоҳад буд.
Бояд ба як нуктаи дигар таваҷҷуҳ дошта бошем, ки терроризми акнун ҷаҳонӣ шуда, на танҳо ҷисмҳоро нобуд месозаду шаҳрҳоро вайрон мекунад, балки фикр, андеша ва ақидаи инсонҳоро ҳадаф қарор медиҳад, ки ин ташвишовартарин хусусияти терроризми асри XXI аст. Ҳоло барои тасхир кардани мағзҳо ва ба асорат гирифтани андешаҳои ҷавонони ин ё он кишвар доираҳои хориҷии манфиатҷӯ ниёз ба фиристодани лашкар ва истифодаи танку тӯп надоранд. Ин доираҳо, ки равоншиносон ва мутахассисони қудратманде дар ихтиёр доранд, метавонанд аз тариқи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар дурдасттарин русто эҳсосоти як ҷавони мусулмонро ба бозӣ гирифта, ӯро чунон шустушӯи мағзӣ кунанд, ки аз даруни хона ба ҳайси як ифротӣ берун ояд.
Бо терроризми муосир, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ онро «вабои аср» номидаанд, наметавон танҳо бо силоҳ мубориза кард, ҳарчанд он ҳам зарур аст. Муборизаи асосӣ ва муассир ин муборизаи идеологист, ки тавассути афкору андешаи равшан сурат мегирад. Мо ҳамон вақт метавонем дар муқобили терроризму ифротгароӣ биистем, ки ҷавонони равшанзамир дошта бошем. Ҷавононе, ки қалбашон саршор аз меҳри Ватану миллат бошад, равандҳои ҷаҳониро ба хубӣ дарк намуда, аз онҳо хулосаи зарурӣ бароварда тавонанд.
Додоҷон РӮЗИЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2017    №: 74    Мутолиа карданд: 669
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед