logo

барқияҳо

Барқияҳои табрикии Президенти Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Пратибха Патил

14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
Ҷаноби Олӣ,
Боиси сарфарозии ин ҷониб аст, то  Ҷаноби Олӣ, давлат ва мардуми Покистонро ба муносибати фаро расидани ҷашни солгарди Иди истиқлоли кишвари дӯст самимона табрик ва таҳният гӯям.
Хушбахтона тайи солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистону Покистон густариш ва тавсеа ёфтанд, ки нишонаи возеҳи он сафари расмии Шумо ба Тоҷикистон буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори вусъати тоза пайдо кардани ҳамкориҳои мо дар тамоми заминаҳо ва рушду инкишофи ҳамешагии онҳост, ки ин раванд ба нафъи ҳар ду  кишвар ва мардумони он аст. Умедворам, ки ҷиҳати амалӣ шудани тавофуқоти ҳосилшуда ҳар ду ҷониб аз ҳамаи имкониятҳо истифода хоҳанд бурд.
Бо ибрози табрику таҳнияти муҷаддад ба Ҷаноби Олӣ тансиҳатии комилу бардавом ва комёбиву пирӯзиҳои нав ба нав орзумандам. Ба халқи дӯсти Покистон сулҳу субот ва рушду пешрафт таманно дорам.


15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Пратибха Патил ба муносибати ҷашни миллӣ – солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Ҳиндустон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
Хонуми Олиҷоҳ,
Табрику таҳнияти самимии мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарорасии ҷашни миллӣ – солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Ҳиндустон қабул фармоед.
Мо шоҳиди дастовардҳои муҳими кишвари Шумо дар арсаҳои гуногуни зиндагии ҷомеа ва ширкати фаъоли он дар ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошем.
Боиси қаноатмандист, ки дар солҳои ахир муносиботи дӯстонаи мо бар асари саъю эҳтимом ва кӯшишҳои ҳар ду ҷониб сатҳи баланд ва сифатан навро касб намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки густариш ва тавсеаи ҳамкории васеъ ва бунёдии ду кишвари дӯст ба нафъи мардумони мо ва амнияту суботи минтақа аст. Умедворам, ки сафари қариб-ул-вуқӯи Шумо ба Тоҷикистон ба ин раванд такони ҷиддӣ хоҳад дод.
Бо ибрози таманниёти беҳтарин ба Шумо, хонуми Олиҷоҳ, сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Ҳиндустон хушрӯзӣ ва саодат орзумандам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4201
22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед