logo

иҷтимоиёт

БОВАРӢ БА ҶАВОНОН, БОВАРӢ БА ФАРДОИ МИЛЛАТ АСТ

Амалисозии дурнамои ҷавонгардонии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби ҷавонони фаъол имрӯзҳо рӯ ба болоравӣ ниҳодааст. Тавре маълум аст, давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҷавонон тамоми имкониятҳоро ҷиҳати таълим, илму касбомӯзӣ, тиҷорату соҳибкорӣ, фаъолияти фарҳангӣ ва фароғати онҳо фароҳам овардааст.

Ба гуфтаи Абдувалӣ Қулов, сардори раёсати демография ва шуғли аҳолии Агентии омори назди Президенти кишвар, соли гузашта наздики 40 ҳазор корҷӯй бо кор таъмин карда шуд. Аз ин миқдор беш аз 19 500 нафарро ҷавонони аз 18 то 29 - сола ташкил медиҳанд. Пас аз ироаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар корхонаҳои хусусиву давлатӣ сафи кормандон аз ҳисоби ҷавонон афзуд. Шумораи ҷавонони роҳбар нисбат ба соли сипаригардида зиёд гардид. Аз оғози соли ҷорӣ ба воситаи мақомоти шуғли аҳолӣ 4888 корҷӯ бо кор таъмин шуд, ки бештари онҳо ҷавононанд.
Бо мақсади вусъат бахшидани шуғли аҳолӣ ва коҳиш додани шумораи бекорон, хусусан дар байни ҷавонон, аз ҳисоби рушди соҳаҳои кишоварзӣ, коркарди маҳсулот, саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, кимиё, маъдан, хизматрасониҳои нақлиёту алоқа, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ ҳамасола беш аз 100 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад. Дастгирии ҷавонони пешсаф дар оянда низ равнақ ёфта, боиси фарох гардидани доираи фаъолият, имконоти илмомӯзӣ, ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда ва ба ин васила баланд бардоштани таҷрибаи кории онҳо мегардад. Эътимод ба ҷавонон дили онҳоро ба кор гарму садоқаташонро нисбат ба Ватан зиёд мекунад.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2017    №: 75    Мутолиа карданд: 97

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД

ҲИКМАТИ ОЗОДАГОН". ДАЪВАТ БА МУБОРИЗАИ БИДУНИ СИЛОҲ

ИНТИҚОЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МОҲӢ

Ҷаҳон дар як сатр

Аз Хома рондани “Ҷабҳат ан - Нусра”

Си Ҷинпин Доналд Трампро ба худдорӣ даъват намуд

Ҳукми қатл ба 20 ҷонибдори Мурси

Ҷек Ма роботҳоро на рақиб, балки шарики инсон мешуморад

Занбӯруғ – куҳантарин мавҷудоти рӯи Замин

24.04.2017


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ

Вусъати ҳамкориҳо дар бахши тандурустӣ

Марди накуном намирад ҳаргиз

Ғалабаи хонандаи тоҷик дар бозиҳои XII Делфи

ДАЪВАТ. Сафи ихтиёриён меафзояд

ЗАФАРОБОД. То ҳосилнокӣ беҳтар шавад...

РОҲҲО агар ободанд...

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Қирғизистон ҷангие дастгир шуд, ки нияти амалҳои террористӣ дар кишварҳои ИДМ – ро дошт

Пентагон: «ДИ» пойтахташро аз Раққа ба Дайр - уз - Зор кӯчонд

Арабистони Саудӣ хароҷоти ҳарбияшро 30 дарсад кам кард

Дар Британия як рӯзро бидуни истифодаи ангишт гузаронданд

Суди Имреа телефони мобилиро ба саломатӣ зарарнок ҳисобид

21.04.2017


Тоҷикистон амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ эътироф шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед