logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛ. ТАКЯ БА ҶАВОНОН

Аз шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд  21 нафар ҷавон аз рӯйи ихтисосҳои гуногун дар макотиби олии пойтахт таҳсил дорад. Худойназар Амонзода, раиси шаҳри Истиқлол, дар маҷмааи “Роҳат” - и шаҳри Душанбе бо ин донишҷӯён вохӯрда, аз ҷараёни таҳсил, шароити зисту вазъи иҷтимоии онҳо пурсон шуд.

Раиси шаҳр дар бораи аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Соли ҷавонон, ки иқдоми муҳим дар самти дастгирии ҷавонони кишвар маҳсуб меёбад, ҳарф зада, таъкид дошт, ки ҷавонон бар ивази ғамхории Пешвои миллат бояд хуб таҳсил карда, бо азбар намудани донишу маҳорати касбӣ ба шаҳри худ бозгарданд ва дар рушди иқтисодиёту ободонӣ саҳм гузоранд.
Истиқлол дар даврони соҳибистиқлолӣ рушду равнақи тоза пайдо кардааст. Бо ширкати бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо санги асоси сохтмони бузургтарин дар Осиёи Миёна корхонаи металлургӣ гузошта шуд, ки соли равон бо иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна руҳу 50 ҳазор тонна сурб мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад ва дар ин ҷо зиёда аз 1200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад шуд. Солҳои наздик дар шаҳр боз шаш корхонаи саноативу тавлидотӣ бунёд мешавад, ки онҳо ба мутахассисони варзида ниёз доранд.
Донишҷӯён, қабл аз ҳама, арзу сипоси худро ба Сарвари муаззами кишвар ҷиҳати дастгирии доимиву ғамхорӣ иброз доштанд, ки бо баҳои хубу аъло  таҳсил карда, бо сари баланд ба шаҳри худ бармегарданд ва дар рушди он нақши арзанда мегузоранд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2017    №: 75    Мутолиа карданд: 142

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд

Шойгу: «Дар Сурия ҳудуди нуфузи ҷангиён ду ним маротиба коҳиш ёфт»

Ҳамкории калонтарин шабакаҳои иҷтимоии Чин бо ҳукумат

Зери таҳримот ҳам иқтисоди Русия рушд мекунад

12.08.2017


Сафири Тоҷикистон дар Эфиопия эътиборнома супурд

Бунёди корхонаи истеҳсолӣ дар ноҳияи Данғара

Душанбе. Анъанаи пардохти иловапулии якдафъаина идома хоҳад ёфт

Ноҳияи Рӯдакӣ. Талабот ба либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ меафзояд

Хатлон. 15 корхона кор накард

Ҷаҳон дар як сатр

Аксари террорист – маргталабҳои «Боко Ҳарам» занону кӯдаконанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед