logo

иҷтимоиёт

САҲМИ ЯК ҶАВОНМАРД

Ривоҷу равнақ бахшидани соҳаи варзиш яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки тайи солҳои ахир соҳаи варзиш беш аз пеш ривоҷу равнақ ёфта, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба муваффақияту комёбиҳои назаррас ноил мегарданд.

Ҳамчунин, солҳои соҳибистиқлолӣ бо маблағгузориҳои Ҳукумат дар кишвар толорҳо, майдонҳо ва маҷмааҳои зиёди варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Бино ба маълумоти расмӣ, танҳо солҳои 2015 – 2016 дар мамлакат беш 100 иншооти гуногуни варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 
Дар партави ин иқдомҳои созандаву бунёдкорона, ашхоси алоҳида низ саҳми худро мегузоранд. Имрӯз аз баракати дастони чунин ҷавонмардон дар гӯшаҳои гуногуни Ватани азизамон садҳо қасру майдонҳои варзишӣ қомат афрохтаанд.
Яке аз чунин афроди сахипеша соҳибкори муваффақ Муъминҷон Азизов  мебошад. Ӯ соли гузашта бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонӣ дар маҳаллаи 20 - ум ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 - и шаҳри Хуҷанд варзишгоҳҳои замонавӣ  сохта, мавриди истифода қарор додааст. Муъминҷон Азизов бо ин қаноат карданӣ нест, зеро чун дигар нафарони худогоҳу ватандӯст саҳм гирифтан дар ободонии Ватанро қарзи шаҳрвандии худ медонад. Аз ин рӯ, ӯ ният дорад, ки то охири соли равон боз ду майдони дигар сохта, дар ихтиёри дӯстдорони варзиш гузорад.
Лола РИЗОЕВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2017    №: 75    Мутолиа карданд: 208
18.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо сафири тозатаъйини Озарбойҷон

Ҷамъомади муҳим дар Кумитаи рушди маҳал

Супурдани эътимоднома ба Президенти Беларус

Самтҳои асосии рушди туризм матраҳ гаштанд

Шиносномаи Тоҷикистон дар сархати 81-уми раддабандии байналмилалӣ

Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд

Президенти Миср: «Баҳори арабӣ» ба «хазон шудан» - и 1,4 миллион нафар сабаб гашт»

YouTube тавассути технологияҳои нав 98 дарсади видеоҳои экстремистиро ошкор сохт

Дар баҳри Миёназамин 1400 муҳоҷир наҷот дода шуд

Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд

Истифодаи партовҳои электронӣ барои ороишоти заргарӣ

16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ

«Тоҷик Эйр» теъдоди парвозҳоро ба Деҳлӣ зиёд мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Кореяи Шимолӣ омода аст ба Кореяи Ҷанубӣ пайвандад

Интиқоди сарвазири Маҷористон аз сиёсати ИА нисбат ба Русия

Чин соли гузашта аз хориҷа 1300 порахӯрро баргардонд

Қирғизистон: зарар аз коррупсия 1, 4 миллиард сом

Консерни Lactalis миллионҳо бонка ғизои кӯдаконаро бозмехонад

«Реал» барои Неймар аз баҳри Роналду мегузарад?

12.01.2018


Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимтарини Паём дар ВМКБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед