logo

иҷтимоиёт

"ДУХТАРОНИ САРВАР". ЯК ИҚДОМИ МУҲИМ

Дар назди раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонгардонии ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд шӯрои донишҷӯдухтарон ва курсҳои омӯзишии «Духтарони сарвар» таъсис дода шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи он Хидирзода Махфират Умар, муовини раиси вилояти Хатлон, Раҳимзода Раъно, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон ва шахсони дигари расмӣ суханронӣ намуда, зикр карданд, ки ҷалби занону духтарон ба шуғлҳои гуногун яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумат ба шумор меравад. Аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ба мансабҳои роҳбарикунанда ва тахассусии муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҷалб карда шуданд. Ҳамчунин, сатҳи таҳсили духтарон дар донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо боло рафтааст. Ин нишондодро созмонҳои байналмилалӣ аз натиҷаи баланди рушди иҷтимоии давлат арзёбӣ намудаанд.
Бо вуҷуди пешравиҳо, дар ин самт мушкилоти ҳалталаб ҳанӯз мавҷуданд. Дар минтақаҳои дурдаст ва баландкӯҳ то ҳол аз имконоти бонувон ба таври кофӣ истифода бурда намешавад.
Ба тариқи озмун аз ҳисоби донишҷӯдухтарони вилоят барои курсҳои омӯзишии «Духтарони сарвар» 51 нафар номнавис шуд. 25 нафар аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа ва 26 нафар аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар донишгоҳҳои давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси маҳорату роҳбарӣ меомӯзанд. Дарсҳо 7 апрел оғоз шуданд.
Духтарон баъди се моҳи таҳсил соҳиби сертификати фаъолият гардида, ба захираи кадрии Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ворид мешаванд. Аз ин миён бисёре аз онҳо бо фаро гирифтани касбу ҳунар ва омадан ба марказҳои илму ҳунари вилоят имкониятҳои нави кору фаъолият ва илмомӯзӣ пайдо мекунанд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2017    №: 75    Мутолиа карданд: 123

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон

Муборизаи муштараки роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ бо киберҳамлаҳо

Роҳандозии истифодаи бехатари интернет дар макотиби Русия

Чоряк миллиард сокини Замин маводи мухаддир истеъмол мекунад

Гӯшаи кишоварз


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед