logo

иқтисод

2016. БАРОИ РУШД ВА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Дар қатори Ҷашни 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Форуми  байналмилалии соҳибкории Душанбе – 2016 – ро таҳти унвони «Рушди истеҳсолоти миллӣ – имконияти нави сармоягузорӣ ба Тоҷикистон» метавон аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳиму таърихии кишвар, дар соли 2016 унвон кард.
Воқеан, ривоҷу равнақи соҳибкорӣ кафили инкишофи боэътимоди иқтисодиёт ва паст гардидани шиддати таъсири буҳрон буда, барои афзун шудани буҷети давлатӣ мусоидат мекунад. Рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ, яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ буда, то имрӯз доир ба тақвияти шарикии давлат бо бахши хусусӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва танзими фаъолияти иҷозатдиҳӣ корҳои зиёди назаррас ба анҷом расонда шуданд. Ин аст, ки тавассути татбиқи ислоҳот фазои  мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардид, шарикии давлат бо бахши хусусӣ  густариш пайдо кард ва Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои  байналмилалии молиявӣ боз ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид. Чуноне мушоҳида мешавад, Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини рушди минбаъдаи мамлакат ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим ҷараёни ислоҳотро дар самти беҳтар гардидани  фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ вусъат бахшида  истодааст.
Соҳибкорону сармоягузорон дар татбиқи афзалиятҳои муайянкардаи Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан, доир ба рушди иқтисодиёт, воридоти технологияҳои замонавӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, инчунин, анҷом додани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва хайру эҳсонкорӣ фаъолона иштирок  карда истодаанд. Вале, чуноне ба назар мерасад, дар самти фароҳам овардани фазои  мусоид барои сармоягузории мустақим ва дастгирии соҳибкорӣ ҳоло  ҳам баъзе монеаҳои сунъии маъмурӣ вуҷуд доранд.
Дар ин робита, Пешвои миллат дар Паёмашон таъкид карданд: «Вазъи имрӯзаи фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ бо дарназардошти таъсири омилҳои берунӣ талаб менамояд, ки  ба соҳибкорон имтиёзҳои бештар пешниҳод карда шавад».
Нуктаи муҳиме, ки дар Паём садо доду онро тамоми сокинони мамлакат ҷонибдорӣ карда, хуш пазируфтанд, аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод ва эълон шудани соли 2017 Соли ҷавонон мебошад.  Дар ҳақиқат, ҷавонони кишвар давомдиҳандаи кори насли калонсол, неруи созанда, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллату давлат буда, саҳми онҳо дар рушди ҷомеа ва иштироки  фаъолонаашон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат хеле назаррас мебошад.
Хуршед ДАВЛАТОВ, декани
факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандии ДМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2017    №: 76    Мутолиа карданд: 188

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед