logo

ҳуқуқ

ҲАШИШ. ИН ДАФЪА АЗ ДОХИЛИ КАЛӮШ ДАРЁФТ ВА МУСОДИРА ШУД

Кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми гузарондани чорабинии вижаи оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Душанбе сокини 48 - солаи ноҳияи Тоҷикободро дастгир карданд.

Шаҳрванд М. М. ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ба соҳибияти каси дигар додани онҳо мутаҳам дониста мешавад. Дар вақти азназаргузаронии манзили истиқоматии муваққатии ӯ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Ғуломов аз дохили плитаи барқӣ як ҷуфт калӯш, ки дар дохилаш ду адад бастаи селофанӣ мавҷуд буд, дарёфт ва мусодира шуд.
Мувофиқи маълумоти ташхисӣ - судии Раёсати ташхисӣ - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бастаҳои селофании аз манзили зисти муваққатии шаҳрванд М. М. ёфтшуда, маводи нашъаовари навъи «ҳашиш» ҷойгир карда шудааст, ки вазни умумиаш 906 граммро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи гумонбар, ӯ маводи мухаддирро бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан дар манзили истиқоматиаш нигоҳ доштааст.
Аз маркази матбуоти  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки нисбат ба шаҳрванд М. М. барои содир намудани кирдорҳои барқасдона бо аломатҳои моддаи 200 қисми 3, банди «г» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2017    №: 76    Мутолиа карданд: 413

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед