logo

порлумон

ДУШАҲРВАНДӢ. БАРОИ ПИНҲОНКОРӢ ҶАРИМА ТАЪЙИН МЕШАВАД

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»  барои баланд бардоштани сифати қонунгузорӣ,  риояи маданияти ҳуқуқэҷодкунӣ, фарҳанги техникаи ҳуқуқӣ, инчунин, пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар бораи дар ҳаёти ҳуқуқӣ амалӣ намудани падидаи таҳлили таъмини танзимкунӣ ба лоиҳаҳое,  ки хусусияти ояндабинӣ дар соҳаи соҳибкорӣ доранд, таҳия ва пешниҳод гардидааст. 
Ин матлабро Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба  қонунгузорӣ  ва ҳуқуқи инсон,  зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон иброз дошт.
Холиқзода Абдуманнон, муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз намуд, ки лоиҳаи қонун ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз суханронӣ дар иҷлосияи якуми даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 17 марти соли 2015, бармеояд, инчунин, бартараф намудани ихтилофоти қонунгузорӣ ва мукаммал намудани раванди шаклгирии низоми ҳуқуқӣ, такмили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии субъектони ҳуқуқэҷодкунанда, рафъи ихтилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва беҳтар кардани сифати онҳо таҳия шудааст.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Сафарзода Бахтовар, вакил аз ҳавзаи интихоботии Вахш, зимни муаррифии лоиҳа изҳор дошт, ки  он бо мақсади пешбинӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои пинҳон намудани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ё таъйин шудан ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ва мансабҳои давлатие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо маҳдудияти доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намудааст, таҳия ва пешниҳод шудааст. Вобаста ба ин, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 5011  илова гардид, ки барои аз ҷониби шаҳрванд пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ва ё таъйин шудан ба вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият оид ба доштани шаҳрвандии давлати дигарро пешбинӣ менамояд, ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2017    №: 76    Мутолиа карданд: 2621
15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед