logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Агарчи аз даргузашти омӯзгори варзида, сарвари муассисаи таълимӣ, инсони шарифу фозил Партов Бӯйдоқов сӣ сол гузашта бошад ҳам, ҳанӯз дар ёду хотираҳо зинда аст.
Ҳанӯзам ҳаст дидори ту дар чашм,
Ҳанӯзам ҳаст гуфтори ту дар гӯш.
Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, номи ӯро дорад. Ӯ 26 сол сарвари ин муассисаи таълимӣ буд. Онҳое, ки дар ин муддат таълим гирифтанду ҳунар омӯхтанд ва дар коллеҷ фаъолият доштанд, бо ифтихор худро шогирди ин шахсияти маъруфи соҳаи фарҳанг меҳисобанд.
Мегӯянд: - Мо дар мактаби ин муаллими асил илм омӯхтему тарбия гирифтем.
Мегӯянд: - Мо дар даврони сарварии ӯ ин муассисаро Академияи фарҳанг меномидем.
Мегӯянд: - Ятимонро дӯст медошт ва ба онҳо дасти ёрӣ дароз мекард.
Мегӯянд: - Ба баъзе аз хатмкунандагони ин муассиса, ки дар хориҷи кишвар таҳсилро идома медоданд, аз ҳисоби маоши худ пул мефиристод.
Собиқ сарвари ин таълимгоҳ Абдулваҳҳоб Оқилзода ӯро падари маънавии худ мешуморад. Ҳамеша изҳор медорад, ки "Ҳеҷ гоҳ чунин намегӯяму намепиндорам, ки ин марди асили соҳаи фарҳанг дар миёни мо нест".
Партов Бӯйдоқов хатмкунандаи ҳамин коллеҷ буд. Пештар аз он, яъне моҳи майи соли 1943 ба ҳимояи Ватан рафта ва бар зидди фашизми гитлерӣ ҷангидааст. Се маротиба дар ин ҷанг ҷароҳат бардошта, аммо ихтиёран пас аз табобат дар майдони корзор буданро авлотар медонад. Соли 1945, моҳи июн ба Ватан баргаштааст.
Таҳсилро дар Институти давлатии маданияти шаҳри Москва идома додааст.
Зиндагиву фаъолияти пурсамари ин омӯзгори асил, мураббии мушфиқ ва сарвари хирадманд барои омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ худ сабақ аст, сабақи маърифату одамият.
Ҳамасола дар ин боргоҳи таълимӣ ба хотири поси заҳмат ва хотираи некаш ҳамоиш доир мекунанд. Идрис Оқилзода, сарвари нави таълимгоҳ, зимни суҳбат бо инҷониб изҳор дошт, ки ин анъанаи нек, яъне гиромидошти ин шахсияти асили фарҳангӣ ҳамчунон минбаъд низ идома меёбад.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2017    №: 76    Мутолиа карданд: 257

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед