logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН. АГАР ФАРОҒАТИ ОНҲОРО ТАЪМИН НАКУНЕМ...

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун арзишмандтарин дастоварди миллӣ манфиатҳои ҷавононро ҳимоя намуда, орзуву омоли онҳоро дар ҳаёт амалӣ месозад ва барои кору зиндагии шоиста, яъне фардои ободу осудаи онҳо, шароиту заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Ҷавонон қишри фаъоли ҷомеа  буда, бештар аз дигарон ба муассисаҳои фарҳангиву фароғатӣ ташриф меоранд. Ташкили фароғат мувофиқи шавқу рағбати онҳо  яке аз вазифаҳои асосии муассисаҳои фарҳангӣ ҳисоб меёбад. Дар ин раванд ба инобат гирифтани омилҳое, аз қабили шумораи ҷавонон ва мавқеи иҷтимоии онҳо нақши муҳим дорад. Чуноне ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд ҷавонон ба маҳфилҳои мусиқӣ, рақс, бозиҳои шавқовар ва чорабиниҳои оммавӣ таваҷҷуҳи бештар доранд. Мақсади асосӣ аз ташриф ба ин намуди чорабиниҳо ташаккули маърифат ва бартараф намудани хастагӣ  мебошад.
Соҳибистиқлолии кишвар имкони густариши шабакаҳои фароғатиро фароҳам овард. Дар ҷумҳурӣ миқдори зиёди муҷтамаъҳои таърихию фарҳангӣ, сайёҳию варзишӣ, марказҳои фароғатӣ, комплексҳои фарҳангӣ – фарғатӣ ва осоишгоҳҳо сохта ба истифода дода шуданд. Дар ҳамаи онҳо  хизматрасонӣ ба ҷавонон дар мадди аввал гузошта шудааст.
Мутаассифона, на ҳамаи ҷавонон аз ин имконот самаранок истифода бурда, вақти холии худро самаранок мегузаронанд. Таҳқиқоти миёни ҷавонон гузаронидашуда нишон дод, ки ба ин омилҳое ба мисли имкониятҳои молиявӣ, мақсаднок истифода набурдани вақти холӣ, тартиб надодани реҷаи рӯз, дар сатҳи паст гузаронида шудани фаъолияти тарғиботӣ дар муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ таъсир мерасонанд.
Ҷавонон хоҳиши гузарондани вақти холии худро дар муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ доранд, вале на ҳамеша ин имкониятро доро мебошанд.
Мақсаднок истифода набурдани вақт боиси он мегардад, ки қисме аз  ҷавонон ба  оворагардӣ машғул шуда, ба  фароғат худ вақт ҷудо намекунанд. Ба ин гурӯҳ нафароне дохил мешаванд, ки онҳо реҷаи корӣ ва беруназкорӣ надоранд. Чуноне ки медонем, ҷавонони мо метавонанд дар як рӯз то чанд соат паси бозиҳои компютерӣ нишинанд. Дар натиҷа хастагии фикрию ҷисмонӣ ба амал меояд, ки ба саломатӣ ва ҳолати рӯҳиашон таъсири манфӣ мерасонад.
Фаъол набудани кори тарғиботӣ дар қисме аз муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ боиси он мегардад, ки ҷавонон аз чорабиниҳои фарҳангӣ барканор монанд. Бинобар ин, дар муассисаҳои фароғатӣ ба назар гирифтани ҳолати равонӣ, мавқеи иҷтимоӣ, вобаста ба шавқу рағбати ҷавонон дар доираи меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои фарҳангии миллиамон ташкил намудани фароғат вазифаи асосии кормандони соҳа мебошад. Инчунин, коркарди роҳу усулҳои нави ҷалби ҷавонони  душвортарбия  ва бо ин восита дар тарбияи маънавӣ ва ҷаҳонбинии онҳо  таъсири мусбат расондан аз масъалаҳои муҳим мебошанд.
 Вобаста ба шароити кунунӣ, вазъи иқтисодӣ ва  иҷтимоии ин қишри ҷомеа доимо дар раванди тағйирёбӣ қарор дорад. Ба ин равандҳои бебозгашти ҷаҳонишавӣ низ таъсир мерасонанд. Фаъол гардондани кори марказҳои таҳлилию  иттилоотӣ дар назди муассисаҳои фарҳангӣ хеле муфид мебошад. Вазифаи ин марказҳо сари вақт пешниҳод намудани иттилоот доир ба қишрҳои гуногуни ҷомеа (кӯдакон, наврасону ҷавонон, калонсолон, ашхоси имконияташон маҳдуд), дар ҳудуди муайян гузарондани таҳқиқоти сотсиологӣ, ташкил намудани таблиғот (реклама) оид ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ иборат мебошад. Чунин марказҳо имкон медиҳанд, ки муассисаҳои фарҳангӣ дар сатҳи баланд фароғати ҷавононро таъмин намоянд ва шаклҳои нави онро вобаста ба талаботи замон ба вуҷуд оранд.
Хуршеда МУЪМИНОВА,
ходими илмии Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2017    №: 76    Мутолиа карданд: 170

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед