logo

иқтисод

АВТОБУСҲОИ НАВ 15 АПРЕЛ ДАР КӮЧАҲОИ ПОЙТАХТ ФАЪОЛ МЕШАВАНД

Ба шаҳри Душанбе 40 автобуси нави мусофирбари  тамғаи «Isuzu» (истеҳсоли Ҷопон) ворид шуд. Ин иқдом дар доираи ҷараёни гузариш ба марҳилаи нави рушди шаҳрдорӣ бо таъғйири баъзе аз соҳаҳои ҳаётан муҳим, махсусан соҳаи нақлиёт, сурат гирифт.
Ба иттилои муовини раиси шаҳри Душанбе Қурбон Саидзода автобусҳои нав барои муътадил сохтани ҳаракати нақлиёт дар пойтахт ва таъмини аҳолӣ бо хизматрасонии босифат пешбинӣ шуда, 15 апрел, дар Рӯзи пойтахт, дар хиёбони марказии пойтахт ба равуо оғоз менамоянд. Ба ифтихори Рӯзи пойтахт автобусҳо тамоми рӯз ба сокинон ва меҳмонони Душанбешаҳр ройгон хизмат мерасонанд. Автобусҳо  аз давлати Туркия оварда шудаанд.  Ҳар автобус дорои 26 ҷойи нишаст буда, то 70 мусофирро кашонда метавонад.
Автобусҳои нав дорои шароити хуби хизматрасонӣ, аз ҷумла камераҳои мушоҳидавӣ, таблоҳои электронӣ, таҷҳизоти нигоҳ доштани ҳарорати муътадил буда, барои ворид шудани шахсони имконияташон маҳдуд низ мувофиқанд. 
Киропулӣ дар автобусҳо то се моҳ тариқи тарофаҳои кунунӣ боқӣ мемонад. Сипас, ҷорӣ намудани системаи электронии пардохти киропулӣ дар назар аст.
– Тобистони соли ҷорӣ  боз 24 автобуси дигар ба Душанбе оварда мешавад, - гуфт Қурбон Саидзода.
Иқдоми мазкур - роҳандозии ҳаракати нақлиёти гунҷоишашон зиёд барои ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт ва ҷилавгирӣ аз танбашавӣ дар шаҳри Душанбе мусоидат мекунад.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар КВД «Автобус – 1» бо ҷараёни қабули автобусҳои нав шинос шуда, бо ронандагон суҳбат кард ва ба онҳо ҷиҳати баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ ва истифодаи оқилонаи воситаҳои нақлиётӣ дастурҳои мушаххас дод.
О. ВАФОБЕКЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2017    №: 76    Мутолиа карданд: 176

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед