logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ТЕЛЕВИЗОР БУДАН МЕХОҲАМ
Муаллима ба хонандагони синфи сеюм пешниҳод кард, ки дар бораи чӣ орзу доштанашон иншо нависанд.
Бегоҳӣ хона омада, ба утоқи корӣ гузашта, тафтиши иншои шогирдонро сар кард. Ӯ як иншоро гаштаву баргашта мехонду ваҷоҳаташ тағйир меёфт. Ин лаҳза ба утоқ шавҳараш даромад.
– Чӣ шуд, азизам, чаро музтарибӣ?
– Ана инро хонед, мефаҳмед, – гуфта ба шавҳараш дафтарро дароз кард.
"Ман ҳамагӣ як орзу дорам. Бисёр мехоҳам, ки муддати кӯтоҳе ҳам бошад, телевизор шавам. То ки ҳар бегоҳ падару модарам ҳамроҳ нишинанду гапамро набурида гӯш диҳанд. То ки падарам аз кор омада, аз ман навигариҳоро пурсон шавад. То ки модарам вақти маҳзун буданаш назди ман ояд. Мехоҳам, аз ман чун аз телевизори навамон, ки акнун дар хонаамон як тарафи деворро пур кардааст, шод гарданд. Ман метавонам яксӯтар истам, то ки аквариум ҳам ҷой шавад. Ман беҳад мехоҳам, ки ҳеҷ набошад, камакак мисли ягон телевизор зиндагӣ кунам. Чунки дар хона падару модарам банди телевизор маро аз хотир баровардаанд...”
– Кӯдаки бечора… Аҷаб сангдил будаанд падару модараш, – ғазаболуд гуфт шавҳари муаллима.
Зан бо чашмони пурашк ба ӯ нигарист:
– Мардак, ин иншои писари худамон...
Таҳияи Х. ҶОВИД


ЗИНДАГӢ ДАР «АГАР»
Марди ғарибе дар шаҳре ворид шуд. Гирди шаҳр ҳамегашт, то дар он ҷо маскан бигирад. Ба дӯсте бархӯрду аз ӯ ёрӣ хост. Дӯсташ ӯро ба хонаи вайронае бурд, ки ҳуҷраҳо сақф надоштанд ва дару тирезаҳои он аз миён рафта буданд. Чунин хонаи харобу вайронаро нишон медоду мегуфт, ки агар сақф медошт, метавонистӣ дар он бимонӣ. Агар як ҳуҷраи дигар медошт, метавонистӣ ҳамсаратро низ ҷо бидиҳӣ. Агар дару тиреза медошт, метавонистӣ осуда бихобӣ...
Марди ғариб гуфт: - Дар канори дӯстон будану сарпаноҳ доштан хуб аст. Лекин, эй дӯсти гиромӣ, дар «агар» наметавон зиндагӣ кард.
Таҳияи Б. БАҲОДУР


КУРУШИ КАБИР ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН
Олимон собит намуданд, ки яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва пайдоиши конститутсияҳо  Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир аст. Эъломияи мазкур соли 539 - и пеш аз мелод аз ҷониби шоҳ Куруш – асосгузори давлати Ҳахоманишиён қабул гардида буд. Он бо номи «Силиндри Куруш» маълуму машҳур аст. Матни он дар шакли гилнавишти силиндрмонанд тартиб ёфта, то ба замони мо расидааст.
Донишмандон онро чунин тарҷума намудаанд: «Ман эълон мекунам, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину оинеро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад сукунат намояд. Ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад интихоб намояд, танҳо ба шарте, ки ҳаққи касеро поймол нанамояд ва зараре ба ҳуқуқи дигарон нарасонад».
Ин меъёрҳо дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10 декабри соли 1948 қабул шудааст, чун мундариҷа истифода шуда, барои тамоми кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид сарчашмаи арзишҳои инсонӣ ва раҳнамои ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд.
Таҳияи Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ


ГИМНИ БОЗИҲОИ ОСИЁ ОНРО ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН ЭҶОД КАРД
Дар озмуни эҷоди гимни Бозиҳои V Осиё, ки моҳи сентябри соли равон дар Ашқобод баргузор мегардад, суруди президенти кишвар Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов «Ба пеш, танҳо ба пеш, диёри маҳбубам Туркманистон!» ғолиб дониста шуд.
Озмуни мазкур, ки бо ибтикори сарвари давлат миёни аҳли эҷод моҳи март эълон шуда буд, чанде пеш бо ҳамин натиҷа ҷамъбаст гашт.
Мавриди тазаккур аст,  ки суруди номбурдаро моҳи ноябри соли 2015  якбора 4000 нафар бо яккахонии президент иҷро карданд. Бо ин амал он дар «Китоби рекордҳои Гиннес»  сабт шудааст.
Таҳияи Ҷ. ХУРШЕД


КОРГАРДОНИ 7 - СОЛА
Дар шаҳри Катманду (пойтахти Непал) нахустнамоиши филми ҳунарии «Туро дӯст медорам, падар!» доир гардид. Агар коргардони филм кӯдаки 7 - сола Саугат Биста намебуд, шояд ин як рӯйдоди муқаррарӣ мешуд. Вале, Саугат ҷавонтарин коргардон дар таърихи синамои ҷаҳон гардид. Аз ин рӯ, ӯ ба «Китоби рекордҳои Гиннес» шомил гашт. Саугат рекорди писарбачаи ҳинду Кишан Шрикантҳаро, ки дар синни 9 - солагӣ филми «Footrpath» - ро офарида буд, шикаст.
Ин филм аз саргузашти риққатовари марде қисса мекунад, ки барои хушбахтии духтари аз модар маҳрумгаштаи худ аз ҳама роҳу воситаҳо истифода мебарад. Ин идеяи аҷиб дар майнаи писарбача замоне тавлид шуд, ки ӯ ҳамагӣ 6 сол дошт. Филм миёни мардум чунон ҳангома барпо намуд, ки намоиши онро ҳар рӯз дар якчанд кинотеатри маҳаллӣ ба роҳ монданд. Дар натиҷа, филм ва номи коргардони он дар сархати тамоми васоити ахбори оммаи Непал қарор гирифт.
Муваффақияти Саугат ба падараш низ марбут аст. Ӯ писари ҳунарманди машҳури Непал Гаҷит Биста мебошад. Ногуфта намонад, ки Саугат дар саҳнаи синамо чеҳраи нав нест. Ӯ ҳанӯз дар 5  - солагӣ дар ду филми ҳунарӣ нақш офарида буд. Аммо, тибқи гуфтаи худи Саугат коргардонӣ нисбат ба ҳунари актёрӣ шавқовартар аст. Аз ин рӯ, ӯ ба қарори қатъӣ омадааст, ки ҳаёти худро ба фаъолияти коргардонӣ мебахшад.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


ХУШ ОМАДЕД ОЛИҲАИ ЗЕБОӢ  БА ҲАВОПАЙМОИ МО
Пас аз фуруд омадани ҳавопаймои «Turkish Airlines» ба фурудгоҳи пойтахти Буркина - Фасо шаҳри  Уагадугу мусофир ва тифли навзоди ӯро ба бемористон оварданд.
Шаҳрванди фаронсавии африқотабор Диаби Нафи дар дохили ҳавопаймо, ки бо хатсайри Конакри – Уагадугу – Истамбул парвозро анҷом медод, духтаракеро таваллуд намуд.
Ҳангоми парвоз дар иртифои 13 ҳазор метр ногаҳон занро дарди зоиш гирифт. Аз ин ҳолат экипаж даступо нахӯрд.
 Стюардессаҳои «Turkish Airlines», ки қаблан дар ҳолатҳои фавқулода ба дунё овардани кӯдакро омӯхта буданд, дар зоёндани зан ёрӣ расонданд ва кӯдак солим чашм ба дунёи ҳастӣ кушод.
Ширкати мазкур навзодро бо хушнудӣ истиқбол гирифт ва ба ӯ чунин гуфт:  «Хуш омадед олиҳаи зебоӣ ба ҳавопаймои мо».
Таҳияи Барноз ГАДОАЛИЗОДА


КӮЛИ ГУЛОБӢ
Дар ҷанубу ғарбии Австралия  кӯли Хиллер мавҷуд аст, ки ранги аҷоиби гулобиро дорад. Дарозии кӯл 600 метр буда, дар соҳилҳои он дарахтони чойи  мелалеука ва эвкалиптҳо месабзанд.
Аввалин аврупоие, ки аз ин кӯли ҳайратовар дидан кардааст, сайёҳ Мэтю Флиндерс мебошад. Ӯ соли 1802 ба соҳилҳои Австралия шино карда буд.
Тибқи маълумот Флиндерс ҳангоми ба болои кӯҳи баланд баромадан, ин кӯли гулобирангро дидааст. Ҳамарӯза мусофирони ҳавопаймоҳо, ки аз болои ин маҳал мегузаранд, аз тирезаи доирашакли он ба оби гулобиранги кӯли Хиллер бо шавқу ҳавас нигоҳ мекунанд. Кӯл аз баландӣ ҳамон тавр ба назар мерасад, ки гӯё як пораи бузурги сақичи қулфинайӣ бошад. Ҳатто ҳангоми ба дохили зарф гирифтани оби кӯл ранги он гулобӣ боқӣ мемонад.
Ба саволи чӣ ранги оби кӯли Хиллеро гулобӣ мекунад, олимон ҳоло ҷавоб пайдо накардаанд. Танҳо як чиз маълум аст, ки микроорганизмҳо дар гулобиранг шудани оби кӯли Хиллер дахл надоранд.
Таҳияи  Сафаргул АЛИМОВА


НАМУНАИ ОЛИИ МОДЕРН
Барселона на танҳо бо тими футболаш машҳур мебошад. Онро Кохи мусиқии каталониаш (Палау – де – ла – Музика – Каталана) низ шуҳраи офоқ намудааст.
Ин қасри мусиқӣ, ки дар маркази шаҳр ҷойгир шудааст, яке аз толорҳои машҳуртарини консертии ҷаҳон ба шумор меравад.
Ин шоҳкории санъат, ки баъзан бо номи Кохи мусиқии Барселона низ ёд мешавад, аз рӯйи лоиҳаи меъмор Луис Доменек и Монтанер дар оғози асри ХХ сохта шудааст. Кох ансамбли аҷиб ва ягонаи меъмориро ташкил медиҳад. Дар он элементҳои зиёди ороишӣ, намудҳои диққатҷалбкунандаи меъморӣ ва гурӯҳҳои аз ҳам фарқсозандаи ҳайкалтарошӣ истифода шудаанд. Тиреза ва витражҳои беҳисоби мунаққаши кох онро ба таври аҷибу ғариб пеши чашм ҷилвагар месозанд.
Пештоқи бино бо композитсияи пайкараҳои Мигел Блай оро ёфтааст. Қисмати болоии пештоқ кошинкорӣ шуда, аз айвонҳои ошёнаи дувум сутунҳои азимҷуссае ба боло қад мекашанд. Онҳо як табақи биноро бо дигараш пайваст месозанд. Дар охир онҳо бо нимпайкараи оҳангсозони маъруфи ҷаҳонӣ пайваст мегарданд.
Дохили бино аз берунаш дида ғарибтар аст. Сақфи он бо витражи гумбазшакле оро ёфтааст, ки ҷилои рангҳояш толор ва саҳнаи қасрро ба таври афсонавӣ рӯшан месозад. Бо фаро расидани торикӣ зери шуои рангҳои он гӯё пайкараҳои дар толор насбшуда ҷон дароварда, ба ҳаракат меоянд.
Кохи мусиқии каталонӣ намунаи олитарини модерн дар ҷаҳон шинохта шуда, соли 1997 ҳамчун шоҳкории меъморӣ ба рӯихати ёдгориҳои фарҳангии ЮНЕСКО ворид гашт.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


МАКТУБИ СТАЛИН
Нависанда, публитсист ва журналисти рус Иля Эренбург ба ёд меоварад, ки боре дар пленуми Иттифоқи нависандагон романи наваш бо номи «Тӯфон» муҳокима мешуд. Аъзои президиум соатҳои тӯлонӣ ба як хулосаи аниқ омада натавонистанд.
- Роман суст аст, хислати қаҳрамонҳо инъикоси дуруст наёфтааст, образҳо чандон барҷаста набаромадаанд, забони навишт ҳам мелангад, - иброз медоштанд мунаққидон ва аҳли толор гӯш мекард.
Ниҳоят баъди се соат навбати ман расиду ба минбар баромадам:
 - Дар ин ҷо котибони иттифоқ асари маро зери танқиди шадид қарор доданд. Ман ба хулосаи онҳо розиям. Вале мехоҳам гӯям, ки дар бораи «Тӯфон» андешаи нафари дигаре низ ҳаст. Аниқтараш мактуби як хонанда, ки ҳозир бароятон қироат мекунам: «Муҳтарам Эренбург, Шумо китоби бисёр муҳим ва заруриро навистаед. Бо эҳтиром, Сталин».
Аз хомӯшии толор чӣ гуна аз минбар поён шуданамро касе ҳис накард.
Рӯзи дигар худи ҳамон мунаққидон китоби маро ба Ҷоизаи ба номи Сталин пешниҳод карданд, ки баъди чанде ба он сарфароз гаштам.
Таҳияи Лола РИЗОЕВА


МУАММОҲОИ ҚАЪРИ ЗАМИН
11 июли соли 1891 рӯзномаи маҳаллии амрикоии «Моррисонвил тайме» бо ин мазмун хабаре чоп намуд: 
«Субҳи сешанбе миссис С. У. Калп дар бораи бозёфти аҷоибаш нақл кард. Вақте ки барои печ ангишт мешикастааст, аз байни похсаи ангишт занҷири тиллоии дарозиаш 25 сантиметр ба шакли ҳалқапеч баромадааст. Вазни занҷир 192 грамм буда, аз тиллои 8 карата сохта шудааст».
Бозёфт, албатта, хуб аст, аммо аз дохили ангиштсанг баромадани занҷири тиллоӣ худ ҳангомаи ҳайратоварест. Чаро? Барои он ки ангиштсанг дар Замин 300 миллион сол пеш шакл гирифтааст. Яъне он вақт, ба гуфти илм, на танҳо одами бошуур, балки маймунҳои одамшаклу гоминидҳо ҳам набудаанд. Пас, кӣ ин занҷирро сохтааст? Ва на танҳо онро. Дар китоби «Археологияи манъшуда», муаллифони он Мишел Кремо ва Ричард Томсон далелҳое меоранд, ки маҷбур месозанд ба таърихи пайдоиши инсон бо чашми дигар бингарем ва ба андеша биравем.
Дар соли 1928 коргарони шахтаи  Хиверенеи иёлати Оклахома, дар чуқурии қариб 100 метр ҳангоми ҷудо кардани ангиштҳои таркондашуда аз байни онҳо якчанд блокҳои бетонии сайқалдода ёфтанд ба дарозии 30 сантиметр. Синни қабати ангишт зиёда аз 280 миллион солро ташкил медод. Чунин деворҳои бетониро соли 1868 шахтёрони Хаммондвилли иёлати Огайо низ ёфта будаанд, ки боз матн ҳам доштаанд. Дар кони санги Нингуди Шотландия соли 1844 мехи оҳании 23 сантиметра дарёфт шуд, ки синнаш ба 400 миллион сол мерасад. Соли 1852 аз кони санги кӯҳи Митинг – Хауси Дорчестери Амрико аз қалби сангпорае кӯзачаи нуқрагин дарёфт гардид, ки баландиаш 12 сантиметр ва ғафсии девораҳояш 3 миллиметр меомад. Дар рӯяш 6 нақш – сурати гул дошт.
Дар асрҳои 19 ва 20 ҳангоми кор дар шахтаҳо аз дили ангиштсангҳо бисёр чизҳое меёфтанд ва ин бозёфтҳо одамонро ба ҳайрат меоварданд. Масалан, Франк Кенвуд аз шаҳраки Салфур – Спринти Арканзас, чунин нақл кардааст: «Соли 1912 дар Томас будам. Зимистон буд, ангиштсанги калонеро шикастам, аз дохилаш зарфи обнӯшии оҳанӣ баромад. Пайаш дар ангишт сахт нақш баста буд. Ангишт аз шахтаи Уилбуртон буд ва синни онро 312 миллион сол гуфтаанд». Кӣ ин зарфҳоро сохта бошад?
Пайҳо… Садҳо миллион сол пеш одамони номаълум зиста аз худ ёдгоре боқӣ мондаанд. Соли 1983 дар доманаи қуллаи кӯҳии Кугитанги Туркманистон олими бостоншинос К. Амонниёзов пайи пойи ҳаҷми 43 – ро ёфт. Муайян намуданд, ки синни ин пай аз 150 миллион сол убур мекардааст. Ва чунин пайҳоро дар Техас, Танзания ва дигар маҳалҳо низ дарёфтаанд. Аҷоибаш боз дар он аст, ки ҳамон вақт одамон пойафзол низ доштаанд. Нақши тагчармҳои санггаштаро геолог Ҷон Рейд пайдо кард. Олимони Ню – Йорк таҳқиқ намуда, зикр сохтанд, ки он дастӣ дӯхта шудааст ва синнаш 213 – 248 миллион сол аст.
Нақши боз як пойафзолро дар варақсангҳои иёлати Юта гирдоварандаи ашёи қадим Уилям Мейстер ёфт. Вай варақсангеро шикаст ва чашмаш ба нақши сангшудаи пай афтод. Вале олимон онро эррозияи санг номиданд. 
2 апрели соли 1897 рӯзномаи «Де или нюс» - и шаҳри Омахо, иёлоти Небраска, хабаре чоп кард бо унвони «Санги нақшдор дар шахта». Дар он гуфта мешуд: «Дар шахтаи Лехигхски Айова дар чуқурии 40 метр ба пораи харсанге рӯ ба рӯ омаданд, ки ҳамаро ба ҳайрат овард. Зеро 6 сурати марди қоматбаланде дар ҳолатҳои гуногун ҳаккокӣ шуда буд». Чӣ хел санг ба  чуқурии 40 метр афтодааст ва дар байни ангиштсангҳои 280 – 345 миллионсола ҷой гирифтааст, ба касе маълум нест. Ҳатто олимон аз шарҳи он оҷиз мондаанд.
Одамони пурасрор аз худ на танҳо нақшу суратҳо боқӣ мондаанд. Солҳои  1860 – 1880 Ҷузеппе Рагазони – профессори Донишкадаи техникии шаҳри Брешиаи Италия, геологи маъруф,  аз байни лойҳои сангшудаи баҳрии Кастендолло якчанд скелети одамонро ёфт. Профессори донишгоҳи  Рим Ҷузеппе Серҷи онҳоро аз санҷиш гузаронд ва гуфт, ки скелетҳо ба марди калонсол, ба зани баркамол ва ду кӯдаки ба замони муосир монанд  мутааллиқанд, вале онҳо 3 – 4 миллион сол пеш зистаанд. Чунин бозёфтҳо имрӯзҳо низ пайдо мешаванд. Вале аз шарҳи онҳо илм ҳоло намебарояд.
…Зиёда аз 100 сол аст, ки назарияи Дарвин дар хусуси ба одам табдил ёфтани маймун раванди илми табиатшиносиро идора менамояд. Аммо далелҳое ёфт шуда истодаанд, ки ин назарияро ботил сохтанианд…
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


МАУГЛИ
Дар штати Уттар Прадеши шимоли Ҳиндустон кормандони полис духтари тақрибан 8 - соларо, ки дар ҷангал бо маймунҳо зиндагӣ мекард, ёфта ба беморхона оварданд. Рафтори духтарча ғайриодӣ, ба одамон монанд нест. Бо ду пой не, балки бо дастон ҳам роҳ меравад, гап намезанад, монанди маймуни тарсу овоз мебарорад. 
Дар вақти наҷоти кӯдак галаи маймунҳо ба намояндаи полис ҳамла оварданд. Айни замон, ҳолати духтар пас аз табобат ва ғизои солим каме беҳтар аст, вале раванди барқарорсозии бадан тӯл мекашад. Табибон кӯшиш бар он доранд, ки бемор ҳарчи зудтар сиҳат шавад, тарзи дурусти хӯрдани хӯрок ва роҳ гаштанро аз худ кунад. Бо вуҷуди ин, духтарак ҳанӯз бо даст ғизо хӯрданро наомӯхтааст.
Барои муайян кардани вақти дар ҷангал будаи ӯ ва пайдо кардани падару модараш аз ҷониби полис тафтишот идома дорад. Мардум ӯро ба мисли қаҳрамони асари Киплинг “Маугли” ном бурда, бо ӯ хоҳиши муошират кардан доранд. Онҳо мехоҳанд, ки духтарак тавонад ҳарчи зудтар ба зиндагии одӣ баргардад.
Таҳияи  Меҳрона ЗУВАЙДОВА


ПИЁДА. ДАР 11 СОЛ 75000 КМ
Шаҳрванди 45 - солаи Канада Жан Беливо  зиёда аз 11 соли умри хешро бе танаффус дар сайри олам гузаронд.
Ӯ дар аввал соҳиби устохонаи машҳуре буд, ки дар он тоблуҳои таблиғотии неонӣ (рекламаҳо)  омода месохтанд. Дар як муддати кӯтоҳ устохона шуҳрати ҷаҳонӣ касб намуд. Пасон, ҳангоме ки тиҷораташ касод гардид, ӯ қарор дод боқимондаи умри хешро дар сайру сайёҳат гузаронад. 
Сафарро аз  Коста – Рика оғоз намуда, дар  Чилӣ, Алҷазоир, Эрон, Ҳиндустон, Австралия идома дод. Моҳи январи соли 2007 дар шаҳраки Ракошифалваи Маҷористон гирдиҳамоии туристӣ баргузор гардид, ки Беливо дар он иштирок намуда, муваффақтарин сайёҳ эътироф шуд. Он замон, яъне тӯли 7 сол, ӯ аллакай 47 ҳазор километр роҳро тай карда буд.
Дар 11 сол бошад, Жан масофаи зиёда аз 75 ҳазор километрро тай намуда, 64 давлати ҷаҳонро сайр кардааст. Ба ҳисоби миёна ӯ ҳар рӯз 30 километр масофаро пойи пиёда тай мекард. Маълум гардид, ки сайёҳ дар ин муддат 60 ҷуфт пойафзолро дарондааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


САДО АЗ ТОБУТ
Марди куҳансоли бритониёӣ Белфаст Ҷон Эдвардс дар як озмоиши ғайриодӣ иштирок намуд. Ӯ ба дохили тобут даромад. Сипас, онро дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр гӯронданд. Белфаст аз дохили тобути зери замин буда гуфтугӯи мустақими интернетиро анҷом дод. Бо ин амали хеш ин марди куҳансол хост ба одамоне, ки мубталои наркотиканд ва аз он ранҷи рӯҳӣ мебаранд, кумак намояд.
Эдвардс дар наврасӣ худ наркоман буд. Акнун муддати 25 сол аст, ки аз истеъмоли маводи мухаддир даст кашидааст.
Марди бритониёӣ ба хотири наҷоти одамони худкуш ва азияткашида аз маводи мухаддир Маркази кумак ва наҷотро таъсис намуд, то битавонад бо амали хайраш солимии ҷомеаро ҳифз намояд. Сарвари созмони «Walking Free» мегӯяд, ки вазифаи асосии ӯ – ба зиндагии солим  ҳар чӣ бештар баргардондани беморони рӯҳӣ мебошад.
Муддати ду рӯз ин марди хайрхоҳ дар зери замин, ки тобуташ бо интернет ва васоити электронӣ муҷаҳҳаз шуда буд, бо одамон суҳбат орост ва ба мактубҳои электронӣ, паёмакҳо аз тамоми олам посух дод.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2017    №: 77    Мутолиа карданд: 293

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим

Кристин Лагард: «Дар дунё соле 2 триллион доллари ИМА пора мегиранд»

Пентагон ба Афғонистон боз сарбоз мефиристад

Дар Чин беш аз 5 ҳазор мансабдор мӯҷиби ҷазо гашт

Далай – Лама: «Русия бояд узви НАТО бо қароргоҳаш дар Маскав шавад»

СҲШ мубориза бо терроризм ва экстремизмро тақвият мебахшад

18.09.2017


Низомиддин Зоҳидӣ бо Ҳаҷимэ Китаока мулоқот намуд

Баррасии масъалаҳои зӯроварии хонаводагӣ

ИДМ муқовимат бо терроризмро пурзӯр менамояд

Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Финляндия густариш меёбанд

Бунёди мактабҳои замонавӣ дар шаҳри Роғун

Зимни озодсозии Мусул 1,2 ҳазор сокини осоишта қурбон шуд

СММ: теъдоди гурезаҳои роҳинҷа метавонад то 1 миллион расад

Дар Ҳиндустон дуюм сарбанди калонтарини ҷаҳон мавриди истифода қарор гирифт

Марин Ле Пен барои террористҳо суди вижа мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед