logo

иқтисод

4063 гектар боғу токзор дар як сол

Боғу токпарварӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ нақши хеле муҳим дорад. Иқлими Тоҷикистон барои парвариши боғҳои мевадиҳанда мусоид буда, манбаи меваҷоти болаззат, ашёи хом барои саноати кишвар ва содирот мебошад. Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардидани « Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» ба  пешрафти соҳа такони тоза бахшид.
Тибқи маълумоти раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ, имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 4063 гектар боғу токзор бунёд карда мешавад. То имрӯз  дар майдони 2042 гектар боғу токзори нав бунёд шудааст, ки беш аз ними дурнамои солонаро ташкил медиҳад. 
Бино ба гуфтаи Юсуф Қурбонов, сардори КВД «Тоҷикниҳолпарвар», барои истеҳсоли ниҳолҳои минтақабоб хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ аз боғҳои манбавӣ васеъ истифода мебаранд. Майдони боғҳои манбавӣ 300  ва токзорҳои манбавӣ 185 гектарро ташкил медиҳад. Онҳо барои тайёр намудани донаку тухмӣ, гирифтани қаламча барои пайвандгузаронии ниҳолҳои хасакӣ ва ба даст овардани ҳосили меваю ангур хизмат менамоянд. Соли 2016 хоҷагиҳои ниҳолпарвари корхона дар майдони 20 гектар боғу токзори навъҳои минтақабобшударо бунёд, инчунин, 5 гектар боғу токзори куҳнаро аз нав барқарор намуданд. Дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ 8,5 гектар боғу токзорҳои куҳна аз нав барқарор карда шуданд. 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2017    №: 78    Мутолиа карданд: 191

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон

Муборизаи муштараки роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ бо киберҳамлаҳо

Роҳандозии истифодаи бехатари интернет дар макотиби Русия

Чоряк миллиард сокини Замин маводи мухаддир истеъмол мекунад

Гӯшаи кишоварз


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед