logo

ҳуқуқ

ҚАЛЛОБӢ. ҲЕҶ УЗРЕ НАДОШТ, РАСВО ШУД

Дар зиндагӣ як зумра ашхосе вомехӯранд, ки бо дурӯғу фиребу қаллобӣ зиндагии худро ба сар мебаранд ва ғофил аз он, ки ин кирдорҳои бадашон рӯзе ошкор гардида, дар ҷомеа шармандаву расвояшон  мекунад ва он қадар пушаймон мешаванд, ки дигар суде надорад. Шоир дар ин бобат бамаврид фармудааст:
Он фиреби нуҳуфта пайдо шуд, Ҳеҷ узре надошт, расво шуд.      
Насимҷон Раҳимов баъди хатми донишгоҳ соли 2013 дар ҶСК «Ориёнбонк» ба ҳайси корманди шуъбаи қарздиҳӣ чор моҳ фаъолият дошт. Баъди муддате ба Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ рафт ва се моҳ дар он ҷо кор карда, ба Тоҷикистон баргашт. Зеро муҳлати раводид ба ин кишвар се моҳ аст. Дар давоми солҳои 2013 - 2014 се маротиба ба Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ сафар карда, тартиби рафту омадро омӯхт
Н. Раҳимов моҳи сентябри соли 2015 бо Парвиз Сабуров шинос шуда, мефаҳмад, ки ӯ мақсади ба  Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ сафар карданро дорад. Аз ин фурсати  муносиб истифода намуда, бо мақсади ба даст даровардани даромади муфт худро ҳамчун шахси уҳдабаро муаррифӣ карда, дар Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ бо ҷойи кори фоиданок таъмин намуданро ваъда дод. Барои омода намудани ҳуҷҷатҳо, гирифтани раводид ба номи Сабуров Парвиз ва дигар хароҷотҳо  1500 долларро гирифта ваъда дод, ки дар давоми 70 рӯз ҳамаи онҳоро омода менамояд. Баъди гирифтани маблағ ягон амалро иҷро накард ва 500 долларро ба онҳо баргардонда, 1000 долларро ба манфиати шахсии худ истифода намудааст.
Боз ӯ  моҳи феврали соли 2016  бо Тилло Баёдов шинос гардида, ёфтани ҷойи кории қулайро дар Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ бо пардохти музди меҳнати 100 доллари ИМА дар як шабонарӯз ваъда дода, барои омода намудани ҳуҷҷатҳо, аз қабили раводид, хариди чипта ва дигар хароҷот маблағи 3000 доллар гирифта, гуфт, ки дар давоми 70 рӯз онҳоро омода менамояд. Ӯ ҳуҷҷатҳоро омода карда натавониста, фақат 1000 долларро ба Т. Баёдов   баргардонду халос.
Ба ҳамин тариқ ӯ аз Абдухалил Ваҳидов 520 доллар, Шуҳрат Носиров 3500 доллар, Шамсулло Бегов  3950 доллар гирифтааст.
Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Сурайё Ҷобирзода Насимҷон Раҳимовро бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи  ишғоли мансабҳои  ҷавобгарии моддидошта дар ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон ва фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 4  сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр, таъйин намуд.
Ҳамчунин суди мазкур ҳукм кард, ки аз ҳисоби Насимҷон Раҳимов ба фоидаи ҷабрдидаҳо: А. Сабуров 1000 доллар мутаносибан бо асъори миллӣ 7900 сомонӣ, А. Ваҳидов 520 доллар, Ш. Носиров  3500 доллар мутаносибан бо асъори миллӣ 28 000 сомонӣ, Ш. Бегов  3950 доллар  мутаносибан бо асъори миллӣ 31000 сомонӣ рӯёнида шавад.
Мунаввари САФАР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2017    №: 78    Мутолиа карданд: 209

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон

Муборизаи муштараки роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ бо киберҳамлаҳо

Роҳандозии истифодаи бехатари интернет дар макотиби Русия

Чоряк миллиард сокини Замин маводи мухаддир истеъмол мекунад

Гӯшаи кишоварз


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед