logo

иқтисод

АРБИТРАЖ. МАҚСАД - ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ СОҲИБКОРОН

Арбитражи байналмилалии тиҷоратии назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон институти навтаъсис дар самти ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон буда, вазифаи асосии он баррасии баҳсҳои муносибатҳои шартномавӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳангоми амалисозии савдои хориҷӣ ва дигар робитаҳои байналмилалии иқтисодӣ байни субъектони онҳо ба миён меоянд, мебошад.
Зарурати таъсис, тавофути он аз судҳои иқтисодӣ, тарзи баррасии баҳс ва интихоби арбитрҳо, иҷрои ҳалнома ва дигар паҳлуҳои фаъолияти арбитражро Исрофил Бобоҷонзода, раиси Арбитражи байналмилалии тиҷоратии назди Палатаи савдо ва саноат, доктори илмҳои ҳуқуқ, чунин шарҳ дод:
- Бо ташаббус, роҳбарӣ  ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат бо мақсади тақвияти уҳдадориҳои байналмилалӣ ва мустаҳкам намудани нақши давлат дар муносибатҳои байналмилалии тиҷоратӣ, ҳамчунин бо назардошти пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» таҳия гардида, 18 марти соли 2015 қабул  шуд.
Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар баробари вазифаҳои асосии худ  инчунин метавонад дигар баҳсҳоеро баррасӣ намояд, ки хусусияти иқтисодӣ дошта, бо созиши тарафҳо супоридани ҳалли баҳс ба Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ пешбинӣ гардида, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта бошад.
Таъсиси арбитражи доимоамалкунанда дар ҷумҳурӣ  мушкилоти ҳалли баҳсҳои тиҷоратиро байни соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ осон гардонда, онҳоро аз хароҷотҳои зиёдатии молиявӣ ва фазои бегонаи ҳуқуқӣ озод мекунад. Ин омилҳо аз зарурияти саривақтии таъсиси ин институт дар кишвар шаҳодат медиҳанд.
Имрӯз рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро бе сармоягузории хориҷӣ тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Яке аз омилҳои ворид гардидани сармоягузорӣ ба бозори дохилӣ ин мавҷудияти шароит барои ҳалли баҳсҳое, ки яке аз субеъктҳои он ширкати хориҷӣ мебошад ва ҳангоми ба вуҷуд омадани баҳс, ҳалли холисона, саривақтӣ ва камхарҷро талаб мекунад.
Имрӯз дарҳои Тоҷикистон барои савдои байналмилалӣ кушода аст. Аз ин рӯ,  рушди робитаҳои тиҷоратии  байналмилалии Тоҷикистон ба арзи вуҷуд доштани  судҳои арбитражӣ ниёз дорад.
Арбитраж баррасии баҳсро бо тартиб ва муҳлатҳои муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ва Дастури арбитраж амалӣ менамояд. Он барои баррасии баҳс ҳуқуқи гирифтани хароҷоти баррасии арбитражиро дорад. Тартиби баҳисобгирӣ ва тақсими пардохтҳо, хароҷот барои таъминоти ташкилӣ ва моддии баррасии арбитражӣ ва дигар хароҷоти ҳалли баҳс дар Арбитраж бо Низомномаи қабулнамудаи Раёсати Арбитраж муайян карда мешавад.
Ба ширкатҳо ва соҳибкорони Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми бастани шартномаҳо, махсусан, бо ширкатҳои давлатҳои хориҷӣ дар шартнома, дар қисмати ҳалли баҳсҳо навиштаҷоти зеринро ба таври ҳатмӣ ҷойгир намоянд, то ки баҳсҳояшон дар қаламрави Тоҷикистон ҳал гардад: "Ҳамаи баҳсҳои бавуҷудоянда вобаста ба шартномаи мазкур ё вобаста ба эътиборнокии он, аз ҷониби Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон тибқи дастури он, дар ҳайати се нафар арбитрҳо, забони муҳокимаи арбитражӣ, дар асоси ҳуқуқи Тоҷикистон, ба таври қатъӣ ҳал мегардад".
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2017    №: 78    Мутолиа карданд: 354

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед