logo

ҳуқуқ

БОЗДОШТ. ДАР БОРАИ 27 ШАҲРВАНДЕ, КИ ДАР КОФТУКОВ ҚАРОР ДОШТАНД

Дар семоҳаи аввали соли равон аз ҷониби ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ понздаҳ амалиёт гузаронда шуд. Бо қочоқчиёни маводи мухаддир даҳ маротиба задухӯрдҳои мусаллаҳона сурат гирифта, ҳашт қочоқчии афғон безарар ва панҷ нафар дастгир гардид. Дар рафти чорабиниҳои оперативӣ ҳашт шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ғайриқонунӣ ба қочоқи маводи мухаддир даст дошт, боздошт шуд.
Дар ин бора Иззатулло Файзуллозода, муовини аввали фармондеҳ - сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти хизматӣ - ҷангии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар семоҳаи аввали соли 2017 ва  вазифаҳои хизматӣ дар нимсолаи дувуми соли равон иттилоъ дод. Иштирокдорони ҷаласа - фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал - лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардорони раёсатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ - ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадиро дар самти муҳофизати сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар ва фаъолияти нуқтаҳои назорати гузаргоҳҳои сарҳадӣ таҳлил ва натиҷагирӣ карданд.
 Аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба “Ҷумҳурият” хабар дод, ки дар семоҳаи аввал 32 далели вайронкунии сарҳади давлатӣ ва 17 далели халалдорсозии низоми сарҳадӣ сабт гашта, 199  нафар боздошт гардидааст. Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ якҷо бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомоти қудратӣ аз қочоқчиён зиёда аз  340 килограмм  маводи  нашъаовар, нуҳ адад яроқи оташфишон ва 121 адад лавозимоти ҷангӣ мусодира намудаанд. Тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ 754972 шаҳрванд, беш аз 31 ҳазор воситаи нақлиёт гузашта, 85 вайронкунандаи низом дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва 27 шаҳрванди дар кофтуков қарордошта дастгир гардид. Аз қонуншиканон дар ҳаҷми  64300 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима ситонда шуд.
Ба иттилои манбаъ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба иҷрои саривақтии нақшаи  чорабиниҳои тарҳрезишуда, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таҳкими сарҳади давлатӣ супоришҳои мушаххас дод.
Додоҷон РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2017    №: 78    Мутолиа карданд: 247
22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ

19.07.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Кристиа Фриланд

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Даромади софи бонк ба 15 миллион сомонӣ расид

Ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ тағйирот ворид мешавад

Масъулияти аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ баланд мегардад

18.07.2017


Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД

Мулоқот бо губернатори Токио

Машқҳои стратегии зиддитеррористӣ дар ВМКБ

«Мушкилкушо» ва «Комил» ба Қазон мераванд

Мурофиаҳои сайёри судӣ омили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Инвентаризатсияи заминҳо ба охир расид

ВАРЗОБ. Чорводорӣ рӯ ба беҳбудӣ

НАФАҚА. Камбудиҳо бартараф мешаванд

Варзиш

17.07.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Саид Оғо

Вохӯрӣ бо роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ

Баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ

Баррасии роҳу усулҳои мубориза бо коррупсия

Дарёфти 1010 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ

Бехатарии саноатӣ ва ҷавобгарии 182 шахси масъул

Рӯйхати сиёҳ вуҷуд надорад

15.07.2017


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва сохтмони роҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед