logo

иҷтимоиёт

ИФРОТГАРОӢ. МУБОРИЗАИ БЕАМОН БОЯД БУРД

Ҷавонон ҳамчун сарчашмаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкорию бунёдкорӣ барои пешрафти Тоҷикистони тозаистиқлол нақши муҳим доранд. Бинобар ин, барои насли имрӯз зарур аст, ки ҳисси баланди миллӣ дошта, бо Ватан, миллат ва забону фарҳанги хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.
Мутаассифона, сатҳи тафаккури ҳамаи ҷавонон яксон нест. Солҳои  охир даҳшатафканӣ, таблиғи ғояҳои тахрибӣ дар байни баъзе ҷавонон ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Имрӯзҳо созмону ниҳодҳои динӣ  ва  ҳизбу ҳаракатҳои дорои тамоюли динидошта хеле фаъол ва зиёд гардида, ба ҳаёти сиёсӣ - иҷтимоӣ ва маънавӣ бештар таъсир мерасонанд. Зеро қудратҳои ҷаҳонӣ аз ин омилҳо хеле моҳирона ба суди худ истифода мебаранд.
Ба андешаи Аслан Муминов, директори ташкилоти ҷамъиятии «Насли нави Тоҷикистон», ҳоло ҷавонон яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ва гурӯҳҳои сиёсиву динӣ ба хотири амалӣ намудани манофеи сиёсии хеш аз ин гурӯҳ суистифода менамоянд. Эътимоди ҷавонон ба равияҳои экстремистӣ эҳсоси нотавонбинӣ, ҳирси молу ҷоҳ ва дар бисёр маврид нафратро ба миён оварда, метавонад боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ таҳаммулпазирӣ гардад. Инқилобу бетартибиҳое, ки вақтҳои охир дар давлатҳои дигар ба вуқӯъ омада истодаанд, бо дасти ҷавонон амалӣ  мешаванд. Имрӯз қисми зиёди гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» - ро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки сабаби асосии воридшавии онҳо ба чунин созмонҳои ифротӣ паст будани саводи динӣ ва ҷаҳонбинии тангу торик мебошад.
Ғиёсиддин Достиев, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб, дар ин маврид андешаи дигар дорад. Ба ақидаи ӯ, шомил гардидани баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ омили иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маърифати динӣ дорад. Хатари созмонҳои ифротӣ, барои аҳли башар бисёр ҷиддӣ буда, бетарафӣ ва бепарво будан нисбат ба ин зуҳурот оқибатҳои ниҳоят бад дорад. Аз ҳамин сабаб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 - ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд, ки бисёр ба маврид аст. Имрӯз вақти он расидааст, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад, то ин ки ин қишри ҷомеа ба самти созандагӣ, бунёдкорӣ, сулҳу субот  ва рушди ҷомеа сафарбар гардида, ба сӯи харобкорӣ ва ифротгароиву тундгароӣ майл намудани онҳо пешгирӣ шавад. Яке аз мушкилоти асосии бархе аз ҷавонон сатҳи пасти дониш ва бемаърифатӣ буда, боқӣ дигар мушкилиҳо ба он сахт вобастагӣ доранд.  Роҳи  ҳалли он аз чӣ гуна идома ёфтани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилотӣ вобаста аст. Вале баробари ин, ҳоло ҷавононе, ки соҳиби донишу саводи баланд ҳастанду баҳри соҳиби касбу ҳунар шудан кӯшиш ба харҷ медиҳанд, кам нестанд. Аз ин рӯ, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва масъулонро зарур аст, ки нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намоянд. Ҳамзамон, мо - ҷавононро зарур аст, ки бо донишу малакаи хубу баланд, касбу ҳунар сазовори чунин қадрдониҳо  шуда,  саҳми худро дар ободии диёрамон гузорем.
Фаромӯш набояд кард, ки мубориза бо нафароне, ки барои даъват ба гурӯҳҳои ифротӣ машғуланд, на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва идораҳои давлатӣ аст, балки дар ин корзор тамоми аҳли ҷомеа, бояд бетараф набошанд. Танҳо дар ҳамин маврид мо метавонем пеши роҳи майл намудани ҷавонон ба гурӯҳу созмонҳои тахрибкор ва амалҳои номатлубро гирифта дар онҳо тафаккури созандаро ташаккул диҳем.
Шаҳбоз АБРОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2017    №: 78    Мутолиа карданд: 226

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед