logo

иҷтимоиёт

БОЗОР. ДАР ТОЗАГИИ ПОЙТАХТ БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Дар ин рӯзҳои баҳорӣ бо талоши роҳбарияти шаҳр хурраму гулгун гаштани хиёбонҳо ва маҳаллаҳои зист ба ҳусни пойтахт зебоӣ зам менамояд.    

Дар баробари вусъат ёфтани ободонии пойтахт беҳбудӣ бахшидани фаъолияти  бозору фурӯшгоҳҳо яке аз масъалаҳои ҳалталаби шаҳрдорист.
Мастон Шарифов, муовини директори бозори «Деҳқон» дар ин маврид чунин изҳор дошт:
- Дар доираи иҷрои  дастуру супоришҳо ҳамаи савдогарони бозор бо либоси ягона ва нишони сарисинагӣ таъмин гардиданд. Маҳсулоти фурӯхташаванда ҳар рӯз аз назорати санитарӣ ва байторӣ мегузарад. Дар мавриди тозагии растаҳои савдо бо хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Сино шартномаи дахлдор ба имзо расидааст, ки тибқи он партовҳои ҷамъшуда ҳар бегоҳ  аз бозор бароварда мешаванд. Савдои кӯчагӣ низ дар атрофи бозор бартараф ва ба ин васила вазъи санитарию эпидиемиологии он беҳтар гардидааст.
Воқеан, мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ҳарчанд дар  бозори «Деҳқон» фаъолияти бенизоми савдогарон берун аз ҳудуди он бартараф шуда,  вазъи тартибот аз ҷониби нозирон беҳбудӣ ёфтааст, растаҳои фурӯши гӯшт, маҳсулоти ширӣ ва хӯришҳо  дар ин ҷо ҳанӯз ҳам ҳолати ногувор доранд. Савдогарони маҳсулоти номбурда  дар атрофи даромадгоҳи бозор ҷой гирифтаанд, ки он  ҷо ҳазорҳо одам - яке бо аробаю дигаре дар даст халтаи бор мегузарад ва дар чунин гузаргоҳи тангу бетартиб  чангу ифлосии зиёд ба вуҷуд омада, ба сифати маҳсулоти истеъмолӣ таъсир мерасонад. Дар бозори «Саховат» низ чунин ҳолат  ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми ворид шудан ба қисмати маҳсулоти хӯроквории бозор  аз торикӣ  ва ифлосии роҳравҳои он  табъи ҳар бинанда хира мегардад. Бӯйи бади ин макон  худ аз бенизомии фаъолияти фурӯшандаҳо ва чиркинии ҷойҳои савдо шаҳодат медиҳад.
Душанбе шаҳри зебост, вале вазъи ногувори тозагии бархе бозорҳо ва фиребгарию ҳаннотӣ дар онҳо мисли доғест афтода ба рӯи зебоӣ.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2017    №: 78    Мутолиа карданд: 387

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед