logo

Хабарҳо

Боғдорӣ дар кӯҳистон

Яке аз соҳаҳои даромадноки аҳолӣ дар манотиқи кӯҳистон, хусусан ноҳияи Нуробод боғдорӣ буда,  он  ҳамчун манбаи даромади аҳолӣ боиси баланд гардидани  сатҳи некуаҳволии сокинон гардидааст. Имрӯзҳо маъракаи ниҳолшинонӣ идома дошта, кишоварзон нақша доранд, ки 18 гектар боғи нав бунёд намуда, 7 гектар боғи куҳнаро аз нав барқарор созанд.

Ҳамкории олимони Академияи илмҳои  кишоварзии ҷумҳурӣ бо деҳқонони ноҳия дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Имрӯзҳо олимони соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Нуробод ба деҳқонон ва сокинон баҳри бунёди боғот ва тарзи нигоҳубини онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Бобишо Холов, директори Институти хокшиносии Академияи кишоварзии Тоҷикистон иброз намуд, ки «сабаби асосии камшавӣ ва бесифатшавии  меваҳо  касалиҳо ва инкишофи ҳашароти зараррасон дар тана ва шоху барги дарахтон мебошад, ки аксари деҳқонон аз тарз ва усулҳои солим нигоҳдории боғот огаҳӣ надоранд. Таи солҳои охир намудҳои гуногуни заҳрхимикатҳо,  надонистани  вақт ва тарзи дурусти истифодаи онҳо низ деҳқононро хело нигарон намуда буд, ки дар натиҷаи вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ин мушкил бартараф мегардад».
Тибқи дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарашон ба навоҳии Рашт имсол бунёди  40 гектар боғҳои интенсивӣ дар Нуробод оғоз мегардад. Иқлими ноҳия имкон медиҳад, ки майдони боғот аз ҳисоби ниҳолҳои наву серҳосил зиёд карда шуда, бад -  ин васила талаботи аҳолии кишвар бо меваи тару тоза қонеъ гардонда шавад.
Д. АМИРОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 75

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон

Муборизаи муштараки роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ бо киберҳамлаҳо

Роҳандозии истифодаи бехатари интернет дар макотиби Русия

Чоряк миллиард сокини Замин маводи мухаддир истеъмол мекунад

Гӯшаи кишоварз


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед