logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН ВА ҶОПОН. Ҳамкориҳо тавсеа меёбанд

Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон дар мавзӯи «Муҳити макроиқтисодӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон барои ширкатҳои хориҷӣ», ки дар он ҳайати расмии кишвар ширкат дошт, нишасти корӣ доир шуд.
Ҳамроҳхон Зарифӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон, оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, рушди батадриҷи тиҷорату иқтисодиёт, имкониятҳои мусоиди сармоягузорӣ ва зарурати ҷалби технологияи муосири ҷопонӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи саноат баёни андеша намуд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба муҳити макроиқтисодӣ ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон барои ширкатҳои хориҷӣ ҷалб сохта, перомуни  раванди татбиқи тарҳҳои афзалиятноки кишвар, барномаҳои рушди соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ, гидроэнергетика, истихроҷ ва саноати кимиё, бо назардошти ҷалби технологияи муосир, маълумот ироа дошт. Гуфта шуд, ки татбиқи ин тарҳҳо дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 ба нақша гирифта шудааст.
Намояндагони Тоҷикистон аз ширкатҳои бузурги ҷопонӣ даъват ба амал оварданд, то якҷо бо ҳамтоёни тоҷикистонии худ дар татбиқи тарҳҳои мутақобилан судманд ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, бо истифода аз ашёи хоми кишвари мо, фаъолона ширкат варзанд. Миёни иштирокдорони ҳамоиш оид ба дурнамои ҳамкориҳо табодули афкор сурат гирифт.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 43

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД

ҲИКМАТИ ОЗОДАГОН". ДАЪВАТ БА МУБОРИЗАИ БИДУНИ СИЛОҲ

ИНТИҚОЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МОҲӢ

Ҷаҳон дар як сатр

Аз Хома рондани “Ҷабҳат ан - Нусра”

Си Ҷинпин Доналд Трампро ба худдорӣ даъват намуд

Ҳукми қатл ба 20 ҷонибдори Мурси

Ҷек Ма роботҳоро на рақиб, балки шарики инсон мешуморад

Занбӯруғ – куҳантарин мавҷудоти рӯи Замин

24.04.2017


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ

Вусъати ҳамкориҳо дар бахши тандурустӣ

Марди накуном намирад ҳаргиз

Ғалабаи хонандаи тоҷик дар бозиҳои XII Делфи

ДАЪВАТ. Сафи ихтиёриён меафзояд

ЗАФАРОБОД. То ҳосилнокӣ беҳтар шавад...

РОҲҲО агар ободанд...

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Қирғизистон ҷангие дастгир шуд, ки нияти амалҳои террористӣ дар кишварҳои ИДМ – ро дошт

Пентагон: «ДИ» пойтахташро аз Раққа ба Дайр - уз - Зор кӯчонд

Арабистони Саудӣ хароҷоти ҳарбияшро 30 дарсад кам кард

Дар Британия як рӯзро бидуни истифодаи ангишт гузаронданд

Суди Имреа телефони мобилиро ба саломатӣ зарарнок ҳисобид

21.04.2017


Тоҷикистон амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ эътироф шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед