logo

ҳуқуқ

ҚОНУНШИКАНҲО БОЗДОШТ ШУДАНД

Ҳилагарии ду мудир
Сокини 52 – солаи шаҳри Ваҳдат аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони тасарруфи моли корхона ва исрофкорӣ боздошт шуд, - хабар додааст маркази матбуоти ВКД.
Гумонбаршуда, ки аз моҳи феврали соли 2014 дар вазифаи мудири анбори корхонаи нафтӣ, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат фаъолият дошт, бо мудири нуқтаи фурӯши сӯзишвории нафтии корхона – марди 31 – солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ забон як карда, аз анбори корхонаи мазкур 161424 литр бензин ва 18675 литр сӯзишвории дизелиро ба маблағи умумии 695783 сомонӣ ғайриқонунӣ азони худ намудаанд. Оид ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.

Боздошти гумонбаршуда
Зимни гузарондани як амалиёти вижаи оперативӣ – ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 27 – сола, сокини шаҳри Кӯлобро, ки пештар ҷиноят содир намуда, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум гардида буд, дастгир намуданд.
Гумонбаршуда аз чарогоҳи Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб шаш сар говро дуздида, ба соҳиби онҳо ба  миқдори 24 ҳазор сомонӣ зарар расондааст. Инчунин, 4 сар гови сокини дигари ҳамин ҷамоатро рабудааст, ки зарари расондашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, кормандони милитсия ҳангоми гузарондани амалиёти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ марди 26 – сола, сокини ноҳияи Қубодиёнро, ки қаблан бо моддаи 244, қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда буд, боздошт  намуданд. Ӯ моҳи майи  соли 2016 як сар гови зани 34 – сола ва моҳи октябри соли 2016 як сар гови марди 42 – солаи сокини ҳамин ноҳияро дуздида, ба соҳибмулкон ба андозаи 12 ҳазор сомонӣ зарар расондааст. Оид ба қазияҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар додааст.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2017    №: 79    Мутолиа карданд: 247
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед