logo

ҳуқуқ

Қонуншиканҳо боздошт шуданд

Мусодираи фиттаҳои пастсифату каммазмун
Кормандони корхонаи фаръии давлатии кино ва видеои вилояти Суғд тайи се моҳи соли равон зимни гузарондани санҷиши муштарак якҷо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳои вилоят 2824 фиттаи пастсифат, каммазмун ва дорои хусусияти ваҳшонияту зӯроварӣ ва шаҳвониро мусодира ва нобуд карданд. 
Ҳамзамон, ба соҳибони нуқтаҳои фиттафурӯшӣ моҳияти қонунгузории кишвар дар бораи ҳуқуқи муаллиф шарҳ дода шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти дастгоҳи раиси вилояти Суғд иттилоъ додааст.

Ламинат маҳсулоти озуқа аст?
Кормандони раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми гузарондани амалиёти гумрукӣ дар мавзеи Чорбоғи (ноҳияи Варзоб) шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд нақлиёти тамғаи «Мерседес – Бенс – Атеко», рақами қайди давлатиаш TJ 27 – 08 ДД 02 – ро барои санҷиши воридоти мол нигоҳ доштанд. Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ гирифтем, ронанда Б. Б., зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ҳуҷҷатҳои борро ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ пешниҳод карда, зимни пурсиши шифоҳӣ изҳор дошт, ки дар бордони мошин танҳо масолеҳи сохтмонӣ - ламинат мавҷуд аст. Ҳангоми муоина маълум гардид, ки дар дохили воситаи нақлиётӣ қариб 2 тонна маҳсулоти қаннодии истеҳсоли Украина, 1 тонна кулчақанд, 2580  кило маргарин ва 2160 литр оби ҷави истеҳсоли Русия мавҷуд будааст. Муайян гардид, ки маҳсулоти қаннодӣ, кулчақанд ва равған ба А. Н., зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, оби ҷав ба Ш. У., зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, мансуб мебошанд. Интиқолдиҳандагони бор доир ба ин  маҳсулоти озуқа  ягон ҳуҷҷат пешниҳод карда натавонистанд. Оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз карда, барои тафтиши ниҳоӣ ба мақомоти дахлдор ирсол гардид.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2017    №: 80    Мутолиа карданд: 304

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед