logo

ҳуқуқ

НОБОЛИҒОН. АГАР ПАДАРУ МОДАР ХУНУКНАЗАРӢ КУНАНД...

Дар 3 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи ноболиғон 226 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 5 ҳолат зиёд аст. Дар натиҷаи амалиётҳои гузаронда бошад нисбат ба 6363 нафар падару модароне, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол  гардидаанд.
Файзиддин Назаров, сардори шуъбаи ноболиғони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои байни хонандагон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои  экстремистӣ ва равияҳои динӣ, дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонон 1185 маротиба  рейд ва амалиётҳои муштарак таҳти номгӯи шартии «Наврас», «Оворагард» ва «Талбанда» гузаронда шуд, ки дар натиҷа 5562 нафар ноболиғон барои ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун муайян карда шуда, ба ШВКД шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ равона гардиданд.
Мояи нигаронист, ки дар баъзе муассисаҳои таълимӣ ба наврасону ноболиғон аҳамияти ҷиддӣ дода намешавад. Ҳарчанд Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» рӯйи кор бошад ҳам, омӯзгорони мактабҳои миёна нисбати хонандагон беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд.
Дар ин раванд 1745 мактаби таҳсилоти умумӣ, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд, барои андешидани чораҳои қонунӣ аз онҳо ба маблағи зиёда аз 159 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда шуда, нисбат ба 374 нафари дигар огоҳинома ва 4244 маводҳо мавриди баррасӣ қарор дорад.
Дар миёни ноболиғони дастгиршуда на танҳо мактаббачаҳо, балки 177 нафар хонандаи омӯзишгоҳҳои касбӣ - техникӣ, коллеҷҳо, техникумҳо, ҳатто онҳое, ки дар ягон ҷой таҳсил намекунанд, мебошанд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2017    №: 80    Мутолиа карданд: 310

23.11.2017


Қоҳир Расулзода Муҳаммад Аҳмад Султон Исо Ал-Ҷобирро ба ҳузур пазируфт

Баррасии ҳамкориҳо оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ

Водии Рашт дорои иқтидори бузурги сайёҳист

«Тоҷик Эйр» парвозҳоро ба Урумчи барқарор менамояд

Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон 50 миллион доллар ҷудо кард

Трамп гуфтугӯ бо Путинро судманд номид

Сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба Сочи меоянд

Амалиёти густурдаи низомӣ дар Сурия анҷом меёбад

Корхонаҳои калонтарин бояд ба тақвияти истеҳсолоти низомӣ омода бошанд

Бори нахуст теъдоди фавқулкомпютерҳои Чин аз ИМА бештар шуд

22.11.2017


Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров ва Ҷузе Алфонсо Зегбе Камарена

Густариши ҳамкориҳо бо Ҳиндустон

Дар Рашт таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавӣ ба истифода дода шуд

Мусобиқоти варзишӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҷоми ҷаҳонро ба Тоҷикистон меоранд

Ҷаҳон дар як сатр

Башор Асад ба Русия барои «наҷоти Сурия» изҳори сипос намуд

Небензя: «Теъдоди ҷангиёни «ДИ» дар Афғонистон ба 10 ҳазор нафар расидааст»

Земан: «Ҳамкориҳои Русия бо Чехия вусъат меёбанд»

Теъдоди аҳолии Чин ба 1,399 миллиард нафар расид

Ду ҳавопаймо тавассути интернет – музояда ба савдо рафт

NASA ба Моҳ астронавтҳоро яксола фиристоданист

21.11.2017


Муаррифии китоби «Пешвои миллат ва сиёсати забон»

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон

Ифтитоҳи бинои раёсати адлияи ВМКБ

«Шабе дур аз Ватан» дар Владикавказ намоиш дода мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

Туркманистон аз кишварҳои амнтарини дунё эътироф гардид

Конгресси ИМА аз алоқаи Трамп бо Русия ягон далел наёфт

Ҷустуҷӯи киштии зериобии Аргентина шурӯъ шуд

Олмон ба кӯдакон бастани соатҳои «доно» - ро манъ намуд

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед