logo

иҷтимоиёт

АЗ ТАБОРИ ҲУНАР

Дар  Театри  давлатии ҷавонони  Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон  Воҳидов хатмкунандагони  тоҷикистонии  Омӯзишгоҳи олии театрии  Москва  ба номи Шепкин асарҳои дипломии худро ба намоиш гузоштанд. Дар ин миён,  ҳунарманди ҷавон Умед Хисравов бо иҷрои самимиву заминии  нақши Аметистов дили мухлисонро тасхир кард.
Қаҳрамони намоиши «Ҳуҷраи Зояхонум»-и Михаил Булгаков дар даврони гузариш, дар ҳоле ки чоплусиву дурӯягӣ дар ҷомеа реша давонда буд, зиндагӣ дошт ва ба хотире, ки  чун инсони росткору ростқавл ва некандеш дар мавқеи иҷтимоиаш устувор монад, барояш лозим омад, ки маҳрумиятҳои зиёдеро паси сар намояд. Тинати қаҳрамон ба олами ботинии бозигар мувофиқат мекарду ин ҳамбастагӣ тасвирро дар саҳна боз ҳам ҷаззобтару барҷаста месохт.
Бо поён ёфтани намоиш садри  Омӯзишгоҳи олии театрӣ, Артисти халқии СССР Всеволод Осталский дасти волидони ҳунарпешагони ҷавонро, ки дар қатори тамошогарон ҷой гирифта буданд,  як-як    фишурда онҳоро табрик гуфт. Ба ӯ ҳунарпешаҳои шинохтаи тоҷик – Майсара Дилдорова ва Бовар Хисравовро чун волидони офарандаи нақши Аметистов муаррифӣ намуданд. “Сипос ба шумо, барои тарбияи чунин фарзанд,  ҳунарманд ва  коргардони болаёқат”, - гуфт Осталский. Волидон меболиданд, ки умедашон аз фарзанд бор овард ва тамошобинон дар сиришти фарзандашон ҳунарманди болаёқатро дарёфтанд. Аз ҳама муҳимаш ӯ   идомадиҳандаи касбашон хоҳад буд.
Ҳамин тавр, Умед Хисравов фаъолияташро дар Театри давлатии ҷавонон оғоз карда, давоми як сол се нақши ҷолиб офарид. Фаъолияти минбаъдаи ҳунарманди ҷавон дар  Театри вилоятии  мусиқӣ-мазҳакавии  ба номи Меҳрубон  Назарови шаҳри Хоруғ идома ёфт. Дар як муддати кӯтоҳ навовариҳои коргардонҳои варзида Мирзоазиз Мирзоазизов ва Баҳодур Миралибеков  ба ҳаёти фарҳангии вилоят насими тоза оварданд. Намоишҳои   “Отелло”-и Уилям  Шекспир ва “Шоҳ Носири Хусрав”-и Ҷумъа Қуддус , ки Умед Хисравов дар онҳо нақшҳои асосиро иҷро мекард, дар ҷумҳурӣ хуш пазируфта шуданд. Ҳунарпешаи ҷавон аз ин устодон сабақ  меомӯхту маҳораташро сайқал медод.  
Дар спектакли «Шоҳ Носири Хусрав» коргардон Баҳодур  Миралибеков  барои иҷрои   нақши  асосӣ  Умед Хисравовро интихоб намуд ва хато накард. Шахсият ва қобилияти  фитрии ҳунарманди ҷавон  такмил меёфт. Мавзӯъҳои фалсафӣ ва орифонаи саршор аз панду ахлоқ ба афкор ва роҳи минбаъдаи эҷодиаш бетаъсир намонд. 
Минбаъд,  Умед Хисравов худ низ ба сифати  коргардон  намоиш рӯйи саҳна меовард. Аз соли 2003  саркоргардони ин театр  таъйин мегардад.
Ҳунарманд бо заҳмату бедорхобиҳо обутоб меёбад. Дар  драмаи   “Исмоили  Сомонӣ”-и Сафармуҳаммад Айюбӣ Умед Хисравов нақши Исмоили Сомониро бо маҳорати баланд  офарид ва санъатшиносон ин муваффақияти ӯро қадами устувор дар  ҷодаи ҳунар унвон карданд. Инчунин, тамошогарон симои  Қаҳрамони Тоҷикистон   Шириншоҳ Шоҳтемурро  аз намоиши   “Дурахши  ахтар“-и  Қ. Аламшоев хуш пазируфтанд. Барои таҳияи  спектакли   «Калила  ва Димна» ӯ ба сифати коргардони ҷавон бо дипломи Фестивал-озмуни театрҳои касбии ҷумҳуриявии “Парасту – 2001” қадр шуд. Соли 2013 бошад, ҳунармандони  театри Хоруғ аввалин бор  дар фестивали 4-уми байналмилалии  театрҳои  Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзида, бо намоиши  “Парӣ”  сазовори ҷоизаи “Беҳтарин  ороиши мусиқӣ дар театр” гардиданд. Ӯ, ҳамчунин, дар филмҳои “Муҳаббат”-и  коргардон У. Мирзоширинов, “Ангуштарии арӯсӣ”-и коргардон С. Солеҳов, “Тарафи чоруми секунҷа”-и коргардон В. Мирзоянс нақшҳои асосиро иҷро намудааст.
Соли 2015   ҳунарвари умедбахш бо асари “Сияҳпӯш”-и  Сафармуҳаммад Айюбӣ дар Фестивал-озмуни театрҳои касбии ҷумҳуриявии “Парасту – 2015” ширкат варзида, сазовори Шоҳҷоиза шуд. Ҳоло Умед Хисравов ва аҳли эҷодии театр ба таҳияи намоиши  “Ширинтар аз афсона”-и Лутфишо Қиматшоев машғуланд, ки дар он ишқи поки инсонӣ  тараннум мешавад.
Барои саҳми арзанда дар рушду нумӯи санъати театрӣ ва кино Умед Хисравов  бо медали  «Хизмати шоиста»  сарфароз гардидааст.
Дар  ҷаҳони пуртазодди  имрӯз, ки  бархӯрди   манофеи  сиёсӣ ва адёну мазоҳиб бо шаклҳои  гуногун  ва бо тундӣ  аз худ дарак медиҳанд, башарият бештар ба гуфтугӯи тамаддунҳо  ниёз дорад. Асоси эҷодиёти коргардони ҷавонро ғояҳои инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ, накӯкорӣ  ва ҳамзистии  осоишта ташкил медиҳанд ва ӯ бо боварӣ  ба нақши театр  дар тарғиби ин арзишҳо дар   уфуқҳои нави эҷодӣ  омирона қадам мезанад.
Мирзоҷалол ШОҶАМОЛОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2017    №: 80    Мутолиа карданд: 143

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон

Муборизаи муштараки роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ бо киберҳамлаҳо

Роҳандозии истифодаи бехатари интернет дар макотиби Русия

Чоряк миллиард сокини Замин маводи мухаддир истеъмол мекунад

Гӯшаи кишоварз


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед