logo

сиёсат

ВОИЗОН К-ИН ҶИЛВА ДАР МЕҲРОБУ МИНБАР МЕКУНАНД...

Расонаи моҷароангезе ахиран аз ширкат ва суханронии раиси фирории созмони террористии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар ҳамоише, ки 10 апрели соли ҷорӣ дар мавзӯи «Падидаи ҳиҷрати рӯзафзуни тоҷикон ба Аврупо: авомил ва мудирияти он» дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон доир гардидааст, хабар дод.

Дар нишаст масоили марбут ба муҳоҷирати тоҷикистониён ба Лаҳистон баррасӣ гардида, гузоришгар ба ин нукта ишора намудааст, ки ҳиҷрати онҳо баъд аз манъи ҲНИТ ва зиндонӣ кардани наҳзатиён афзудааст. Биёед, аз рӯйи инсоф ба ин масъала таваҷҷуҳ кунем. Чанд соли ахир баъзе созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки зоҳиран худро ҳомии ҳуқуқи башар ва таблиғгару созмондиҳандаи лоиҳаҳои демократӣ дар манотиқи гуногуни ҷаҳон вонамуд мекунанд, дар асл ҳаракату созмонҳои террористӣ ва экстремистиро ҷонибдорӣ намуда (албатта, бо назардошти манфиатҳои сиёсӣ, геосиёсӣ ва иқтисодию молиявӣ), барои намояндагони фирории онҳо дар хориҷ аз кишвар минбар ва паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳанд. Суол ба миён меояд, бо кадом масъулияти шаҳрвандӣ ҷомеаи мадании Лаҳистон, ки имрӯзҳо паноҳҷо ва минбаргоҳи фирориён ва муҷримони наҳзатӣ гаштааст, дар мавриди муҳоҷирони тоҷик ва мушкилоти марбут ба онҳо ҳамоиш ташкил мекунад? Ҳол он ки худи давлат ва ҷомеаи Лаҳистон мушкилоти зиёди иҷтимоӣ доранд ва машғули баррасию бозбинии онҳо мебошанд. Ин як. Дувум, Лаҳистон ва ҷомеаи шаҳрвандии он вақти зиёдатии расидагӣ ба мушкилоти муҳоҷирони тоҷикро, ки дар муҳити лаҳистонӣ ночиз ва беарзиш аст, надоранд. Савум ин ки на пеш ва на баъд аз манъи ҲНИТ тоҷикистониён майли ба Лаҳистон ҳиҷрат карданро надоштанд ва имрӯз ҳам гумон аст, ки дошта бошанд. Мушкил инҷост, ки ҳамон Аврупои пешрафта ва демократӣ Кабирӣ ва ҳайати ҷиноятпешаи наҳзатиро паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад, шароити мусоидро барои мубориза ва таҳрики мардум алайҳи ҳукумати қонунӣ фароҳам меорад, иғвоангезӣ менамояд. Ин аст моҳияти «демократия» ва «озодӣ».
Гузоришгари наҳзатӣ масъалаи ҳизби муътадил дар шӯравии собиқ донистани ҲНИТ-ро пеш оварда, таҷрибаҳои «давлатдорӣ ва мудириятшиносии» наҳзатиро ёдовар мешавад, ки дар ҳамоиш бозгӯ шудаанд. Аз ҳама муҳим, муборизаи «озодихоҳонаи» наҳзатӣ таъкид мешавад. Аҷаб, кадом озодихоҳӣ? Наҳзат, аз замони зуҳур (соли 1973) вазифа ва «рисолат»-и салтанатхоҳӣ ва исломикунонии давлат ва ҷомеаи моро меъёри кор қарор дода, дар самти қадам ба қадам (таркиби истеъмолнамудаи М. Кабирӣ дар замони нуфуз доштани наҳзат дар миёни баъзе гурӯҳҳои иҷтимоӣ) ғасб кардани ҳукумати ҷумҳурӣ ва ба мусибат гирифтор кардани аҳли ҷомеа кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод. Ҳизбро ба унвони созмони адолатхоҳ ва сулҳпарвар хондан айб аст. Ҳизби вопасгарои наҳзатӣ ҳеҷ гоҳ пешрафта, пешқадам ва озодихоҳ набуд. Он озодиро барои худ ва ҳайати ҷинояткораш мехосту бас ва имрӯз низ ба ҳамин ният дар Аврупо ҷор зада, даъвоҳои беасос пеш меорад.
Ба сухани Кабирӣ таваҷҷуҳ мекунем, ки гуноҳи ба муҳоҷират рафтан, ба гурӯҳҳои экстремистӣ пайвастан ва ниҳоят ба мушкилоти гуногун мувоҷеҳ шудани ҷомеаи тоҷикро ба бастани ҲНИТ ва саркӯбии он марбут медонад. Ин меъёри гуфтугӯҳои доимии Кабирӣ дар хориҷ аст. Дигар чӣ коре ҳам бикунад? Маҷбур аст, ки худро сафед намояду ҳукуматро сиёҳ, то маблағ ба даст орад, аз бовари аврупоиён набарояд, ба рифоҳи молию пулӣ бирасад ва нуфузи худро миёни худбохтагон ва раҳгумзадагони муҳоҷир нигоҳ дорад. Аз ноумедии мардуми тоҷик сухан гуфтан ва ба ин восита гӯл задани бечорагон дар суҳбатҳои ҳамешагии Кабирӣ садо медиҳанд.
Ҳадафи сиёсии Кабирӣ аз иштирок дар чунин ҳамоишҳо бо муҳоҷирони тоҷик наздик шудан ва фирефта кардани онҳо мебошад. Бар ин асос, ӯ меъёри интихоби кишвар - паноҳгоҳашро наздикӣ ҷустан бо муҳоҷирони тоҷик гуфтааст. Манзури Кабирӣ ин аст, ки  неруи онҳоро дарёфт ва ҳадафмандона суистифода кунад.
Акнун Кабирӣ насли ҷавони моро насиҳат мекунад, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил нашаванд, дар ҳоле ки маҳз бо «ибтикори» ӯ ва наҳзатиёни хирадситезаш ин насл тавассути хурофоти динӣ - мазҳабӣ мағзшӯӣ шуд. Кор то ба ҷое расид, ки дигар як сели насли ҷавон алайҳи озод гаштану озодона суҳбат кардан дар атрофи масоили дунявиро куфр ҳукм карда, муборизаи лафзиро бар муқобили озодандешӣ шадид намуданд. Хайрият, ки мақомоти масъулу салоҳиятдор пеши роҳи ин раванди хатарнокро гирифта, «мӯйро аз хамир ҷудо карданд».
Бо лафзпардозӣ ва фазлфурӯшиҳои Кабирӣ фирефта шудан маънои ба чоҳи дурӯғу фиреб афтиданро дорад, чунки худи ӯ шахсияти беҳувият аст ва ҳамчун актёр нақш мебозад. Аз ин рӯ, фирефтаи ин «актёр» ва нақшҳои нави ӯ набояд шуд.         
Зеро, тавре Ҳофиз мефармояд:
Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Фаромарзи РАҲМАТУЛЛО, пажӯҳишгар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2017    №: 80    Мутолиа карданд: 206

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД

ҲИКМАТИ ОЗОДАГОН". ДАЪВАТ БА МУБОРИЗАИ БИДУНИ СИЛОҲ

ИНТИҚОЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МОҲӢ

Ҷаҳон дар як сатр

Аз Хома рондани “Ҷабҳат ан - Нусра”

Си Ҷинпин Доналд Трампро ба худдорӣ даъват намуд

Ҳукми қатл ба 20 ҷонибдори Мурси

Ҷек Ма роботҳоро на рақиб, балки шарики инсон мешуморад

Занбӯруғ – куҳантарин мавҷудоти рӯи Замин

24.04.2017


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ

Вусъати ҳамкориҳо дар бахши тандурустӣ

Марди накуном намирад ҳаргиз

Ғалабаи хонандаи тоҷик дар бозиҳои XII Делфи

ДАЪВАТ. Сафи ихтиёриён меафзояд

ЗАФАРОБОД. То ҳосилнокӣ беҳтар шавад...

РОҲҲО агар ободанд...

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Қирғизистон ҷангие дастгир шуд, ки нияти амалҳои террористӣ дар кишварҳои ИДМ – ро дошт

Пентагон: «ДИ» пойтахташро аз Раққа ба Дайр - уз - Зор кӯчонд

Арабистони Саудӣ хароҷоти ҳарбияшро 30 дарсад кам кард

Дар Британия як рӯзро бидуни истифодаи ангишт гузаронданд

Суди Имреа телефони мобилиро ба саломатӣ зарарнок ҳисобид

21.04.2017


Тоҷикистон амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ эътироф шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед