logo

Хабарҳо

ТОҶИКОБОД. Авлавият ба дастгирии ниёзмандон

Дар ноҳияи Тоҷикобод баҳри дастгирии оилаҳои камбизоату ниёзманд ва ятимону бепарасторон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Чунон ки Нодираи Маҳмадисо, раиси ноҳияи Тоҷикобод, иброз медорад, дар партави сиёсати инсонпарваронаи Ҳукумати кишвар собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоату бепарастор  таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони саховатпеша қарор доранд. Аз ҷумла, дар доираи  ин тадбирҳо аз аввали сол то имрӯз ба онҳо ба маблағи 11 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонда, хатнасури 36 нафар кӯдак ва базми домодию арӯсии 10 ҷуфт ҷавон барпо карда шуданд.
Дар назди муассисаҳои таълимии № 1, 4 ва 6 се интернати наздимактабӣ амал менамояд, ки дар онҳо кӯдакони оилаҳои бесаробон ва камбизоат, инчунин, хонандагони деҳаҳои дурдаст таълиму тарбия мегиранд. Ба ҷуз ин, сарпарастии ин интернатҳоро Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" ва Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстилмаш» ба зимма доранд.
- Ғамхорӣ нисбат ба эҳтиёҷмандон аз сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Роҳбари давлат дар вохӯриҳояшон пайваста таъкид месозанд, ки дастгирии ин қишри ҷомеа вазифаи ҳар шахси худогоҳ аст. Мо дар ин ҷода набояд бетарафиро ихтиёр намоем ва бо амалҳои созандаи худ собит созем, ки пайравони ҳақиқии Пешвои миллатем, - мегӯяд Нодираи Маҳмадисо.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 146

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед