logo

Хабарҳо

Бо амри дил

Маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилояти Суғд чун дигар манотиқи ҷумҳурӣ сол ба сол шаҳомати хоса касб мекунад. Дар марҳилаи аввали даъвати баҳорӣ беш аз ҳазору панҷсад нафар даъватшаванда аз шаҳру навоҳии вилоят бо амри дил ба комиссариати ҳарбии вилоят ҳозир шуда, дар фазои тантанавӣ ба хизматӣ ҳарбӣ фиристода шуданд.

Чанд рӯз муқаддам, зимни гусели наваскарон ба сафи Артиши миллӣ дар маркази вилоят чорабинии вижа доир гардид. Масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷавонони даъватшударо ба хизмати содиқонаву ҳифзи марзу буми кишвар ҳидоят намуда, хизмат ба Ватанро шараф ва қарзи шаҳрвандии ҳар нафар унвон карданд.
Комиссари ҳарбии вилоят Назарзода Назар вобаста ба вазъи феълии Қувваҳои Мусаллаҳ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими иқтидори мудофиавии артиш ва муҳайё намудани шароити хуби хизмат дар қисмҳои низомӣ ибрози андеша намуд.
Мавриди зикр аст, ки доир намудани ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи даъватшаванда дар вилояти Суғд ба ҳукми анъана даромада, ҳар мавсим дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор мегардад. Ин аст, ки ҷавонони сину соли даъватӣ бо фаро расидани мавсими даъват довталабона ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, майли худро ба хизмати ҳарбӣ баён мекунанд. Гузашта аз ин, пешниҳоди як қатор имтиёзҳо ба оилаҳои наваскарон, ки аз ҷониби бархе мақомоти маҳаллӣ солҳои охир амалӣ мегардад, раванди ҷалби ҷавонон ба артишро осон намуда, сафи ихтиёриёнро афзудааст.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 133

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед