logo

фарҳанг

ҚАЗОН. ДАР ҶУСТУҶӮИ КИТОБҲОИ ТОҶИКӢ

Соли 2016  ҳангоми сафар ба Ҷумҳурии Тотористон, ба Палатаи китобҳои ин кишвар (дар шаҳри  Қазон) рафтам. Мурод аз ташрифам ба ин махзани матбуот, пеш аз ҳама, пайдо кардани осори чопӣ ба забони тоҷикӣ буд. Зеро воқиф аз он будам, ки то таъсиси нахустчопхонаи калон дар кишварамон  собиқ Матбааи № 1 ном дошт, ҳоло ҶСШК “Матбуот” ном гирифта, ки бунёдаш ба соли 1933 рост меояд ва мардум “Хонаи матбуот” - аш хонанд), баъзе аз осори чопии мо дар шаҳрҳои Русия, аз ҷумла Қазон ба нашр мерасиданд.

Чун матлабамро ба маъмурини ин коргоҳ иброз намудам, бо итминон гуфтанд, ки ба забони тоҷикӣ ҳеҷ мавод надоранд ва маслиҳат доданд, ки ба Китобхонаи миллӣ равам. Баъди анҷоми корҳои бақайдгирӣ моро ба ошёнаи дуюм роҳнамоӣ карданд. Чун паси миз нишастам ва баргаҳои дар ихтиёрам гузоштаро аз назар мегузаронидам, эҳсоси ҷолибе фароям гирифта буд ва умед доштам, ки тозатарин иттилоъро доир ба матбуоти тоҷик пайдо хоҳам кард ва фаврӣ ин муждаро тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет эълом хоҳам дошт. Мутаассифона, аз даҳаи дувуми асри ХХ ба ҷуз як китоб дигар маводе пайдо накардам. Аввалин баргае, ки ба чашмам хӯрд, марбут ба “Панднома”- и шайх Фаридуддини Аттор  буд (дар нусхаи дигар номи “Ҳамди беҳад”- ро гирифтааст). Китоб дузабона, яъне тоҷикӣ ва тоторист. Байтҳо аввал ба забони тоҷикӣ ва аз поён тарҷумаи онҳо ба забони тоторӣ оварда шудааст. Аз таҷриба медонем, ки чунин услуби овардани матн ва тарҷума бештар ба хотири забономӯзӣ сурат мегирад. Ҳамин барои мо далел аст ақида намоем, ки тоторҳо дар он даврон барои донистани забони тоҷикӣ таваҷҷуҳ ва мароқ  доштанд. Баъдан, аз суҳбат бо калонсолони муқимӣ мо итминон ҳосил намудем, ки дар андешаи хеш хато накардаем. Зеро дар миёни тоторҳо онҳое, ки дар он даврон саводи динӣ доштанд, ағлаб хатмкунандаҳои мадрасаҳои Бухоро будаанд ва барои аз худ кардани забони тоҷикӣ саъю кӯшиш доштанд.
Ҷузваи дигаре, ки ба дасти мо расид, “Як ҳикоят” ном дорад ва он назм буда, ҳамагӣ аз ҳашт саҳифа иборат аст ва 23 феврали соли 1905 дар матбааи “Бародарон Каримовҳо” нашр гаштааст. 
Китоби дигаре, ки ёфтем, “Насиҳати ҳукамо” ном дошта, аз 321 саҳифа иборат аст. Муаллиф надорад. Он низ бо ду забон, тоҷикӣ ва тоторӣ нашр гардидааст. Нашраш ба охири қарни XIX рост меояд.
Аҳмад Ҳодӣ Мақсудӣ муаллифи “Ибодоти исломия”, китоби дигарест, ки пайдо намудем. Он соли 1914 дар электротипографияи шаҳри Қазон, ки “Миллат” ном дошт, ба табъ расидааст. Ҷузъи аввалаш, ки  дастраси мо гардид, муҳтавои динӣ дорад, яъне китоби ақидавист. Онро, шояд аз забони арабӣ  яке аз мударрисони Бухоро бо номи Мулло Саидаҳмад Васлии Самарқандӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Анҷоми корҳои тасҳеҳии китоб рабт ба Маҳмудхоҷа ибни Беҳбудхоҷаи Хатиб дорад...
Бо даст бурдан ба ҳар як баргаи баргадон гумон мебурдам, ки баргаи баъдӣ ба забони тоҷикӣ хоҳад буд. Мутаассифона, дигар чизе пайдо карда натавонистам. Ба ҳар ҳол бо он чи ёфтам, шукр ба ҷо овардам. Он гоҳ, ки болидарӯҳ аз китобхона берун меомадам, ин андеша аз дилам гузашт, ки мо бояд бо даст додани ҳар сафар ба хориҷ аз кишвар ҳатман аз китобхонаҳои он дидан намоем. Зеро танҳо бо ин роҳ мо метавонем дар мавриди осори чопӣ ба забони тоҷикӣ маълумоти тоза пайдо созем ва бад-ин васила саҳифаи тозаеро дар китоби таърихи матбуоти миллати шарафмандамон зам намоем.               
Сироҷиддин ИКРОМӢ,  адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2017    №: 81    Мутолиа карданд: 369
18.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо сафири тозатаъйини Озарбойҷон

Ҷамъомади муҳим дар Кумитаи рушди маҳал

Супурдани эътимоднома ба Президенти Беларус

Самтҳои асосии рушди туризм матраҳ гаштанд

Шиносномаи Тоҷикистон дар сархати 81-уми раддабандии байналмилалӣ

Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд

Президенти Миср: «Баҳори арабӣ» ба «хазон шудан» - и 1,4 миллион нафар сабаб гашт»

YouTube тавассути технологияҳои нав 98 дарсади видеоҳои экстремистиро ошкор сохт

Дар баҳри Миёназамин 1400 муҳоҷир наҷот дода шуд

Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд

Истифодаи партовҳои электронӣ барои ороишоти заргарӣ

16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ

«Тоҷик Эйр» теъдоди парвозҳоро ба Деҳлӣ зиёд мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Кореяи Шимолӣ омода аст ба Кореяи Ҷанубӣ пайвандад

Интиқоди сарвазири Маҷористон аз сиёсати ИА нисбат ба Русия

Чин соли гузашта аз хориҷа 1300 порахӯрро баргардонд

Қирғизистон: зарар аз коррупсия 1, 4 миллиард сом

Консерни Lactalis миллионҳо бонка ғизои кӯдаконаро бозмехонад

«Реал» барои Неймар аз баҳри Роналду мегузарад?

12.01.2018


Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимтарини Паём дар ВМКБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед