logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАРҒИБИ АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ ДАР АСАРҲОИ Ӯ

Осори арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳамияти илмиву адабӣ ва таърихӣ аз назари тарбияи ҷавонон низ пурарзиш маҳсуб мешаванд. Махсусан, асарҳои таърихии Пешвои миллат оид ба таърихи тамаддун, забон ва шахсиятҳои мондагори таърихӣ дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон нақши басо бузургу шоиста доранд.
Яке аз ин гуна асарҳо «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» мебошад, ки дар он таъриху тамаддуни ниёгони ориёии мо то истилои араб дар заминаи манбаъҳои боэътимоди таърихӣ ва пажӯҳишҳои пурмуҳтавои олимони ватанию хориҷӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Асар фарогири масоили таърихи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии қавми ориёинажоди Осиёи Марказӣ дар робита бо таърихи тамоми эрониён мебошад. Дар ин тадқиқоти хеле муфид масъалаҳои ташаккули халқиятҳои ориёӣ, густариши тамаддуни он, падид омадани давлатҳои тавоною мутамарказ, нақши аҷдодони мо дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо назари тоза ва дар заминаи дастовардҳои нави илмӣ матраҳ гардидаанд.
Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон, ки ояндаи миллат ба ахлоқ ва дониши онҳо сахт марбут аст, омӯзиши таърихи ниёгонро яке аз рукнҳои муҳими расидан ба ин матлаб медонанд: «Мо ба гузашта ба хотири парастиши содалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти рӯҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба ақидаҳои наву созанда ба дастовардҳои бузургу ғайриодӣ ноил гаштаанд, рӯй меоварем. Охир як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯй овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад. Воқеан, мактаби худшиносӣ, истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробари чандин омилҳои объективию субъективӣ боз як омӯзгори хеле сахтгиру нуктасанҷ дорад, ки онро таърих меноманд. Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдории тоҷиконро бароямон мекушояд». Пешвои миллат сарчашмаи ноби тарбияро дар омӯзиши ҳамаҷонибаи таърих аз ҷониби насли муосир медонанд. Махсусан, арҷгузорӣ ба корномаи аҷдодони сарафроз ва шарафманд, эҳсоси масъулият дар ҳифзи мероси моддию маънавии гузаштагон, истифода аз таҷрибаи таърихии ниёгон имкон фароҳам меорад, ки дар табиати наврасону ҷавонон баробари худшиносии миллӣ ахлоқи ҳамида, ки хоси гузаштагони мо буд, шакл гирад ва инкишоф ёбад.
Пешвои миллат тазаккур медиҳанд, ки дар камолоти инсон ва ҷомеа донистани таърихи гузашта, аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва дар ташаккули андеша ва тафаккури пешқадам мусоидат менамояд. Масалан, барои ҷавонони имрӯза донистани он, ки гузаштагони бонангу номуси онҳо дар ҳама ҳолатҳои тоқатфарсо, ҳатто таҳти тасарруфи дигар давлату халқият буданаш, волоияти забону фарҳангашро пос медошт ва намегузошт, ки гавҳари ноби илму адаб ба дасти душманони миллат афтад. Омӯзиши ҳақиқати таърихӣ ҷавонони моро аз бегонапарастӣ, инкори хидматҳои падарону модарон, беэътиборӣ ба равандҳои пешқадами ҷомеа боз медорад ва дар тинати онҳо эҳтиром ва сипосмандиро нисбат ба ашхоси ватанхоҳу ватандӯст бедор месозад. Ба ибораи дигар, надонистани таърих инсонро аз аслаш дур месозад ва ӯ наметавонад ба ҷараёнҳои рӯзгор мунсифона баҳо диҳад.
Назари нек, муҳаббати том ва самимияти комиле, ки Пешвои миллат нисбат ба таърихи халқи тоҷик доранд, ибрати бузургест ба ҷавонони имрӯза. Пешвои миллат дар китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими таърихӣ даст зада, аз он ёдовар мешаванд, ки аҷдодони мо бо ҳунару санъати амалии волои худ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудаанд. Дар ин бора бозёфти Хазинаи Амударё, ҳафриёти бостоншиносӣ дар Қалъаи Мир, Қайқубодшоҳ, Тахти Қубод, Тахти Сангин ва дигар минтақаҳо шаҳодат медиҳанд, ки на танҳо дар бораи сатҳи рушди маданияти моддӣ, балки маданияти маънавӣ ва андешаи иҷтимоии аҷдодамон маълумоти арзишманде медиҳанд. Ин ишорат ва ибрат ба ҷавонон аст, ки дар таърихи инсоният танҳо ҳунар ва илм меъёр ва маҳаки арзишҳои мавҷудияти ӯст. Яъне мо барандагони мероси пурбаҳои ниёгон худ низ бояд ҳунарманд, донишманд ва эҷодкор бошем.
Таваҷҷуҳи Сарвари кишвар ба китоби диниву ахлоқӣ, қомусномаи ниёгон - «Авасто» , ки ҳамчун қадимтарин ва мукаммалтарин сарчашмаи хаттии ниёгони мо пазируфта шудаасту ҷавҳари онро”пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек” ташкил мекунад, махсус аст. Зеро донистани ин китоб барои имрӯзиён муҳим буда, он сарчашмаи ахлоқи ҳамидаи ҷомеа мебошад. Пешвои миллат ҳамчун муаррихи нуктасанҷ зикр менамоянд, ки «Авасто» дар зиндагии ҳамарӯзаи аҷдоди мо ҳамчун роҳнамои муҳим барои тамоми табақоти ҷомеа - кишоварзон, ҳунармандону косибон, сарлашкарону сипоҳиён, подшоҳону тоҷварон, мубадону коҳинон хизмати арзандаро иҷро мекард. Ба андешаи Пешвои миллат маҳз мазмуну мундариҷаи баланд, арзиши тарбиявиву ахлоқии ин китоб буд, ки новобаста ба беадолатиҳои замона, кӯрдиливу бераҳмии ҳокимони ҷоҳил, гирумони таърих то ба имрӯз омада расид. Воқеан, қисматҳои боқимондаи «Авасто» аз камолоти фарҳангу маънавиёти аҷдодамон дар давраҳои қадим шаҳодат медиҳанд. Махсусан, дар қисмати қадимтарини он - «Готҳо» давраи гузариш ба зиндагии муқимӣ, густариши пешаи деҳқонӣ, ривоҷ ёфтани кишоварзӣ, ободонии манзил, ҳифз намудани шаҳр ва ғайра бо камоли таърихияту бадеият инъикос ёфтаанд. Аз мисолҳои фаровони асар маълум мегардад, ки аҷдоди тоҷикон соҳиби донишу маърифати пешрафта будаанд, ки ба халқҳои Аврупо, Осиёи пеш илҳом бахшидаанд.
Пешвои миллат дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» дар баробари зикри нахустин рисолати таърихии Зардушт, ки бори аввал Аҳурамаздоро ба ҳадди яккахудоӣ расонд, оид ба дигар хидматҳои ӯ, таваққуф мекунанд, ки дар таърихи башарият аз назари тарбияи ахлоқӣ таъсири бузург дорад.
Бемуҳобо, имрӯз яке аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз маҷмӯи назарияи ахлоқии ҳамидаи ниёгон маншаъ мегирад, ки таълимоти Зардушт, ки ҷавҳараш даъват ба ваҳдат, некӣ, рӯшноӣ, ободонӣ, ростӣ, созандагӣ мебошад, яке аз он сарчашмаҳои ноб аст.
Таълимоти Зардушт дар рушди ахлоқии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла тоҷикон нақши мунир гузоштааст. Таҳаммулпазирӣ, арҷгузории илму маърифат, пеш гирифтани роҳи ободониву созандагӣ, меҳнатдӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва дигар падидаҳои неки зиндагӣ аслан самараи неки тамаддуни ориёӣ мебошанд.
Бо китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» Пешвои миллат ба рисолати таърихии мардуми тоҷик бори аввал дар илми таърихнигорӣ баҳои сазовор дода, ҳамзамон аз арзишҳои ахлоқии таърихӣ ёд мекунанд, ки барои насли имрӯз дарку маърифати он ҳатмист. Пеш аз ҳама, халқи тоҷик табиатан халқи созандаву бунёдкор, оромтабиату нексиришт, шикастанафсу заҳматдӯст аст. Дар хуни аҷдоди ӯ пархошҷӯиву набардписандӣ ва ҷанг пеша кардан қариб набудааст. Сипас, таърихи ҳазорсолаи дуру наздик гувоҳ аст, ки оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда, аз дунболи ҳар шикасту инқироз боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон фарҳанги давлатдории тоҷикон номид. Ин баҳои сазовори Сарвари давлат мебошад, ки таъриху фарҳанги халқи хешро бо ҷиддияту масъулияти том омӯхтаву тадқиқ намудаанд, баробари миллати худ роҳи пурпечутоби сулҳу созандагиро тай намудаанд, дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихи Ватан масъулияти гарони наҷоти халқро аз даргириҳо ва буҳронҳо бар дӯши худ гирифтаанд ва имрӯз ҳам ба Ватану мардуми кишвар муҳаббату садоқати беандоза доранд. Ин баҳои баланди Сарвари хирадманду адолатпеша, дипломат, сиёсатмадори тавоно ва фарзанди содиқи миллат мебошад.

Пешвои миллат бо таълифи китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» баробари анҷом додани як хидмати бузург дар ҷодаи илми таърих, зимнан, насли имрӯзаро даъват менамоянд, ки аз корномаи гузаштагон ибрати ватандорӣ омӯзанд. Ҳамзамон аз ахлоқи ҳамидаи гузаштагон барои худашон хислатҳои хуби инсониро касб намоянд. Зеро дар ҷодаи созандагӣ  дар баробари мавҷуд будани андешаи қавии миллӣ, ки  омили музаффариятҳои минбаъда мебошад,  ахлоқи неки инсонӣ низ нақши бориз дорад.
Китоби дигари  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор” низ дар баробари арзиши баланди илмиву таърихӣ доштан дорои аҳамияти бузурги тарбиявӣ мебошад. Китоби мазкур ифодагари таърихи пурғановати тоҷик буда, муаллиф дар бораи ҳаёт ва фаъолият, ҳамчунин, фидокориву ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаву далер, тадқиқоти ҷолиб бурда дар ниҳоди хонанда, хоса ҷавонони Ватан  эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватандориро такмил медиҳад. Китоб армуғони маънавии  Пешвои миллат бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буда, як бори дигар собит месозад, ки эътиқоду эътимоди Сарвари кишвар ба таърих, адабиёт ва фарҳанг – такягоҳи устувори миллат беандоза аст ва воқеаҳои таърихиро барои имрӯзиён дарси ибрат ва ҳаёт медонанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор”  25 чеҳраи мондагори тамаддуни оламро, ки решапайванди миллати бузурги тоҷик мебошад, барои имрӯзиён муаррифӣ кардаанд. Аксарияти  чеҳраҳои таърихӣ шахсиятҳои барҷастае мебошанд, ки ба таърихи аҳли башару миллати сарбаланди тоҷик таъсири бузург расондаанд. Аввалин чеҳраи мондагори таърихӣ дар китоби Пешвои миллат Куруши Кабир аст, ки дар тамаддуни ориёӣ ҳамчун асосгузори нахустин империя дар таърихи башар номбар мешавад. Дар заминаи сарчашмаҳои муътамади таърихиву археологӣ, маълумотномаҳои катибаҳо муаллифи китоб собит месозанд, ки Куруши Кабир маҳз тавассути сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, сабку усул ва тартиби ҷадиди идоракунии давлат, адолатҷӯӣ, ободкорӣ ва муҳимтар аз ҳама, бо эҷоди эъломияи таърихии худ, ки нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст, маъруфият дорад. Тақдири давлати муосири тоҷиконро муаллифи китоб ба тақдири давлатдории Куруш шабоҳат додаанд. Аз ҷумла, рӯҳияи ваҳдату муттаҳидсозии миллат, пуштибонии сулҳу адолат, густариши тиҷорату иқтисодиёт ва бунёдкориву ободонӣ, ислоҳоти низоми лашкар ва такмили идоракунии мамлакат аз назари муаллиф монандӣ ва ҳамоҳангии онҳоро муқаррар мекунад.
Воқеан, ин ҷо метавон дар мавриди сифатҳои ҳукуматдории Куруши Кабир ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сухан кард. Ҳамоҳангӣ ва монандии давлатдорӣ аз хусусият ва сифатҳои фардии онҳо аз қабили ифтихори ватандориву миллатпарварӣ, адолат ба мардум, масъулияти баланд дар назди тақдири Ватан ва соҳибони он, пуштибонии сулҳу ваҳдат ва монанди инҳо рӯи кор омадаанд.
Дар эъломияи Куруши Кабир, ки дар китоб сабт ёфтааст, эъломияи ин шоҳи кабир бо сатрҳое хотима меёбанд, ки дилу ният ва омоли Пешвои миллати моро ифода мекунанд: “Сулҳу оромиро ба тамоми мардум ато кардам”.
Пешвои миллат дар мақолаи “Парчамдори ҷодаи озодиву истиқлол” дар бораи чеҳраи мондагори таърих Спитамен нақл менамоянд.
Саргузашти  Спитамен воқеан ибратбахш  буда,  дар тарбияи  ҷавонони имрӯза таъсири бузург мегузорад. Муаллиф бо овардани лаҳзаҳои ҷоннисорӣ ва фидокориҳои Спитамен ҷанбаи тарбиявӣ ва ахлоқии асарро такмил бахшидаанд. 
Пешвои миллат сарнавишти Спитаменро ба тариқи зайл маънидод мекунанд,  ки аз назари фарох ва ҷаҳоншиносии беназири муаллиф  дарак медиҳад:
 “Ҳарчанд муборизаҳои  шадиди истиқлолхоҳӣ ва ватандӯстии ниёгони мо таҳти сарварии Спитамен оқибат ба шикасту бебарориҳо дучор  шуданд,  корнамоиҳои бемислу монанди онҳо дар сафҳаҳои таърих  то ба рӯзгори мо ба ёдгор мондаанд. Мо имрӯз корнамоиҳои Спитамени диловар ва ҳамсафони ӯро қадршиносӣ намуда, барои зинда доштани номи нек ва хотираи бегазанди фарзандони фидоии Ватан ордени “Спитамен”- ро таъсис додем, ки он барои шуҷоату корнамоиҳои ватандӯстона ва идомаи анъанаи неки ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ба  ворисони воқеии ин марди қаҳрамон дода мешавад”.
Дар китоб ҳамчун чеҳраҳои мондагори таърихӣ як қатор суханварон ва олимони классик чун Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ - қофиласолори адабиёти тоҷику форс,  ки ба андешаи муаллиф  шеъри ӯ пайвандгари наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик аст, Абулқосим Фирдавсӣ – ситоишгари адлу ростӣ ва нуру хирад, ки бо вуҷуди марди мусалмон будан ҳаргиз таърихи пурифтихори халқи худро қурбони идеологияи ҷоҳилона насохтааст, Абуалӣ ибни Сино  - мутафаккири абадзинда, ки дар тӯли умри 57 - солааш тавонист осори безаволу гаронбаҳое офарад, ки садҳо сол мавриди ниёзи ҳамарӯзаи олимону табибон қарор гирад, Носири Хусрав – суханвари бузург ва марди андеша, Шамси Табрезӣ  - шахсияти бузург ва камназири олами ирфон, Ҷалолуддини Балхӣ – пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - таблиғгари фарҳанги сулҳ ва хостори ваҳдату субот, Камоли Хуҷандӣ - бунёдгузори кохи азими сухан, Абдураҳмони Ҷомӣ – пешвои ҳавзаи илмиву адабии Мовароуннаҳру Хуросон, Мирзо Абдулқодири Бедил  - нобиғаи шеър ва пайвандгари ду кишвар, Нақибхон Туғрали  Аҳрорӣ -  суханвари номвари адабиёти тоҷик муаррифӣ гардидаанд. Пешвои миллат омӯзиши осори гаронбаҳои ин абармардони илму адабро барои имрӯзиён муҳим мешуморанд ва мавриди истифода қарор додани онҳоро дар амалияи ҳаррӯзаи иҷтимоию фарҳангии зиндагии худ зарур медонанд. Дар китоб зиндагиномаи Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, ки зиндагонии ӯ худ қаҳрамонӣ буд, Нусратулло Махсум, ки аз назари Сарвари давлат ҷонфидои миллат маҳсуб меёбад, Шириншоҳ Шоҳтемур, ки ҳамчун офтоби зиёбахш дар таърихи Тоҷикистони навин тулӯъ намуд, Бобоҷон Ғафуров, ки олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ буд ва Мирзо Турсунзода, шоири бузург ва ходими маъруфи ҷамъиятӣ ба ҳисоб мерафт ва дар радифи инҳо Сотим Улуғзода ҳамчун мусаннифи таърихи пурфоҷиаи халқ зикр ёфтаанд. Ин ашхос, воқеан, дар бунёди Тоҷикистони навин, дифои ҳаққу ҳуқуқи тоҷикон дар солҳои вазнини мавҷудияти миллат хидматҳои арзанда кардаанд, ки қадршиносии эшон аз ҷониби Пешвои миллат аз эҳсоси баланди худшиносии ӯ дарак дода, барои ҷавонон дарси бузурги ибрат ва ҳикмат мебошад.
Китоби “Чеҳраҳои мондагор” дар ниҳоди хонанда муҳаббат ба Ватан,  эҳтиром ба миллату забон, гузаштагони бонангу орро бедор мекунад ва дар густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири бузург дорад.  Китоб баёнгари ҳадафҳои олии инсонӣ, аз ҷумла некиву некукорӣ, ҷавонмардиву фарзонагӣ, садоқату вафодорӣ буда, ба ҷавонони имрӯза дарси бузурги одамият медиҳад.
Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,
доктори илмҳои таърих,
Саидумрон САИДОВ,
номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2017    №: 81,82    Мутолиа карданд: 81

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД

ҲИКМАТИ ОЗОДАГОН". ДАЪВАТ БА МУБОРИЗАИ БИДУНИ СИЛОҲ

ИНТИҚОЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МОҲӢ

Ҷаҳон дар як сатр

Аз Хома рондани “Ҷабҳат ан - Нусра”

Си Ҷинпин Доналд Трампро ба худдорӣ даъват намуд

Ҳукми қатл ба 20 ҷонибдори Мурси

Ҷек Ма роботҳоро на рақиб, балки шарики инсон мешуморад

Занбӯруғ – куҳантарин мавҷудоти рӯи Замин

24.04.2017


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ

Вусъати ҳамкориҳо дар бахши тандурустӣ

Марди накуном намирад ҳаргиз

Ғалабаи хонандаи тоҷик дар бозиҳои XII Делфи

ДАЪВАТ. Сафи ихтиёриён меафзояд

ЗАФАРОБОД. То ҳосилнокӣ беҳтар шавад...

РОҲҲО агар ободанд...

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Қирғизистон ҷангие дастгир шуд, ки нияти амалҳои террористӣ дар кишварҳои ИДМ – ро дошт

Пентагон: «ДИ» пойтахташро аз Раққа ба Дайр - уз - Зор кӯчонд

Арабистони Саудӣ хароҷоти ҳарбияшро 30 дарсад кам кард

Дар Британия як рӯзро бидуни истифодаи ангишт гузаронданд

Суди Имреа телефони мобилиро ба саломатӣ зарарнок ҳисобид

21.04.2017


Тоҷикистон амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ эътироф шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед