logo

Хабарҳо

Ситоди назди раиси вилоят

 Дар ҷаласаи навбатии ситоди назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед масъалаи бартарафсозии пурраи оқибатҳои офатҳои табиие, ки зимистону баҳори имсола дар вилоят ба амал омада буданд,   мавриди баррасӣ қарор ёфт.

Раиси вилоят ба роҳбарияти Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят ва дигар ашхоси масъул дастур дод, ки ҷиҳати таъмини мунтазами ҳаракати нақлиёти боркаш тавассути роҳҳои ҳудуди вилоят, ки як қисмати шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Кулма - Қароқурум ба шумор меравад, тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ба муовинони раиси вилоят, роҳбарони Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва идораҳои нигоҳдории  роҳҳои  вилоят  ва  ноҳияҳо супориш дода шуд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин роҳҳои  мавзеъҳои Аличур ва Булункули ноҳияи Мурғоб, деҳаи Бачори ноҳияи Шуғнон ва водии Бартанги ноҳияи Рӯшонро боз намоянд.
Ҳамзамон, масъулини шуъбаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии вилоят дастур гирифтанд, ки техникаҳоро ба ҷойҳои хатарноки обхезӣ равона сохта, корҳои соҳилмустаҳкамкуниро вусъат диҳанд.
Шодихон Ҷамшед, инчунин,  иброз дошт, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ, бахусус шаҳри Хоруғ, бунёди як қатор иншоотҳои таъйиноти гуногун дар назар аст, ки аз як ҷониб ба коҳиш додани сатҳи бекорӣ, аз ҷониби дигар ба боз ҳам ободу зебо гардидани ин гӯшаи Ватани азизамон мусоидат менамояд.
Таъкид гардид, ки танҳо барои анҷоми корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва оғози корҳои сохтмонӣ дар мавзеи шаҳраки навбунёдшавандаи маҳаллаи Тем имсол аз ҷониби Ҳукумати кишвар 12 миллион сомонӣ  ҷудо карда шуд.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 188

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя

Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ

«Шоми мақом»

Варзиш

Меркел ба зарбазании Сурия ҳамроҳ шудан нахост

Пушков: «Бе Русия СММ дуюм НАТО мешавад»

Меваю сабзавоти Осиёи Миёна бо ёрии Вашингтон ба Прибалтика меравад

Ҷанҷоли «нобелӣ» дар академияи Шведсия

Роҳандозии низоми шинохти фаврии чеҳра дар Чин

12.04.2018


НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 93 км роҳ таъмир мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед