logo

Хабарҳо

Як нишасти муҳим

Таъмини волоияти қонун, пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, тақвияти корҳои тарбиявии ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва маърифати ахлоқиву ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумлаи масоили асосие буданд, ки зимни як ҷаласа дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ матраҳ шуданд.
Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир гардид, ҳамчунин, ҷараёни даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Вазири мудофиа масъулони соҳаро муваззаф сохт, ки зимни иҷрои вазифаҳои хидматии хеш пойбанди қонун бошанд ва дар таҳкими иқтидори мудофиавии ин ниҳоди қудратӣ саҳми фаъол гузоранд. Таъкид шуд, ки қабулу ҷобаҷогузории наваскарон дар қисмҳои низомӣ ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо дар авлавияти кор қарор дода шавад.
Шералӣ Мирзо аз мавҷуд будани баъзе камбудиву норасоиҳо дар фаъолияти сохторҳои вазорат изҳори нигаронӣ намуда, ҷиҳати рафъи камбудиҳо ба масъулон дастуру супоришҳои қатъӣ дод. Бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ба амнияти кишварҳо аз хизматчиёни ҳарбӣ даъват ба амал овард, ки  ҳамеша дар ҳолати омодабоши дифоӣ қарор дошта бошанд.
- Моро зарур аст, ки вазифаҳои муқаддаси худро сарбаландона иҷро намуда, дар муқобили хатарҳои ҷаҳони муосир ҳушёру зирак бошем, - таъкид кард вазири мудофиаи мамлакат.
Лашкар ШАРИФӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 51

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД

ҲИКМАТИ ОЗОДАГОН". ДАЪВАТ БА МУБОРИЗАИ БИДУНИ СИЛОҲ

ИНТИҚОЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МОҲӢ

Ҷаҳон дар як сатр

Аз Хома рондани “Ҷабҳат ан - Нусра”

Си Ҷинпин Доналд Трампро ба худдорӣ даъват намуд

Ҳукми қатл ба 20 ҷонибдори Мурси

Ҷек Ма роботҳоро на рақиб, балки шарики инсон мешуморад

Занбӯруғ – куҳантарин мавҷудоти рӯи Замин

24.04.2017


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ

Вусъати ҳамкориҳо дар бахши тандурустӣ

Марди накуном намирад ҳаргиз

Ғалабаи хонандаи тоҷик дар бозиҳои XII Делфи

ДАЪВАТ. Сафи ихтиёриён меафзояд

ЗАФАРОБОД. То ҳосилнокӣ беҳтар шавад...

РОҲҲО агар ободанд...

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Қирғизистон ҷангие дастгир шуд, ки нияти амалҳои террористӣ дар кишварҳои ИДМ – ро дошт

Пентагон: «ДИ» пойтахташро аз Раққа ба Дайр - уз - Зор кӯчонд

Арабистони Саудӣ хароҷоти ҳарбияшро 30 дарсад кам кард

Дар Британия як рӯзро бидуни истифодаи ангишт гузаронданд

Суди Имреа телефони мобилиро ба саломатӣ зарарнок ҳисобид

21.04.2017


Тоҷикистон амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ эътироф шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед