logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд.
МАҲВИ АЗИМҶУССАҲО
Лаванд, кундзеҳн, гаронвазн, камҳаракат, бесулуқай… Ҳанӯз дар асри XVIII олими олмонӣ Фридрих Теодор Фишер чунин тавсиф карда буд динозаврҳоро. Аз ҳамон давра, вақте ки устухонҳои боқимондаи динозаврҳо бори нахуст ёфт шуданд, ин махлуқҳо ҳамин гуна баҳои манфӣ гирифтанд. Беҳад азимҷуссаву вазнашон қариб ба 100 тонна мерасид, вале мағзи сарашон аз донаи чормағз калон набуд,  умуман ба тағйирёбии иқлим мутобиқнашаванда буд, мегуфтанд дар ҳаққаш. Аммо динозаврҳо дар Замини мо 140 миллион сол зистанд. Боиси тааҷҷуб нест, ки онҳо мутобиқи қоидаҳои интихоби табиӣ ба марг маҳкум шуда буданд ва аз худ пайе нагузошта маҳв гаштанд.
Воқеан ҳам, магар ҳамааш чунин буд? Палеонтологҳо сари ин масъала имрӯз нисбат ба дирӯз бештар андеша меронанд. Масалан, дар бораи хислати «сустҳаракатӣ» - и динозаврҳо. Олими англис Р. Александер, аз донишгоҳи Лидск, пайҳои сангшудаи боқимондаи баъзе намудҳои динозаврҳоро чен карда, исбот намуд, ки онҳо чорпоя дар як соат чор километр роҳ мерафтаанд, агар танҳо бо ду пойи қафо роҳ раванд, суръати ҳаракаташон дар як соат сездаҳ километрро ташкил медодааст.  Палеонтолог Роберт Бекар, аз донишгоҳи Балтимор, чунин меҳисобад, ки суръати ҳаракати баъзе намудҳои динозаврҳо дар як соат то ба панҷоҳ километр ҳам мерасидааст. 
Динамизми динозаврҳо бисёр палеонтологҳоро муътақид сохт, ки ин махлуқҳо на ба синфи хазандаҳо, ки аз замонҳои пеш чунин мепиндоштанд, балки ба ҳайвоноти гармхун мутааллиқанд. Зеро соатҳои зиёд дар офтоб хоб намерафтанд, то ки барои баданашон гармии офтобро захира намоянд. Ба ин онҳо эҳтиёҷ ҳам надоштанд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ҲИКМАТИ РОСТГӮЙӢ
Унсурулмаолии Кайковус гуфт: «Эй писар, бояд, ки мардум сухангӯю сухандон бувад ва аз бадон сухан нигаҳ дорад. Аммо ту, эй писар, сухан рост гӯй ва дурӯғгӯй мабош ва хештан ба рост гуфтан маъруф кун, то агар ба зарурат дурӯғе бишнаванд, бипазиранд. Ва ҳар чӣ гӯӣ, рост гӯй. Валекин рости ба дурӯғ монанд магӯй, ки дурӯғи ба рост монанд мақбул бувад ва он рости монанд ба дурӯғ номақбул. Пас, аз рост гуфтани номақбул парҳез кун»…
Таҳияи Б. БАҲОДУР


КАНАЛИ АМУЮ БУХОРО
Шабакаи обёриест, ки солҳои 1963 – 1965 барои аз дарёи Аму обёрӣ намудани воҳаҳои Бухоро ва Қарокӯл сохта шудааст. Канали Амую Бухоро аз ноҳияи
Фароби  Ҷумҳурии Турк-манистон оғоз ёфта, ба воситаи биёбони Қароқум то обанбори Қуйимазор (доманаи Денгизкӯл) мерасад. Дарозии канал 180 км буда, 140 км он аз биёбон мегузарад. Иқтидори обгузаронии канал 160 м3/сония аст. Дар канал 58 иншооти гидротехникӣ:  пулҳои роҳи оҳан, автомобилгард, лӯлаҳои обпарто ва дигар бунёд карда шудаанд. Пойгоҳҳои обкашии Ҳамза ва Қуйимазор дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ калонтарин пойгоҳҳои обёрӣ маҳсуб мешуданд. Соли 1968 баъди бунёди навбати дуюми канал тӯли он боз 68 км дароз шуда, ба канали Шофирком пайваст гардид. Иқтидори навбати дуюми он 100 м/с афзуд. Канали Амую Бухоро 165 ҳазор га заминҳои бекорхобидаро обёрӣ мекунад.
Таҳияи Мирзои ФИРӮЗ


САГҲОИ АВРУПОӢ
Духтари Иля Эренбург нақл мекунад, ки :
– Вақте хонаи мо дар таъмир буд, аҳли оила сагҳоямонро низ ҳамроҳ гирифта, барои як моҳ ба меҳмонхона рафтем. Сагҳо, албатта, ба дигарон халал мерасонданд.
 Баъди чанд рӯз директори меҳмонхона дари моро кӯфт:
- Иля Григорйевич! Мо шуморо бисёр эҳтиром мекунем, аммо сагҳои шумо… Охир меҳмонхонаи мо ба ҳар ҳол аврупоист. Шумо моро дуруст фаҳмед…
Эренбург оромона посух дод:
– Ягона чизе, ки дар меҳмонхонаи шумо аврупоист, ҳамин ду саги ман аст.
Аз русӣ тарҷумаи М. ЗУВАЙДОВА


НАҲАНГИ "МЕҲМОН"
Сокинони Венетсия дар канали худ наҳангеро дида, ба таҳлука афтоданд.
Шоҳидони ин рӯйдоди ғайриодӣ бар ин назаранд, ки гармшавии глобалӣ боиси аз роҳи шиноаш баромадани наҳанг шудааст ва он ба ҷои ба Атлантикаи Шимолӣ шино кардан аз тариқи Гиблартар ба баҳри Миёназамин афтодааст. Ин маротибаи дувум аст, ки наҳанг ба соҳилҳои Венетсия меояд. Бори аввал ин иттифоқ замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ рӯй дода буд. Он вақт, ки гуруснагӣ ҳукфармо буд, одамон наҳангро дошта хӯрданд.
Вале имрӯз, ки замони осоиш аст, бо вуҷуди он ки ҷонвари бузургҷуссаи обӣ хеле мушкилотро  ба бор оварда, чандин заврақро зери об кард, касе кӯшиши «ранҷондан»-и ӯро накард.
Баръакс, экологҳо наҳангро наҷот дода, ба баҳр расонданд.
Таҳияи Барноз ГАДОАЛИЗОДА


Рӯзнома дархостҳои доираи васеи хонандагонро ба инобат гирифта, ба чунин қарор омад, ки зери рубрикаи «Бозиҳои олимпӣ дар Юнони қадим» силсилаи матолиби марбут ба таърих, қиссаву ривоятҳои Бозиҳои олимпиро дар саҳифаи «Шоми шанбе» манзури хонандагони азиз намояд.
ОЛИМП – ГАҲВОРАИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Бозиҳои олимпӣ дар он намуде, ки имрӯз мо медонем таърихи қадима доранд ва ба давраҳои антиқ мансубанд. Ҳама чиз аз Пелопоннес дар Юнон тахминан 3 ҳазор сол қабл шурӯъ шуд. Зӯрозмоиҳои варзишӣ дар Олимп баргузор мегардиданд ва маҳали доиргардияшон номи Бозиҳои олимпиро мегирифт. Кай оғоз гардидани онҳо номаълум аст, вале нахустин маълумот дар бораи бозиҳои олимпӣ ба соли 776 - и то милод тааллуқ дорад.
Бозиҳо дар як макон ҳар чор сол сурат мегирифтанд. Ин давраи чаҳорсола номи Олимпиадаро гирифт ва чун системаи солшуморӣ истифода мешуд: гузариши вақт аз рӯи Олимпиада ҳисоб мегардид, на ба солҳо.

ОҒОЗИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Олимп – кӯҳи баланди серхарсанг, воқеъ дар шимоли Юнон макони худоҳои Юнони Қадим ба шумор мерафт.
Таърихи пайдоиши Бозиҳои олимпӣ дар Юнони бостон саршор аз қиссаву ривоятҳост, аммо дақиқан мушаххас аст, ки гузарондани онҳоро дар шаҳраки Олимп, воқеъ дар ҷануби Юнон, қисмати ғарбии нимҷазираи Пелопоннес дар минтақаи Элид шурӯъ карданд.
Тибқи яке аз ривоятҳо дар онҷо худо Кронос ҳукмронӣ мекард. Аз тарси бо дасти яке аз фарзандон кушта шудан ӯ кӯдакони навзодашро фурӯ мебурд. Модари бадбахт Рея писари навбатиашро, ки Зевс ном дошт, ба чӯпоне супурд ва бар ивази ӯ ба падар дар матое сангро печонда дод. Падар аз иваз кардани писар бехабар монд ва сангро фурӯ бурд. Зевси азимҷуссаву баҳодуре гардида, бо Кронос ба муҳорибаи марговар пардохту онро мағлуб кард. Аз шиками падари ҳариси хӯранда бисёр бародарону хоҳарони Зевс берун омаданд. Ба муносибати ин рӯйдод Зевс зӯрозмоиҳои беғаразонаву бовиҷдононаи мардони пурзӯр, чолок ва ҷасурро ташкил кард, ки дар натиҷа макони баргузориҳои он Олимп номида шуд. Дар ҷойи зебои булутзор, ки ба Зевс бахшида шуда буду дар наздаш маъбад дошт, макони баргузории мусобиқаҳоро сохтанд. Зӯрозмоиҳо ба Зевси Олимп бахшида мешуданд.
(Идома дорад)
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ЗАН ВА МАРД ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА
Ҳоло дар дунё тақрибан 7,5 миллиард нафар ба сар мебарад. Раванди афзоиши шумораи аҳолӣ дар ҳар кишвар гуногун сурат мегирад. Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, ИМА ва дигар кишварҳои қораи Африқо афзоиши ҳамасолаи аҳолӣ мусбат арзёбӣ шуда, аз нишондоди аз 0,5 то 3 дарсад боло меравад. Дар Русия низ аз соли 2012 - ум афзоиши аҳолӣ пайи ҳам боло меравад.
Мутахассисон пешгӯӣ мекунанд, ки миқдори аҳолӣ то соли 2050 ба 9,2 миллиард хоҳад расид. Феълан таносуби 101 мард ба 100 зан муайян карда шудааст. Муайян кардаанд, ки дар рӯи Замин 3,7 миллиард зан ба сар мебарад. Дар байни таваллудшудагон ҳиссаи зиёдтари навзодон аз ҷинси марданд. Аммо, занон нисбат ба мардон бештар умр мебинанд. Аз ин бармеояд, ки дар байни солхӯрдагон занон бештаранд.
Таҳияи Ш. АБРОР


ГРЕГОРИ СМИТ
Грегори соли 1990 таваллуд шуда, дар 12 – солагӣ номзад ба Ҷоизаи Нобел мегардад. Ӯ хонданро дар дусолагӣ ёд гирифта, дар 10 - солагӣ ба донишгоҳ дохил шудааст. Грегори на танҳо ба омӯзиши илмҳои дақиқ шуғл меварзид, балки чун  узви фаъоли ҳаракати ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон  ба бисёре аз кишварҳои дунё  сафар мекард.
Ӯ асосгузори ҳаракати International Youth Advokates буда, ба тарбияи  фаҳмиши байни кӯдакон дар ақсои олам машғул аст.
Писарбачаи қобилиятнокро суҳбат бо Билл Клинтон ва Михаил Горбачёв, ҳамчунин, суханронӣ намудан дар яке аз ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳид мушарраф шудааст.
Дар ин муддат номзадии ӯро 4 маротиба барои гирифтани Ҷоизаи Нобел пешниҳод намудаанд, вале мутаассифона, ба гирифтани ҷоиза ноил нагаштааст.
Таҳияи Умар АЛӢ


РЕВОҶ ОЁ МЕДОНЕД?
Ревоҷ гиёҳи кӯҳии хӯрданбоб буда, байни мардуми тоҷик бо номи чукрӣ машҳур аст ва барои табобати бемориҳои гуногун аз он истифода мешавад.
Тавре дар «Энсиклопедияи тиббӣ» зикр шудааст, дар таркиби ревоҷ витамини С, қанд, кислотаҳои органикӣ (асосан ҷавҳари лимӯю себ, оксалат), намакҳои К, Са, Р, Мg, мавҷуданд.
Дар Тибет ревоҷро давои иллати меъдаву рӯда ҳисобида, аз он кампот, мураббо, май ва кисел тайёр мекунанд. Абуалӣ ибни Сино чукриро барои муолиҷаи диққи нафас, заъфи ҷигар, дарди меъда, хала, исҳоли хунин, иллати гурдаву пешобдон ва ғайра ба кор мебурд.
Истеъмоли ин гиёҳ табларзаро шифо мебахшад, ташнагиро мешиканад, иштиҳоро мекушояд, кори ҷигар ва меъдаро тақвият мебахшад.
Агар онро бардавом бихӯранд ба баромадани пучак дар бадан монеъ мешавад. Дар тибби муосир хока (0,1 – 0,3 г), шарбат ва қиёми спиртии решаи ревоҷ чун омили исҳоловар ва тақвиятбахши кори рӯда истифода мешавад.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


НОДИРТАРИН ГУЛҲОИ ҶАҲОН
Ҷон Миддлемист яке аз беҳтарин гулпарвари англис соли 1854 ҳангоми саёҳат дар қаторкӯҳҳои Чин тасодуфан садбарги зебоеро дида, ба он мафтун мешавад.
Миддлемист ин гули ғайриодиро барои парвариш ба Британия меорад. Он замон ӯ ҳатто тасаввур карда наметавонист, ки бо ин амалаш охирин намояндаи ин садбарги зеборо аз нобудшавӣ наҷот дода, бо шарофати ин боғбон гул номи Миддлемистро мегирад.
Миддлемисти сурх ҳамчун нодиртарин гули сайёра маҳсуб ёфта, айни замон дар олам танҳо 2 адади он арзи ҳасти дораду халос. 
Гули дигаре, ки дар қатори нодиртарин ва дар вартаи маҳвшавӣ қарор дорад смолевкаи гибралтарӣ мебошад. Ин намуди гулро то соли 1994 танҳо дар қуллаҳои кӯҳҳои гулӯгоҳи Гибралтар вохӯрдан мумкин буд. Айни замон, ҳамагӣ ду адади он боқӣ мондааст, ки дар боғҳои ботаникии Гибралтар ва шоҳигарии Лондон парвариш карда мешаванд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


«ТАМАШКИ ТИЛЛОӢ» ҶОИЗА – ПИСХАНД
Агар ҷоизаи «Оскар» барои дастовардҳои бузург дар санъати синамо дода шавад, мукофоти «Тамашки тиллоӣ» соли 1981 ба хотири нишон додани нуқсу камбудиҳои таҳиягарони филм таъсис ёфтааст. Мафҳуми «тамашк» аз ифодаи англисии «blowraspberry» гирифта шуда, маънояш писханд задан ба касе ё чизе мебошад.
Чун анъана лауреатҳои мукофоти «Тамашки тиллоӣ» як рӯз қабл аз  супурдани  ҷоизаи «Оскар» эълон  карда мешаванд. Ҷоиза пластмасси зарҳалӣ буда, камтар аз 5 доллари ИМА арзиш дорад. Мукофот дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонии аъзои Фонди ҷоизаи  «Тамашки тиллоӣ», ки аз  500 нафар иборатанд, барои  бадтарин филм, сенария, режиссёр, иҷрои нақши занона ва мардона, занона ва мардонаи дуюмдараҷа, дуэт, приквел, сиквел, ремейк ва  плагиат  дода мешавад.
Аввалин лауреатҳои мукофоти «Тамашки тиллоӣ» Нил Даймонд (барои иҷрои бадтарини нақши мардона) ва Брук Шилдс (барои иҷрои бадтарини нақши занона)  гаштанд.
Бояд гуфт, ки ҷоизадорони «Тамашки тиллоӣ» гирифтани онро ба худ ор медонанд, аммо коргардон Пол Верховен аввалин нафаре мебошад, ки дар маросим иштирок намуда, мукофотро пазируфт.
Ҷолиб он аст, ки  соли 2005  президенти ИМА Ҷорҷ Буш, вазири мудофиа   Доналд  Рамсфелд ва мушовири президенти ИМА оид ба амнияти миллӣ Кондолиза Райс барои ширкат дар филми ҳуҷҷатии Майкл Мур «Фаренгейт 9/11» соҳиби ин мукофот мешаванд.
Соли 2000 ҳангоми ҷамъбасти садсола ҳунарманди машҳур Силвестр Сталлоне, ки бо иҷрои нақш дар филмҳои «Рэмбо: хуни аввалин» ва «Рокки» ном баровардааст,  аз ҷониби муассисони ҷоизаи «Тамашки тиллоӣ»  бадтарин ҳунарманди асри XX дониста шуд.
Соли 2012 дар маросими 32-юми ҷоизасупорӣ филми амрикоии «Ҷек ва Ҷилл» рекорди бесобиқа  гузошта,  соҳиби 10 мукофоти «Тамашки тиллоӣ» гардид.
Исмоилзода САИДА, донишҷӯи ДМТ


ЧАК ФИНИ МИЛЛИАРДЕРИ БЕХОНА
Чак Фини, миллиардери 82 – сола, соҳиби сарват дар ҳаҷми 7,5 миллиард доллар аст. Аммо, бо ҳамаи ин дороӣ бехона буда, иҷора гирифтани ҳуҷраро афзалтар медонад. Дар тайёра дар эконом - класс  парвоз мекунад. Мошини шахсӣ ҳам надорад.
Аз нигоҳи аввал метавон ӯро шахси хасис номид, вале чӣ мегӯед, ки тӯли 30 соли охир вай бо мақсади хайр зиёда аз 6 миллиард доллар сарф намудааст. Ин пулҳо барои соҳаҳои маориф,  тандурустӣ, илм, нигоҳдории хонаҳои пиронсолон дар ИМА, Ветнам, Австралия, Африқои Ҷанубӣ ва Ирландия, ҷазираҳои Бермуд масраф шудаанд. Чак бо ин иктифо карданӣ нест ва нақша дорад, ки ҳамаи маблағҳои мондаашро сарфи корҳои хуб намояд.
Ӯ ба пул ҳавас надорад, ба шуҳрат ҳам. Чак Фини кори худро аз фурӯши машрубот ба маллоҳони флоти ҳарбӣ - баҳрӣ оғоз намуда, сипас ширкати азиме таъсис дод. Даромади вай бо суръати ҳайратангез меафзуд. Ба андешаи худаш маҳз аз корҳои хайриявӣ  баракат ёфтааст.
Таҳияи Л. ШАРИФ


СИМОИ ОДАМОНИ ОЯНДА ОЛИМОН ЧӢ МЕГӮЯНД?
Кормандони созмони таҳқиқотии ASAP Science - и Канада кӯшиши ояндагӯйии тафовути инсони муосир аз ояндаро намуда,  пешгӯйӣ мекунанд, ки дар оянда одамон қадбаландтар ва сабзгуна мешаванд.
Олимон гумон доранд, ки қабл аз ҳама, пӯсти одамон нисбатан гандумгун мешавад, - иттилоъ медиҳад  The Daily Mail.
Ин аз сабаби тақвияти афканишоти ултрабунафш ба амал меояд. Ба иттилои таҳқиқгарон дар давраи таҳаввул қади миёнаи одам хеле баланд шуд. Пас аз ҳазор сол одам аз насли қадимаи худ тақрибан як сар баланд хоҳад буд.
Ба ақидаи олимон насли инсон аксаран хароб мегардад, зеро одамони қавитан дар шароити афзуншавии ҳарорати ҳаво зиста наметавонанд.
Ғайр аз тағйироти таҳаввулотӣ таҳқиқгарони ASAP Science тавассути озмоишҳои биоинженерӣ  шакли баъди ҳазор сол ба сатҳи сифатан нав воридшавандаро пешгӯйӣ мекунанд.
Таҳияи Ш.ҚУРБОН


АҶОИБОТ  ДАР БОРАИ ХОНАҲО
Дар наздикии кӯли Сугскои Швейтсария хонаи истиқоматие сохта шудааст, ки бо зебогии худ ҳар бинандаро мафтун мекунад. Сохтмони ин хона 5 сол идома ёфта, дар он зиёда аз  200 ҳазор килограмм маҳсулоти нодир,  аз қабили устухони динозавр, метеоритҳо, платинаҳо ва  тиллои холис истифода шудааст. Ин хона дар масоҳати 752 метри мураббаъ доман паҳн карда, аз 8 ҳуҷра ва 4 таваққуфгоҳи мошинҳо иборат аст. Хона, ки ба Кевин Хубер мутааллиқ аст, 12,2 миллиард доллари амрикоӣ арзиш дорад.
- Хурдтарин хона дар шаҳри Уэлси Бритониёи Кабир сохта шудааст. Аввалин истиқоматкунандаи он Роберт Ҷонс буд. Баландии хона 1,8  ва паҳнояш 3,5 метр мебошад. Новобаста аз он ки иқомат дар чунин хона номумкин аст, то ҳол ин манзили назарногир побарҷост ва аз насл ба насл гузашта яке аз  тамошогоҳҳои маъруфи сайёҳон маҳсуб меёбад.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2017    №: 82    Мутолиа карданд: 428

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим

Кристин Лагард: «Дар дунё соле 2 триллион доллари ИМА пора мегиранд»

Пентагон ба Афғонистон боз сарбоз мефиристад

Дар Чин беш аз 5 ҳазор мансабдор мӯҷиби ҷазо гашт

Далай – Лама: «Русия бояд узви НАТО бо қароргоҳаш дар Маскав шавад»

СҲШ мубориза бо терроризм ва экстремизмро тақвият мебахшад

18.09.2017


Низомиддин Зоҳидӣ бо Ҳаҷимэ Китаока мулоқот намуд

Баррасии масъалаҳои зӯроварии хонаводагӣ

ИДМ муқовимат бо терроризмро пурзӯр менамояд

Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Финляндия густариш меёбанд

Бунёди мактабҳои замонавӣ дар шаҳри Роғун

Зимни озодсозии Мусул 1,2 ҳазор сокини осоишта қурбон шуд

СММ: теъдоди гурезаҳои роҳинҷа метавонад то 1 миллион расад

Дар Ҳиндустон дуюм сарбанди калонтарини ҷаҳон мавриди истифода қарор гирифт

Марин Ле Пен барои террористҳо суди вижа мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед