logo

иқтисод

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. ТАШАККУЛИ МОДЕЛИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар толори калони Вазорати рушди иқтисод ва савдо Конфронси байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид.
Ашурбой Солеҳзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Шариф Раҳимзода, раиси кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва олимону коршиносони шинохтаи ватанию хориҷӣ перомуни мавзӯъҳои мушкилоти рушди бозори меҳнат ва роҳҳои ҳалли он дар шароити ҷаҳонишавӣ, сиёсати соҳавӣ ҳамчун механизми татбиқи ҳадаф ва афзалиятҳои стратегии ҷумҳурӣ дар заминаи саноат, имкониятҳои иштироки Тоҷикистон дар лоиҳаҳои байналмилалии соҳаи сайёҳӣ ва дармонбахшӣ, роҳҳои баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои муҳити зист дар шароити тағйирёбии иқлим, ҷанбаҳои иқтисодӣ ва ғайра бо маърӯзаҳои илмӣ ва пешниҳодоти мушаххас баромад намуданд.
- Таҳлили марҳилаи  гузариш аз модели аграрию индустриалӣ ба модели индустриалию аграрии рушди иқтисодии ҷумҳурӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, яъне «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» тарҳрезӣ шудаанд, яке аз ҳадафҳои асосии баргузории конфронс мебошад. Ният дорем бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ чунин як конфронси байналмилалиро бо ҷалби олимону коршиносони ҷавону шинохтаи кишвар ва берун аз он дар сатҳи баланд омода намоем, - гуфт зимни суҳбат Умед Давлатзод.
Дар рафти баргузории конфронс оид ба масъалаҳои вижаи рушди иқтисодӣ ҷаласаҳои гурӯҳӣ ва  мизҳои мудаввар баргузор гардиданд. Дар интиҳо иштирокчиёни  конфронси байналмилалӣ бо мақсади маълумоти бештар пайдо намудан аз ҷараёни фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ аз минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дидан намуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2017    №: 82    Мутолиа карданд: 288

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд

Шойгу: «Дар Сурия ҳудуди нуфузи ҷангиён ду ним маротиба коҳиш ёфт»

Ҳамкории калонтарин шабакаҳои иҷтимоии Чин бо ҳукумат

Зери таҳримот ҳам иқтисоди Русия рушд мекунад

12.08.2017


Сафири Тоҷикистон дар Эфиопия эътиборнома супурд

Бунёди корхонаи истеҳсолӣ дар ноҳияи Данғара

Душанбе. Анъанаи пардохти иловапулии якдафъаина идома хоҳад ёфт

Ноҳияи Рӯдакӣ. Талабот ба либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ меафзояд

Хатлон. 15 корхона кор накард

Ҷаҳон дар як сатр

Аксари террорист – маргталабҳои «Боко Ҳарам» занону кӯдаконанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед