logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон БОЙМАТОВ, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳод ТОИРОВ, менеҷери департаменти муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Дар вақти пешниҳод намудани аризаи даъво ба суд маъюбони гурӯҳи якум аз боҷи давлатӣ озод мешаванд?

Н. Абдумалик, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

- Дар моддаи 5 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» имтиёзҳои пардохти боҷи давлатӣ пешбинӣ гардидааст. Тибқи муқаррароти сархати 19 моддаи 5 қонуни мазкур, ҳангоми баррасии парвандаҳо дар  судҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, аз рӯи даъвоҳои барқароркунии ҳуқуқҳояшон, аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд. Аз ин муқаррароти қонунгузорӣ бармеояд, ки маъюбони гурӯҳи якум дар вақти пешниҳоди даъво ба суд оид ба барқарор кардани ҳуқуқҳояшон аз пардохти боҷи давлатӣ озод ҳастанд.
* * *
- Манзили истиқоматии ман дар бинои баландошёна ҷойгир аст. Таҳхонаи биноро яке аз ҳамсояҳо соҳибӣ карда, қулф задаасту намегузорад, ки мо даромада қубурҳои обгузари умумиро таъмир ва ё барқарор намоем. Оё ин рафтори ӯ дуруст аст?
А. Салоҳ, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа

- Ҳеҷ кас ҳуқуқи соҳибӣ кардани чунин таҳхонаҳоро надорад. Сокинони бино, танҳо бо тавсияномаи идораи манзилию коммуналӣ, метавонанд ҳуҷраҳои алоҳидаро истифода баранд. Ба пурсиши шумо посух ин аст, ки ҳамсояатон рафтори нодуруст кардааст. Барои ҳалли масъала метавонед ба суд муроҷиат карда, ҳуқуқи худро барои ворид шудан ба коммуникатсияҳои умумӣ ҳимоя намоед.
* * *
 - Дар кадом ҳолатҳо ба корманд кумакпулии азкорравӣ пардохта мешавад?
Н. Наҷмиддинов, ноҳияи Темурмалик
- Кумакпулии азкорравӣ дар ҳолатҳои бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пардохта мешавад:
Бо сабаби барҳам хӯрдани корхона; ихтисори штати кормандон; ба кор наомадан дар муддати 4 моҳ пайи ҳам бо сабаби вазъи саломатӣ; ба шахсони дар ду вазифа коркунанда, бо сабаби қабули корманди доимӣ; ба роҳбари корхона, бо сабаби иваз шудани молик; бо сабаби вайрон кардани тартиби қабули корманд ба кор.
Барои ҳисоб кардани кумакпулии азкорравӣ 1/4 қисми музди миёнаи моҳона ба миқдори солҳои пурраи фаъолияте, ки корманд дар корхона кор кардааст, зарб зада мешавад. Маблағи кумакпулии азкорравӣ наметавонад аз музди меҳнати миёнаи моҳонаи корманд камтар бошад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2017    №: 83    Мутолиа карданд: 272

22.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Кай Микканен

Баррасии татбиқи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф матраҳ гаштанд

Ҷаласаи XVI Кумитаи ҳамкории гумрукӣ

10 комбайни нав дар шолизор

21.09.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Хосе Гратсиано да Силва

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ

Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ

Дар Хуросон ҳосили хуб ба даст оварданд

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Мексика ба 230 нафар расид

Дар Арабистони Саудӣ ба иди миллӣ бори нахуст занонро даъват намуданд

Насли нави рақамӣ иқтисоди Чинро дигар мекунад

20 миллиони фонди Ди Каприо ба ҳимояи муҳити зист

Дар дунё 40 миллион дар ғуломӣ қарор дорад

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед