logo

сиёсат

САМАРИ ДАРАХТИ 20 - СОЛА

Ҳар кӣ муддате дур аз Ватан заҳри ҷудоӣ чашидааст, ба қадри ҳар зарра хоку ҳар қатра оби мусаффои Ватан бештар мерасад. Инро ҳамватаноне, ки бо ҳукми тақдир соли 1992 ҳамчун гуреза дар кишвари Афғонистон буданд, эҳсос кардаанд. Он солҳо гурезаҳо дар кишвари ҳамсоя мафҳуми сулҳу ваҳдатро дар тану ҷони худ ҳис карданду парвариданд ва амиқ эҳсос карданд, ки воқеан ҳам ин мафҳум барои инсонҳо вожаи муқаддас аст.
Ҳар лаҳзаи ғурбат барои гурезаҳо даҳшатеро пеши назар меовард. Аммо онҳо бовар доштанд, ки Сарвари дилошнои миллат Эмомалӣ Раҳмон, шахсе, ки ба эътимоду боварии мардум сазовор гашта, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида буд, оташи ҷангро дар кишвар хомӯш  карда, гурезаҳоро ба Ватан бозпас хоҳад овард.
Cарвари навинтихоби давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон 12 декабри соли 1992 зимни муроҷиати худ ба мардуми ҷумҳурӣ чунин изҳор карда буд: “…Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи дурахшони Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”.
Даъвати Сарвари давлат аввалин хишти мустаҳкаме буд, дар пойдевори Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар. Роҳбари давлат дар назди худ мақсад гузошт, то гурезаҳои бо ҳукми тақдир дар Афғонистон паноҳёфтаро ҳар чи зудтар ба Ватан баргардонад. Бо мақсади ба макони зист баргардондани гурезаҳо, моҳи декабри соли 1992  бо амри Сарвари давлат ҳайати ҳукуматӣ таъсис ёфт. Ин иқдоми нек таваҷҷуҳи тамоми ташкилоту созмонҳои ҷаҳониро ба худ ҷалб карда, аз ваҳдатофарии Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён пайғом расонд.
Ҳайат моҳи январи соли 1993 озими шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон гардид. Баъд аз чанд рӯзи ошноӣ бо вазъу муҳит, дидору мулоқоти ҳайат бо намояндаҳои гурезаҳои тоҷик дар Кампи Сахӣ, ки 15 километр аз шаҳри Мазори Шариф ҷойгир буд, баргузор гардид.
Дар назди Кампи Сахӣ теъдоди зиёди гурезаҳо ҳайати ҳукуматиро хуш истиқбол гирифтанд. Гурезаҳои солхӯрда бо меҳри хоса намояндаҳои ҳукуматро ба оғӯш гирифта ашкрезон мегуфтанд, ки аз инҳо бӯйи Ватан, бӯйи сулҳу оштӣ ва баҳамоии миллат меояд. Қудуми неки инҳо роҳи бозгаштро ба Ватан бароямон мекушояд.
Воқеан, дар он рӯзҳои баҳорӣ бӯйи форами сулҳу оштӣ ба машом мерасид. Он рӯз аз хурд то бузург шод аз он буд, ки бозгашт ба Ватан наздик аст. Он рӯзи хотирмон дар ҳар кулбаи ғарибон овози ханда буду нишоту шодӣ. Он шом - шоми умеди гурезаҳои тоҷик буд, ки навмедиро аз қалби ғамборашон берун кард...
Собиқ омӯзгор, сокини деҳаи Қизил Аскари ноҳияи Шаҳритуз Ҳайдар Қиёмов дар суҳбат бо хабарнигори телевизони тоҷик Шералӣ Мустафоқулов гуфта буд, ки “Зери ниҳолу дарахтҳои ҳавлиам дақиқае нишастану аз боду ҳавои Ватан нафас гирифтанро болотару волотар аз мулки ғурбат медонам ва об, агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност”...
Ҳайати кории ҳукуматӣ ҳар рӯз аз аҳволи гурезаҳо хабар гирифта, дар якҷоягӣ бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ масъалаи бозпас гардондани оворагонро тарҳрезӣ мекарданд. Ҳайат пули иртиботе гашта буд миёни паноҳандагон ва наздикону пайвандони онҳо дар Ватан. Гурезаҳо пайваста аз наздикони худ номаҳо мегирифтанд, тариқи барномаи радиои “Хоки Ватан” аз худ дарак медоданд ва ё пайвандони гумномашонро ҷустуҷӯ мекарданд.
Ин ҳама иқдомоту саъю талоши ҳайат хашму ғазаби гурӯҳҳои мухолифи сулҳу оштиро бедор карда буд. Бадхоҳон мехостанд тарҳу нақшаи сиёҳи худро амалӣ созанд. Моҳи марти соли 1993 аввалин корвони гурезаҳо дар назди даромадгоҳи урдугоҳи муҳоҷирнишин қатор истода дар ҳоли ҳаракат буд, ки ин ҳангом дар мошинаи аввали қатор таркиш ба вуқӯъ пайваст. Хушбахтона, касе зарар надид. Мардуми ғариб аз чунин ранг гирифтани кор навмеду шикастарӯҳ нагаштанд, балки шердилона аз ҳамроҳони худ низ даъват карданд, то роҳи бозгашт ба Ватанро интихоб кунанд, қурбони дасисаи бадхоҳон нагарданд.
Баъд аз таҳқиқи тӯлонӣ билохира қатораи мусофирон озими бандари Ҳайратон гашт ва аввалин гурӯҳи паноҳандагони тоҷик савори қатора озими Ватан шуданд.
Дар навбати дуюми бозгашти гурезаҳо дар роҳи Мазори Шариф - Ҳайратон гурӯҳҳои зархариди силоҳбадаст хостанд қатори гурезаҳоро тирборон кунанд, аммо тирашон ҳадафи хок гашт. Баъди безарар гардондани ин гурӯҳҳои бадхоҳ маълум шуд, ки онҳо мехостаанд бар ивази маблағи калон аз ҷониби хоҷагонашон даст ба чунин кор зананд. Ҳеҷ гуна таҳдиду хатар ва дасисаву иғвои бадхоҳон садди бозгашти паноҳандагон нагашт. То ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар беш аз 40 ҳазор гуреза ба Ватан баргашт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Шаҳритузу Қубодиён сафар карда, аз ҳоли гурезаҳои ба Ватан баргашта дидан намуд ва ба ниҳодҳои қудратӣ ва дигар масъулон супориш дод, то таъмини амнияти гурезаҳои бозгаштаро амалӣ созанд ва онҳоро бо ҷойи хобу маводи ғизоӣ таъмин намоянд. Ташрифи Сарвари давлат дар қалби бозгаштаҳо умедро ба ояндаи дурахшон бедор кард...
Қабл аз ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки «Мусолиҳаи миллӣ барои ҷумҳурии мо чун обу ҳаво зарур аст. Мо танҳо бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардуми ҷумҳуриро устувор карда метавонем».
Ҳамин тавр 27 июни соли 1997 бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расид. Ин рӯз дар таърихномаи миллат саҳифаи сабақомӯз гашт, ки аз иқдоми хирадмандонаи  Пешвои миллат дарак медиҳад.
Ба ваҳдату сулҳофаринии Пешвои миллат созмону ташкилотҳои байналмилалӣ баҳои баланд дода, пойтахти кишварамон шаҳри Душанберо “Шаҳри сулҳ” эълон карда, ҷаҳду талошҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати ба даст овардани сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон бо  “Ситораи  тиллои Сулҳ”  қадрдонӣ намуданд.
Инак, соли бистум аст, ки дарахти парвардаи ваҳдати миллат самар меорад ва аз меваи шаҳдбору лазизи он хурду бузурги миллат ком ширин мекунанд. Дигар ҳеҷ бадхоҳу тангназаре тавоне надорад, ки сулҳу ваҳдати моро халалдор созад. Зеро мо мардуми кишвар дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гашта, мушти устувору қавие гаштаем, ки бо он ба бадхоҳони миллат зарбаи ҷонкоҳе хоҳем зад. Мо кӯҳем ва дигар асло аз боду борон зарар нахоҳем дид. Зӯру тавони мо дар ваҳдату бародарист.
Муҳиддин ИДИЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2017    №: 83    Мутолиа карданд: 231
22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ

19.07.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Кристиа Фриланд

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Даромади софи бонк ба 15 миллион сомонӣ расид

Ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ тағйирот ворид мешавад

Масъулияти аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ баланд мегардад

18.07.2017


Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД

Мулоқот бо губернатори Токио

Машқҳои стратегии зиддитеррористӣ дар ВМКБ

«Мушкилкушо» ва «Комил» ба Қазон мераванд

Мурофиаҳои сайёри судӣ омили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Инвентаризатсияи заминҳо ба охир расид

ВАРЗОБ. Чорводорӣ рӯ ба беҳбудӣ

НАФАҚА. Камбудиҳо бартараф мешаванд

Варзиш

17.07.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Саид Оғо

Вохӯрӣ бо роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ

Баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ

Баррасии роҳу усулҳои мубориза бо коррупсия

Дарёфти 1010 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ

Бехатарии саноатӣ ва ҷавобгарии 182 шахси масъул

Рӯйхати сиёҳ вуҷуд надорад

15.07.2017


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва сохтмони роҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед