logo

маориф

И. ШОДИЕВ: «МАҚСАД - ТАРБИЯИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОС ДАР ХОРИҶА»

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 Маркази барномаҳои байналмилалӣ таъсис ёфт. Мақсад аз таъсиси марказ дастгирии хонандагони болаёқат ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар хориҷи кишвар мебошад. Ин аст, ки ҳамасола шаҳрвандони зиёде барои таҳсил дар зинаҳои гуногун: бакалавр, магистр, мутахассис, забономӯз, коромӯз тавассути марказ ба муассисаҳои илмӣ ва таълимии хориҷӣ фиристода мешаванд. Исматулло Шодиев, директори марказ, масъалаи мавриди назарро дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома шарҳ дод.
- Муҳтарам Исматулло Шодиев, бигӯед, ки Маркази барномаҳои байналмилалӣ бо кадом донишгоҳҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад ва шаҳрвандони  мо дар кишварҳои гуногун  аз рӯи кадом ихтисосҳо таҳсил менамоянд?
- Донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои хориҷӣ аз рӯи он ихтисосҳое таҳсил мекунанд, ки  дар дохили кишвар нестанд. Мақсади асосӣ омода намудани кадрҳои баландихтисоси сатҳи ҷаҳонӣ  мебошад, ки бозори меҳнатии кишвар имрӯз ба он ниёз дорад. Бо назардошти ин Ҳукумати кишвар барои таҳсили  шаҳрвандон дар хориҷа шароити мусоид фароҳам овардааст. Аз ҷумла, соли 2008 аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти кишвар стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис ёфт. Стипендияи мазкур ба  нафарони соҳибистеъдод, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ шаҳрвандонро барои таҳсил ба кишварҳои хориҷ мефиристем.
Дигар воситае, ки тибқи он шаҳрвандон дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, шартномаҳои байниидоравӣ аст, ки бо ташаббуси  Вазорати  маориф ва илм ва Маркази барномаҳои  байналмилалӣ  роҳандозӣ мешавад. Чунин шартномаҳо, аз ҷумла бо донишгоҳҳои зиёди Русия, Чехия ва давлатҳои  дигари Аврупо ба имзо расидаанд. Соли гузашта дар доираи ин ҳамкориҳо 12 довталабро барои таҳсил ба кишварҳои гуногун  фиристодем.
Дар маҷмӯъ ҳоло Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм бо 106 донишгоҳи бонуфузи кишварҳои Олмон, Чехия, Италия, Ҷопон, Малайзия, Русия,  Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон  ҳамкорӣ  дорад.

- Воқеан, стипендияи  байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» воситаи хубест барои дастгирии  шахсони болаёқат. Ҳамасола аз ин ҳисоб чанд нафар имконияти таҳсил дар хориҷи кишварро доранд?
- Аз ҳисоби стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» шартномаи солонаи таҳсили донишҷӯёне, ки дар хориҷа таҳсил доранд, суғуртаи тиббӣ, стипендия ба миқдори 100 доллари амрикоӣ ва дигар хароҷот маблағгузорӣ мешавад. Бо дарназардошти маблағи боқимонда аз рӯи он ихтисосҳое, ки  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба тайёр намудани кадрҳо дар хориҷа пешниҳод кардааст, шаҳрвандонро  дар зинаҳои гуногун: бакалавр, мутахассис, магистр, аспирант, забономӯз, коромӯз ба кишварҳои мутараққӣ мефиристонем. Соли гузашта аз ин ҳисоб  7 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд ва мо тавонистем 31 нафарро ба хориҷа барои таҳсил сафарбар намоем.

- Дар доираи ҳамкориҳои  марказ бо муассисаҳои олии кишварҳои Аврупо таҳсил барои шаҳрвандони кишвари мо чӣ гуна роҳандозӣ мегардад?
- Дар Аврупо, масалан дар Чехия, Олмон, Италия, Австрия, Фаронса таҳсил ройгон аст, агар шаҳрвандони мо забони давлатии ҳамин кишварҳоро хуб донанд, чунки таҳсил ба забонҳои давлатии онҳо сурат мегирад. Дар самти таҳсили шаҳрвандон дар Аврупо мушкилӣ низ дорем. Ин, пеш аз ҳама, номувофиқии зинаи таҳсилоти миёнаи умумии кишвари мо бо давлатҳои Аврупо аст. Дар Аврупо  низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ 12 - сола аст,  дар мо 11 - сола. Аз ин рӯ, дар Аврупо танҳо нафароне  таҳсил карда метавонанд, ки баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, як сол дар донишгоҳҳои олӣ ва ё коллеҷҳо таҳсил карда бошанд ва забонро дар ҳамон сатҳе донанд, ки  ин кишварҳо талаб менамоянд.

- Имсол барои таҳсил дар хориҷи кишвар чӣ қадар бурсия ҷудо гардид ва оё хонандагони манотиқи гуногуни кишвар имкони дастрасӣ ба бурсияҳоро доранд?
- Дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ  тавассути маркази мо 600 бурсия  ҷудо гардидааст.
Барои дарёфти хонандагони болаёқат ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар муроҷиат менамоем. Ба ин хотир,  бо воситаҳои ахбори омма низ ҳамкорӣ дорем. Аз ҷониби кормандони марказ дар шаҳру ноҳияҳои гуногун корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешавад. Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе Намоиш - ярмаркаи «Таҳсилот дар Русия: Душанбе - 2017» доир гардид. Чунин ярмаркаҳо ҳамасола баргузор мешаванд.
Барои соҳиб шудан ба бурсияҳо довталабон имтиҳони дохилшавӣ месупоранд. Дар ин имтиҳон довталабони арзанда, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ, иштирокчиёни олимпиадаҳои  ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷалб мешаванд.
Ба  ҳамаи нафароне, ки барои таҳсил ба  хориҷи кишвар фиристода мешаванд, шартномаи дутарафа ба имзо мерасад. Яке аз шартҳои асосии шартнома, баъди хатми донишгоҳ ба Ватан баргаштан ва давоми 5 сол дар муассисаву ташкилотҳои давлатӣ кору фаъолият намудан аст. Нафароне, ки тавассути стипендияи  байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва бурсияҳо дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд,  ҳангоми баргаштан  бояд бе озмун дар муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти давлатӣ ба кор қабул шаванд. Мутаассифона, ин чиз на ҳамеша  ба назар гирифта мешавад. Ба зами ин, нафароне, ки дар хориҷа таҳсил  ё коромӯзӣ кардаанд, ҳоло дар самтҳои гуногун, аз ҷумла геология, биология, сейсмология ҳамчун мутахассиси варзидаву кордон фаъолият доранд. Мутахассисони соҳаи тиб, ки имрӯз дар самти иваз намудани узвҳои инсон ба мардуми кишвар хизмат мекунанд, аз ҳисоби маблағҳои стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон»  дар кишварҳои мутараққӣ такмили ихтисос намудаанд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2017    №: 84    Мутолиа карданд: 316
21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт

Сулҳи тоҷикон – воқеаи нодири таърихӣ

Намоиши аксҳо дар бораи дастовардҳои ваҳдати миллӣ

16.06.2017


Ҷаласаи гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор шуд

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони ширкати Moody’s Investors Service

Баррасии масоили густариши равобити фарҳангӣ

Масъалаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонон матраҳ гардид

ЛАХШ. БУНЁДИ ХОНАҲО БАРОИ ЗАРАРДИДАГОН

Ҷаҳон дар як сатр

Владимир Путин 4 соат ба саволҳо ҷавоб дод

Дар СММ раёсати мубориза бо терроризм созмон ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед