logo

сиёсат

АЗ ҶАСОРАТ ТО САДОҚАТ

Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун сиёсатмадори ҷасуру поквиҷдон аз рӯзҳои аввали фаъолияти кории худ ҷомаи нангу номус ба бар карда, роҳи истиқрори сулҳро барои наҷот додани миллат аз вартаи нестшавӣ интихоб намуд.
Аввалин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми сарбаланди тоҷик то ҳол фаромӯш накардаанд, ки гуфта буд: «Ман ба шумо сулҳ меоварам… Мо ҳама бояд ёру бародар бошем».
Халқи тоҷик ҷасорату далерии Сарвари давлати худро, ки дар ҷараёни музокироти пай дар пай барои таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, махсусан, соли 1996 дар Афғонистон баргузор гардида буд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Вазъияту ин мулоқотро рӯзноманигорони рус Владимир Сухомлинов ва Генадий Шалаев дар китоби худ «Роҳ ба сӯи созиш» чунин тасвир намуданд: «Эҳтимол вохӯрии аз ҳама пуршиддат ва хатарноку бемисл дар Афғонистон 11 декабри соли 1996 баргузор шуд. Вақте роҳбарияти вақти мухолифин ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки гуфтушунидро дар рустои Хусдеҳ, ки дар шимоли Афғонистон, вилояти Тахор ҷойгир аст, гузаронанд, (гӯё ҷасорати Президентро месанҷиданд) ӯ бе ягон дудилагӣ розӣ шуд: «Ман тайёрам дар ҳар ҷой ва ҳар соат вохӯрам. Муҳим он аст, ки вохӯрӣ судманд бошад…»
Ҳамин тавр, муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Пешвои миллат мебошад. Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон нафар ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо боиси таваҷҷуҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки ҳар гоҳ нисбат ба Сардори донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.
Бузургтарин дастоварди Пешвои миллат, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.
Сарвари давлат ба ивази саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонааш дар вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардумон бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз шудааст.  Аз ҷумла, барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ҳамчунин, барои хидматҳои басо арзишмандаш дар ҳусни ҳамкорӣ, таъмини амният, сулҳу субот ва таҳкими дӯстии миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони олии давлатии «Қаҳрамони миллии Афғонистон - Аҳмадшоҳи Масъуд» низ сарфароз гаштааст.
Дар арафаи Ҷашни Ваҳдат (2005) боз як ҷоизаи олӣ - медали тиллоии "Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо" - и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид. Бояд гуфт, ки Сарвари давлати мо дар байни сарварони ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин сиёсатмадорест, ки ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардидааст.
Хулоса, бо шукргузорӣ аз оромию осоиштагии кишвари маҳбубамон бовар дорем, ки давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо корнамоиву қаҳрамониҳои роҳбари муаззами тоҷикони дунё, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  шуҳрат ёфта, мавқеи худро боз ҳам пурзӯру устувортар менамояд.
Шаҳбози РУСТАМШО, 
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2017    №: 86    Мутолиа карданд: 238
22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ

19.07.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Кристиа Фриланд

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Даромади софи бонк ба 15 миллион сомонӣ расид

Ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ тағйирот ворид мешавад

Масъулияти аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ баланд мегардад

18.07.2017


Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД

Мулоқот бо губернатори Токио

Машқҳои стратегии зиддитеррористӣ дар ВМКБ

«Мушкилкушо» ва «Комил» ба Қазон мераванд

Мурофиаҳои сайёри судӣ омили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Инвентаризатсияи заминҳо ба охир расид

ВАРЗОБ. Чорводорӣ рӯ ба беҳбудӣ

НАФАҚА. Камбудиҳо бартараф мешаванд

Варзиш

17.07.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Саид Оғо

Вохӯрӣ бо роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ

Баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ

Баррасии роҳу усулҳои мубориза бо коррупсия

Дарёфти 1010 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ

Бехатарии саноатӣ ва ҷавобгарии 182 шахси масъул

Рӯйхати сиёҳ вуҷуд надорад

15.07.2017


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва сохтмони роҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед