logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ТИРЕЗА
Дар беморхона, дар ҳуҷрае, ки ду кат гузошта шуда буд, ду маризи бедаво мехуфтанд. Ҳар ду кати якхела, шароити комилан ҳамсон доштанд. Ягона фарқ: якеи онҳо метавонист аз ягона тирезаи ҳуҷра берунро бубинаду дигарӣ аз ин маҳрум буд. Аммо гӯё барои ҷуброн дар паҳлуи худ тугмачаи даъвати ҳамшираи шафқатро дошт.
Рӯз шабро иваз мекарду шаб рӯзро, фаслҳои сол паси ҳамдигар меомаданду мерафтанд. Оне, ки назди тиреза мехуфт, ҳар чӣ дар берун медид, ба ҳамсояаш нақл мекард:. ана дар кӯча борон меборад, барф заминро сафед мекунад ё офтоб нурафшон аст, ана дарахтҳо ҳарири нуқрагун ба бар кардаанд, атроф гулпӯш шуд, замин махмалин гашт, ё қабои зарду сурх ба бар кард... ана дар кӯча одамон равуо доранд, мошинҳо дар ҳаракатанд. Яъне дар он тарафи тиреза ҳаёт дар ҷӯш аст.
Боре шабона аҳволи оне, ки зери тиреза мехуфт, бад шуду аз ҳамсояаш илтимос кард, ки ҳамшираи шафқатро даъват кунад. Лек вай аз чӣ бошад, ки ин корро накард. Ва бемори назди тиреза ҷон дод.
Рӯзи дигар ба ҳуҷра маризи дигарро оварданд. Бемор хоҳиш кард, ки ӯро ба кати назди тиреза хобонанд. Хоҳишашро ба ҷо оварданд ва ниҳоят дид, ки... аз тиреза танҳо девори тираранг менамуду халос...
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


АЙНӢ ва ҷомаи САДРИ ЗИЁ
Рӯзе Садри Зиё ба яке аз шогирдонаш супориш медиҳад, то ба як хешовандаш нома нависад, ки ҳам таъзиянома бошад, ҳам таскинбахш. Шогирд аз уҳдаи навиштани чунин нома намебарояд ва аз Садриддин Айнии ҷавон ёрӣ мепурсад. Устод он номаро чунон устокорона ва мураттабу муназзам менависанд, ки аз хондани он Садри Зиё ҳайратзада мешавад ва инчунин, ҳис мекунад, ки чунин номаро аз шогирдонаш танҳо Айнӣ навишта метавонад. Дар он замон ба ин тарзу усул ва беғалату бомазмун навиштан аз дасти ҳар кас ҳам намеомад.
Садри Зиё ба Айнӣ ҷомаи худро ҳадя мекунад. Ҷома чунон калон буд, ки Айнии лоғару хурдҷусса дар дохили он гум шуда меравад. Аз чунин сурат гирифтани кор номанавис оҳиста ашки шодӣ ҳам мерезад.
Устод Садриддин Айнӣ менависанд, ки ин ҷома нахустин «гонорар» - и ман буд. Аввалҳо барои хизматҳои гуногун аз Садри Зиё пул гирифта будам, аммо бори аввал иттифоқ афтод, ки барои навиштаам дастмузд бигирам. Баъдан барои чопи китобу мақолаҳои ҷудогонаам ба миқдори калон «гонорарҳо» гирифтам, барандаи чандин ҷоизаҳо будам, аммо қадри ҳамон нахустин ҳаққи қаламам – ҷомаи Садри Зиё  аз ин ҳама болотар буд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


1 МАЙ ДАР КУҶО ЧӢ ХЕЛ?
Дар Фаронса  1 май ба ғайр аз иди меҳнаткашон чун иди гулҳо низ эътироф гардидааст. Дар ин рӯз одамон ба якдигар гулҳои нодир ва туҳфаҳои гаронбаҳо тақдим мекунанд. Нафари туҳфагирифта вазифадор аст, ки онро то баҳори оянда нигоҳ дорад. Фаронсавиҳо дар ин рӯз думи  говҳоро бо гулҳои рангин зиннат дода, дар кӯчаҳо мегардонанд. Ақидае вуҷуд дорад, ки ба чунин гов даст расондан барои ҷавонон бахту саодат меорад.
Дар Амрико 1 майро чун рӯзи ҳуқуқ ва тандурустии кӯдакон ҷашн мегиранд. Барои мардуми Итолиё 1 май рӯзи хушбахттарини сол аст. Дар ин рӯз онҳо баҳри якдигар ҷуфти муносиб ёфтанро фоли нек мешуморанд.
Дар Нидерландия ҳафтаи аввали моҳи май фестивали бошукӯҳи «Гули лола» баргузор мегардад, ки бинандаро мафтун месозад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ТАНБАЛ
Нависандаи машҳури фаронсавӣ Оноре де Балзак аз ҳусни хат характер ва тақдири инсонро мегуфт ва бо ин «истеъдодаш» фахр ҳам мекард. Боре як зани калонсол ба нависанда мактуберо нишон дода мегӯяд:
- Ба ин мактуб нигареду дар бораи соҳиби ҳусни хат ягон чӣ гӯед, ин хатчаро писарчаи 12 - сола навиштааст.
Балзак ба ҳусни хат диққат дода гуфт:
- Ин писарча танбал аст ва ояндаи дурахшон ҳам надорад...
Зан баланд хандиду гуфт:
- Ин мактубро худат ҳангоми 12 - сола буданат навиштӣ.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


ПИЁДАГАРДӢ. ОЁ МЕДОНЕД?
Муфид будани роҳгардиро  олимон дер боз таъкид медоранд. Он на танҳо баданро, балки мушакҳоро ҳам мустаҳкам мекунад. Олимони Донишгоҳи амрикоии Ню - Мексико (NMHU) маълум карданд, ки дар вақти роҳгардӣ ҷоришавии хун ба мағзи сар фаъол шуда, зудии кашиши дил муътадил мегардад.
Онҳо фишори 12 ихтиёриро ҳангоми роҳгардии фаъол санҷида, аз назорати тиббӣ гузаронданд. Муайян шуд, ки ҷоришавии хун ба мағзи сар ҳангоми роҳгардӣ дар қисми бештари онҳо мушоҳида мешавад.  Олимон қайд карданд, ки ин нисбат ба давидан камтар, вале назар ба дучархасаворӣ манфиатноктар аст. 
Чанде пеш кормандони илмии Донишгоҳи Глазгои Британияи Кабир маълум карданд, ки дучархасаворӣ хавфи инкишофи саратон ва бемориҳои дилро 50 дарсад кам мекунад. Ба андешаи онҳо, сайр бо дучарха метавонад эҳтимоли марги пешазмаҳалро то 41 дарсад кам намояд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


ДЕВИ САФЕД
Этнографи варзида М.С.Андреев аз рӯи нақлу ривоятҳои мардумӣ дар бораи Деви сафед чунин изҳори назар мекунад: «Деви сафед дар тасаввури яғнобиён ба сурати зани зебои қоматбаланд ва дар танаш либоси сафед намудор мешудааст. Деви сафед ба гурӯҳи махлуқони хуб дохил буда, дар ҳар хона, ки пайдо шавад, гӯё дар он хона файзу баракат зиёд мешудааст.». Ин дев баъзе вақтҳо дар шакли ҷавон ва гоҳе ба сурати зани пир намудор мегардидааст. Баъзеҳо онро дар шакли пӯкчаи чароғ тасаввур мекарданд ва ҳамин, ки даст дароз кунанд, нопадид мешудааст. Деви сафед ҳомии занҳо буда, ба мушкилоти онҳо осонӣ ва дар корҳои занона файзу баракат меовардааст.
Таҳияи Тағоймурод ЁРОВ


ЭЙНШТЕЙН ВА МАОШИ Ӯ
Баъди ба Амрико омадан, аз Алберт Эйнштейн даъват карданд, ки дар Донишгоҳи Принстон роҳбарии кафедраи физикаро ба уҳда гирад. Дар рафти мулоқот декани факултет аз ӯ пурсид:
– Муҳтарам профессор, лутфан бигӯед, ки чӣ қадар моҳона доштан мехоҳед?
– Иҷозат диҳед, бо ҳамсарам машварат кунам, - аз саволи ногаҳонӣ ҳайрон шуда, гуфт Эйнштейн. Ва аз дасти хонумаш дошта, ба кунҷи хона рафт. Декан назора мекард, ки чӣ гуна профессор бо ҳамсараш  пичирросзанон ва гоҳе ангуштонашонро шумурда, машварат доранд.
Ниҳоят Эйнштейн наздиктар омада, дар рӯ ба рӯи декан нишаст:
– Мо ҳамроҳи ҳамсарам ба хулосае омадем, ки 200 доллар дар як моҳ пурра барои рӯзгорамон кифоят мекунад. Ин ба андешаи шумо зиёд нест?
Декан аз шунидани ин пешниҳоди барояш тамоман ғайричашмдошт лаҳзае беҳаракат, балки карахт монд, сипас ба худ омада, табассумкунон гуфт:
– Профессор, беҳтараш донишгоҳ худаш моҳонаи шуморо муқаррар мекунад. Фақат як хоҳиш дорам: ба ҳеҷ кас нагӯед, ки заҳмати худро дар муассисаи мо чӣ қадар арзиш додед…
Аз русӣ тарҷумаи М. ЗУВАЙДОВА


КАЛИСО ЯК СОХТМОНИ ҒАЙРИОДӢ
Тайван ҷазираест дар қисми ҷанубу шарқии Чин. Қаблан ин як давлати мустақил буд, аммо баъдан ба ҳайати Чин дохил шуд. Дар ҳар сурат, ин ҷазира бо фарҳанги хеш тафовут дорад.
Ба наздикӣ дар қисмати ҷанубу ғарбии Тайван калисои ғайриодие бунёд гардид. Ҷаззобияти он дар шакли сохтмон аст, ки намуди туфличаи булӯринро дорад. Туфлича рамзи пойафзоли духтаре аст, ки дар маъбад зиндагӣ мекунаду бар асари фалокат аз ду пой маҳрум шуда, аз издивоҷ бо ҷавони дӯстдоштааш бенасиб мегардад.
Бо ин сохтмони ғайриодӣ Тайван боз ҳам бештар сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад. Ин калисои аҷоиб 8 феврал дар рӯзи Соли нави чиниҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Барои сохтмони калисои мазкур 320 панели шишагини осмониранг лозим шуд. Баландии ҳар панел 16 метр ва нархи он то 23 миллион долларро ташкил дод.
Ташаббускори калисо маъмурияти боғи фароғатист, ки дар ҳудуди он ҷойгир шудааст. Ин макони ҷазира на танҳо дар миёни сайёҳон, балки дар байни сокинони ҷазира низ маъруфият дорад ва маҳали дӯстдоштатарин маҳсуб мегардад.
Таҳияи Барноз ГАДОАЛИЗОДА


Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд
ТӮФОНИ НУҲ
Сураи 71 – уми Қуръони карим сураи Нуҳ ном дорад, ки ба воқеаи зери тӯфони азим мондани Замин бахшида шудааст.
Умуман дар ҳамаи ривояту афсонаҳои халқҳои ҷаҳон ва ҳам китобҳои муқаддаси динӣ  аз омад – омади тӯфон мардум бохабар мешаванд ва бо сохтани киштӣ ба он омодагӣ мегиранд. Оё онҳо инро ҳис намуданд ё касе аз тӯфон шудан онҳоро хабардор кард? Аз рӯи ҳисоби Андреи этнолог дар соли 1891 наздики 80 чунин ривоят маълум буд. Имрӯз шумораи онҳо аз 100 ҳам гузаштааст. Аз онҳо 68 ривоят ба Таврот ва Инҷил (китобҳои динии яҳудиҳо ва насрониён) вобастагӣ надорад. 19 ривояти гуногун аз Осиё, 4 – то аз Аврупо, 5 – то аз Африқо, 9 – то аз Австралия ва ҷазираҳои Уқёнусия, 37 – то аз қитъаи Амрико ба мо расидаанд.   Таърихдони немис Рихард Хенниг зикр намудааст, ки «давомнокии тӯфон аз 5 рӯз то 52 сол (ба гуфти ҳиндуёни Мексика) - ро дар бар гирифтааст». Нуҳ (а) 6 моҳ дар киштӣ будааст (Қасас – ун – анбиё). Сабаби пайдоиши тӯфонро обхезӣ, барфрезӣ, обшавии пиряхҳо, тундбодҳо, заминҷунбӣ, сунамӣ ва ғайра ҳисобидаанд. Чиниҳо ақида доранд, ки обхезиҳоро шайтон Кункун созмон медиҳад.
Мифология оид ба тӯфон  тамоми дунёро фаро гирифтааст. Оё он воқеан ҷаҳонӣ буд? Баъзе олимон инро исбот карданӣ шудаанд. Гурӯҳе дар бораи баҳри Муғулистон гап мезанад, ки гӯйё кадом вақте дар ҷойи Осиёи Миёна будааст ва ногаҳон дар натиҷаи заминҷунбӣ Шарқу Ғарбро зери об мононда ғайб задааст. Дигарон мегӯянд, ки боре Замин аз меҳвари худ баромаду зери таъсири ин воқеа оби баҳру уқёнусҳо аз нимкураи Шимолӣ ба Ҷанубӣ ҷорӣ гашта тӯфони Нуҳро ба вуҷуд овард. Сеюмиҳо ба чунин ақидаанд, ки атмосфераи Заминро миллионҳо сол пеш ҳавои нами газмонанд иҳота мекард ва дар лаҳзаи муайяне массаи абрҳо зич шуда ба замин хамбиданд ба сурати борони шадиди дурудароз. Аммо ин гипотезаҳо исбот нашуданд. Танҳо ҳаминаш маълум, ки дар ҳамаи қитъаҳо обхезӣ шудааст ва заминҳо муваққатан зери об мондаанд ва… пайи ин ҳодиса ёфт шуд.
Дар солҳои 1928 - 1929 доктор Симон Вулли дар он ҷойҳое, ки шаҳри Ури қалдониён  (номи қабилаҳои сомӣ, ки дар нимаи якуми ҳазораи якуми то милод дар ҷануби Байнаннаҳр иқомат доштанд) қомат афрохта буд, ҳафриёт гузаронд. Аз чуқурии се – чорметра қабати гилини  ғафсиаш якунимметраи якхеларо дарёфт намуд ва ба хулосае омад, ки шаҳрро ҳазорҳо сол пеш об зер карда будааст. Олим ба хулосае омад, ки сабаби зери об мондани шаҳр тӯфони Нуҳ аст. Ҳамон солҳо профессор Стивен Лэнгдон дар Киш – минтақаи Вавилони Қадим, дар Урук, Фар, Телло ва Ниневи низ чунин қабатҳоро дарёфт.
Шарқшиноси маъруфи фарангӣ Дорм навиштааст: «Акнун ба куллӣ маълум гашт, ки тӯфони Нуҳ, чӣ тавре ки Лэнгдон меҳисобад, 3300 сол пеш аз мавлуди Исо ба амал омадааст. Дар ин бора нишонаҳои шаҳрҳои Ур ва Киш шоҳиданд».
Тӯфон чӣ тавр сар зад? Дар Замин ин қадар оби барзиёд аз куҷо пайдо шуд? Зеро тамоми яхҳо об шаванд ҳам, баландии об аз як километр боло намеравад. Дар ҳамаи ривоятҳо як далели умумӣ ҳаст. Ривоятҳо таъкид мекунанд, ки дар вақти тӯфон дар осмон Моҳ набуд. Он замонро «томоҳтобӣ» меномиданд. Имрӯз бо таъсири неруи Моҳ дар як шабонарӯз ду маротиба мадду ҷазри баҳру уқёнусҳо ба амал меоянд. Олимон мегӯянд, ки Замин сайёраву Моҳ ҳамсафари табиӣ ё «хоҳар» - и вай набуда, «завҷааш» мебошад, ки аз қаъри сиёҳи Кайҳон омадааст. 
Чӣ тавре ки маълум аст, Моҳ аз Замин дур шудан дорад. Вақте ки Моҳ дар болои Замин пайдо шуд, вай ин қадар дур набуд, балки 10 – 15 маротиба наздиктар буд. Ҳамин наздикӣ мадду ҷазри уқёнусҳоро ба вуҷуд овард ва об ба 18 метри имрӯза не, ба ҳазорҳо метр баланд гардида, Заминро пурра пӯшонд. Имрӯз танҳо як муаммо нокушода мондааст: Моҳ чӣ гуна якбора ба Замин наздик омаду ҳамон тавр дур шуд? Агар мо ба саволи чаро Моҳ оҳиста – оҳиста аз Замин «мегурезад» посух ёбем, он гоҳ якбора ба Замин наздик фаромаданаш низ шояд аён гардад.
Қурбон МАДАЛИЕВ,  тарҷума аз русӣ


ГУЛБОҒИ ДУБАЙ МУЪҶИЗАИ 8-УМИ ОЛАМ
Дубай на танҳо бо меҳмонхонаҳои боҳашамату муосираш балки бо лоиҳаҳои бузурги меъмории худ низ маъруф аст. Яке аз ҳамин гуна лоиҳаҳо гулбоғи шаҳр мебошад, ки имрӯз яке аз беҳтарин боғҳо дар ҷаҳон эътироф гардидааст.
Гулбоғ дар масофаи 6,7 гектар доман афрохта, дар он 45 намуди махсуси гулҳоро барои бунёди деворҳои баланду аҳром ва манораҳо гирд овардаанд. Боғ ба шарофати девори баландиаш 3 - метра ва масоҳати 800 - метрааш ба «Китоби рекордҳои Гиннес» ворид гардидааст. Офарандагони он бо манораи 10 - метрааш фахр мекунанд, ки ифодагари рамзи ягонагии инсон ва табиат мебошад.
Таҳияи Л. ШАРИФ


ОЛИМП – ГАҲВОРАИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
(Идома аз шумораи гузашта)
Ривоятҳои дигар ҳикоят мекунанд, ки асосгузори Бозиҳои олимпӣ писари Зевс Геракл мебошад. Махсусан, дар ҳамин ҷо ӯ саисхонаи машҳури шоҳ Элидро маҳв сохта, қаҳрамонӣ нишон додааст ва ба муносибати ғалаба бар Авгия аввалин зӯрозмоиҳоро ташкил намудааст. «Стадио»-ро низ ба номи Геракл мансуб медонанд.
Қисса баёнгари он аст, ки ҳукмрони Элид Ифит аз ҷангу ҷидол, задухӯрдҳо ва кашмакашҳои доимӣ хаста шуда, ба паёмбари делфийҳо муроҷиат намуд, то онҳоро хотима диҳад. Ва дар ҷавоб посух гирифт: «Бозиҳои олимпии фаромӯшшударо барқарор кунад».
Ифит ба шоҳи лашкаркаш Спарта Ликург пешниҳод кард, ки зӯрозмоиҳоро таъсис диҳад ва дар рафти онҳо оштии муқаддас – экейхерия эълом намояд.
Тибқи шартномаи қабулшуда барои риоя накардани шартҳои оштӣ ҷаримаи калони пулӣ ва мудҳиштар аз ҳама гунаҳгорон аз иштирок дар Бозиҳои олимпӣ маҳрум мешуданд.
Воқеияти ин далелро таърихнигори Юнони Қадим Павсаний тасдиқ намуда, навиштааст, ки ҳанӯз дар қарни II то эраи мо дар диски мисӣ оинномаи оштии баимзорасидаи Ифит ва Ликург ҳаккокӣ шуда дар яке аз маъбадҳои Олимп маҳфуз аст. Ҷузъиёти ин ривоят мароқангез мебошад. Тибқи ақидаи олимон Ифит ва Ликург тахминан дар асри IX то милод зиндагӣ кардаанд, яъне қабл аз вақти таъсиси Бозиҳои олимпӣ. Аммо танҳо онҳо баргузории бозиҳоро барқарор намудаанд. Яъне зӯрозмоиҳо дар Олимп аз он ҳам пештар доир мегардиданд. Бояд гуфт, ки то пайдоиши Бозиҳои олимпӣ дар водии Алфея зӯрозмоиҳои маросимӣ ба шарафи ҷалби наврасон ба сафи ҷанговарон баргузор мешуданд. Аммо онҳо характери маҳаллӣ доштанд. Ифит ва Ликург ба онҳо моҳияти миллӣ доданд.
Таърих ба нуқтаи дурусти гузориш ниёз дорад. Ингуна нуқта гузоштани муҷассамаи аввалин ғолиби зӯрозмоиҳо дар Олимп гардид. Бинобар ин, соли 776 то эраи мо, замоне ки Кореб аз Элид дар сабқати давидан дар як марҳала бар ҳарифон ғолиб омад, расман соли баргузории Бозиҳои олимпӣ дониста мешавад.
(Идома дорад)
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ИШОРАЧӮБ ЗАМОНЕ ЯК МЕТР БУД
Ишорачӯби нозирони роҳ таърихи аҷиб дорад ва аз замони пайдоишаш то имрӯз борҳо тағйири шаклу ранг кардааст. Танзимгарони  роҳ дар аввал ишорачӯби дарозиаш 1 - метраи рангаш сафед доштанд. Пас аз Инқилоби Октябр дар Русия ранги сафеди онро ба сурх иваз намуданд. Аз соли 1922 дарозии онро аз 1 метр то 49 сантиметр кӯтоҳ карданд.
Аммо вақт нишон дод, ки ранги сурх аз сабаби рангорангии кӯчаҳо он  қадар ба назар аён намешавад. Бо ин сабаб, ранги сурх аз байн рафт. Аз соли 1930 то соли 1939 кормандони милитсия ишорачӯбро умуман истифода намекарданд. Он замон нақлиёт кам буд ва набудани он қариб эҳсос намешуд. Аз соли 1939 истифодаи ишорачӯб дигарбора оғоз шуд. Акнун он ранги сиёҳу сафед дошт.
Мақсад аз интихоби ин рангҳо дар он буд, ки чашми инсон ранги сиёҳу сафедро зуд эҳсос менамояд, ҳатто дар торикӣ ҳам.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


ЭЛЕКТРОҚУТТӢ
Ширкати «Нас» дар як намоишгоҳи охир ашёҳои зиёдеро барои хонаи замонавӣ ба намоиш гузошт. Вале ҳеҷ кас интизор набуд, ки қуттии доноро барои партов пешкаш намоянд.
Қуттии «доно» барои партов дорои хусусияти сканеркунии штрихкодҳо ва системаи шинохти нутқ мебошад, ки барои тартиб додани рӯйхати чизҳои лозима кумак мерасонад.
Агар вақти бурда партофтани партов фаро расад, «Genican» бо фиристодани СМС – паёмакҳои пай дар пайи худ шуморо нороҳату дилгир мекунад. Лекин дар гумон аст, кор то ба ин дараҷа расад. Зеро касоне, ки ба фармоиши пешакӣ барои харидории чунин дастгоҳ 152 доллари амрикоӣ сарф мекунанд, ба чунин ашёҳо шояд хеле ҷиддӣ муносибат намоянд.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2017    №: 87    Мутолиа карданд: 389

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед