logo

сиёсат

ГУЗОРИШ АЗ ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲ ВА ОҒОЗИ БУНЁДИ ИНШООТҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Гузоштани санги асоси бинои нави Суди Олӣ
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳ ва оғози бунёди як қатор иншооти гуногун иштирок карданд.
Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.
Тибқи лоиҳа бинои нав аз 16 ошёна иборат буда, дар маҷмӯъ дорои ҳуҷраҳои корӣ барои 450 корманд, маҷлисгоҳ бо 500 ҷойи нишаст, 8 толори муҳокимаи судӣ, бойгонӣ, китобхона, китобхонаи электронӣ, боғи зимистона, ошхона барои 70 нафар ва дар таҳхонаи бино таваққуфгоҳ барои 30 нақлиёт мебошад.
Барои сохтмони иншооти мазкур аз шафати кӯчаи Шевченко дар гузаргоҳи якум бо масоҳати 0,37 га қитъаи замин ҷудо карда шудааст. Масоҳати умумии иншоот 17952 м2 мебошад ва баландии умумии бино аз сатҳи замин ба 72,6 метр баробар аст. Арзиши пешакии корҳои сохтмонию ороишӣ 73 миллиону 858 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.   
Дар давоми соли 2016 барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ 2 миллиону 346 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар соли 2017 баҳри идомаи корҳо 8 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Ба ҳолати 1 апрели соли 2017 аз оғози корҳои бунёдӣ дар ҳаҷми 964 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ - васлгарӣ иҷро шудаанд.
Дар ороиши бино аз тахтасангҳои хоро (гранит), мармар, панҷараҳои кандакории гаҷӣ, паркет, панелҳо аз навъи чӯбҳои қиматбаҳо ва рангҳои аълосифат истифода карда мешаванд.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисон дастур доданд, ки дар вақти сохтмон ба сифати корҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Оғози сохтмони мактаби рақами 31 дар ноҳияи Шоҳмансур
Дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо гузоштани санги асос ба сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31 - и ноҳияи Шоҳмансур оғози расмӣ бахшиданд.
Фармоишгари тарҳи муассисаи нави таълимӣ раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе буда, лоиҳаи он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» тарҳрезӣ ва  барои 1280 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Сохтмони он 2 марҳиларо дар бар мегирад.
Тибқи лоиҳа дар марҳилаи аввал барои 656 хонанда дар як баст бинои нав сохта шуда, бинои дигар дар марҳилаи дуюм барои 624 хонанда бунёд мешавад. Арзиши лоиҳавии муассисаи нави таълимӣ 46 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат ба масъулини дахлдор ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва то 1 сентябри соли 2018 бунёд намудани ин иншооти таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31 - и ноҳияи Шоҳмансур ҳанӯз соли 1937 сохта шуда, барои 390 хонанда пешбинӣ шуда буд, вале имрӯз дар ин муассиса 1133 нафар хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудааст.
Талаботи аҳолиро дар 10 - солаи охир ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди боз як мактаби наву замонавӣ дар шаҳри Душанбе иқдом кард.
Инак, бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе орзуи сокинони пойтахт амалӣ карда мешавад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат садҳо муассисаҳои нави таълимӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта шуда, имрӯз насли ояндасози кишвар дар синфхонаҳои муосир илмҳои замонавиро аз худ менамоянд.

Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё сохта мешавад
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Тӯрақул Зеҳнии ноҳияи Шоҳмансур ба бунёди мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё, ки дорои 420 ҷойи нишаст дар як баст аст, оғози расмӣ бахшиданд.
Аснои муаррифии лоиҳаи сохтмони муассиса ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки иншоот дар давоми як сол бо муосиртарин таҷҳизот сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд. Таъкид гардид, ки арзиши корҳои сохтмонӣ 9 миллион сомониро дар бар гирифта, 300 нафар коргар дар бунёди ин иншоот саҳм хоҳад гузошт.
Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё аз ду бинои 5 ошёна бо таҳхона иборат буда, масоҳати умумии он 6 ҳазору 500 метри мураббаъро дар бар мегирад. Масоҳати зери сохтмон бошад, 1 ҳазору 700 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Лоиҳаи мактабро Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Меъморӣ ва шаҳрсозӣ" таҳия карда, паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Маркази таълимии Ганҷина" мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба бинокорон барои анҷоми босифати корҳо дастур дода, истифодаи масолеҳи сохтмонии баландсифатро дар иншоот аз тадбирҳои муҳими хизмати он барои чандсолаҳо арзёбӣ намуданд.
Дар муассиса баъди ба истифода доданаш дар маҷмӯъ 90 нафар бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳад гардид.
Дар таҳхона китобхона иборат аз адабиёти бадеӣ бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла китобхонаи электронӣ ташкил карда шуда, он бо шабакаҳои китобхонаҳои машҳури Аврупо пайваст мегардад. Синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳои фаннии биноҳои таълимӣ бо навтарин дастовардҳои ҷаҳонии соҳа, аз ҷумла компютеру тахтаҳои электронӣ, дастгоҳҳои техникии озмоишӣ ва ғайра муҷаҳҳаз хоҳанд гашт.
Таъсис ва ба фаъолият шурӯъ гардидани мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё як такони ҷиддие дар самти рушди соҳаи маорифи кишварамон хоҳад бахшид. Зеро талаботи ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки бо мақсади таълиму тарбияи дурусти ҷавонон ба соҳаи маорифи кишвар диққати ҷиддӣ зоҳир сохта, раванди таълимро ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намоем.
Ҳайати омӯзгорону устодон дар ин муассиса аз доираи беҳтарин муаллимони соҳибкасбу соҳибтаҷрибаи Бритониё даъват гардида, машғулиятҳову дарсҳо ба хонандагон бо истифода аз усули муосири таълим ба роҳ монда мешаванд.
Тибқи дурнамо ва мувофиқаҳои қаблӣ бо шарикони бритониёвӣ, дар заминаи мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё ташкил намудани имтиҳоноти қабул ҷиҳати идомаи таҳсил ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Бритониёи Кабир ба нақша гирифта шудааст.

Ифтитоҳи озмоишгоҳи миллии референсӣ
Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки Шифобахш Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” - и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти наву замонавии тиббӣ соли 2014 оғоз гардида, соли 2016 ба анҷом расонда шуданд. Озмоишгоҳи миллии референсӣ баъди бо таҷҳизоти тиббии муосир пурра таъмин гардидан, аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Арзиши умумии бинои озмоишгоҳ 23,8 миллион сомониро ташкил дода, аз ин маблағ барои корҳои сохтмонию васлгарӣ 7 миллиону 857 ҳазор сомонӣ ва барои таҷҳизондани иншоот бо технологияи муосири тиббии ширкатҳои олмонӣ 16 миллион сомонӣ сарф гардид.
Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳакаш Институти лоиҳакашии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ПИЛҶ САНИИОСП» мебошад.
Вазифаи озмоишгоҳ аз гузарондани озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст.
Дар озмоишгоҳ тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳанд, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқро бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками неруи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод намояд.
Иншооти  мазкур  аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати умумии бино 1610 м2 - ро ташкил медиҳад. Дар ошёнаҳои якум ва дуюм озмоишгоҳҳо ва ҳуҷраҳои корӣ, дар ошёнаи сеюм  озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳо барои таълими кормандон сохта шудаанд.
Дар Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” 60 нафар мутахассиси соҳибтаҷрибаи ватанӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуд. Тамоми кормандон аз давраи омӯзишии кор бо таҷҳизоти муосири озмоишӣ аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунанда гузаронда шуданд.
Зимни суҳбат бо кормандони муассиса Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи боз як маркази тиббии муосирро табрик гуфта, онҳоро ба хизмати содиқона ба нафъи мардум  ҳидоят карданд.

Бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино қомат меафрозад
Дар ноҳияи Сино Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва  раиси  шаҳри  Душанбе Рустами Эмомалӣ барои бунёди бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино санги асос гузоштанд.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки арзиши умумии сохтмони бинои асосӣ тибқи ҳисобҳои пешакӣ 85 миллиону 416 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Иншооти асосӣ аз се бинои 9 ва 4 ошёна иборат мебошад. Ҳудуди донишгоҳ 10,37 гектар, масоҳати умумии иншоот 15900 метри мураббаъро ташкил дода, масоҳати зери сохтмон ба 3643 метри мураббаъ баробар аст.
Дар бинои асосӣ бунёди толори маҷлисгоҳ бо 1000 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳои таълимӣ, китобхона бо толори хониш ва толорҳои хурди дарсӣ пешбинӣ гардидаанд. Инчунин, сохтмони се бинои нави таълимӣ, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, 4 бинои 12 ошёнаи хобгоҳ барои донишҷӯён, 2 бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон, майдону толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, бинои озмоишгоҳ, майдони теннис, минтақаи хоҷагӣ ва боғ дар назар дошта шудааст. Дар қисми даромадгоҳи асосии донишгоҳ бунёди муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино пешбинӣ гардидааст.
Паймонкори бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино СТС "Иншоот" буда, лоиҳаи он аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шаҳрофар" таҳия гардидааст.
Дар соли 2017 барои корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ҷудо кардани 10 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гаштааст. Лоиҳаи бинои асосӣ аз ташхиси давлатии сохтмон гузаронда шуда, барои иҷрои корҳои бунёдӣ омода мебошад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бинокорон дастур доданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Бино ба таъкиди Сарвари давлат даргоҳи илм бо тарҳи муосиру таҷҳизоти тиббии замонавӣ солҳои дароз бояд ба мардум хизмат расонад.

Шиносоӣ аз ҷараёни таъмири роҳҳои асосии кӯчаи Муродулло Шерализода
Имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Муродулло Шерализодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Таъмири роҳи мошингарди кӯчаи Муродулло Шерализода дар асоси иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе аз тарафи роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит – Строй - Сервис» Иззатулло Давлатов сурат мегирад. Дар маҷмӯъ аз тарафи ин соҳибкори маҳаллӣ наздики 15 километр роҳҳои шаҳри Душанбе таъмир карда мешаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аснои шиносоӣ бо тарҳ ва нозукиҳои лоиҳавӣ барои ҳар чи зудтар ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои тармиму таҷдиди роҳҳо ҳидоятҳои муфид доданд.
Дар асоси лоиҳа 9 кӯчаи таъмирталаби шаҳри Душанбе аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит – Строй - Сервис» навсозӣ карда мешавад, ки 141 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад. Дар кӯчаҳои таъмиршаванда барқарорсозии канорасангҳо ва ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ амалӣ гардида, асфалтпӯшкунии роҳҳо оғоз шуд.
Ҳамзамон аз тарафи роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон» Тоҳир Ҳукуматов навсозии роҳҳои 10 кӯчаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дарозии 15 километр идома дорад. То имрӯз таъмири роҳҳои кӯчаҳои Юсуф Вафо ва Пахтакор ба итмом расида, дар дигар қитъаҳо корҳои сохтмонӣ идома доранд.
15 - уми феврали соли равон ҳангоми мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва масъулони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорон барои саҳм гузоштан дар бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳавасмандии худро изҳор намуда буданд.
Ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки ҳоло аз тарафи раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳу пулҳои шаҳри Душанбе азнавсозию бунёди 23,98 километр роҳ бо масоҳати 587 ҳазор метри мураббаъ идома дорад. Дар 12 қитъае, ки кор аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе идома дорад, ба пуррагӣ аз техникаву технологияи муосири роҳсозӣ истифода шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.
Айни замон бо роҳандозии тамоми имконоти мавҷуда ва истифодаи таҷрибаву техникаи муосир бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо саҳми соҳибкорон дар 4 ноҳияи пойтахт идома дорад.

Кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудов таҷдид мегарданд
Имрӯз, ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  раиси  шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо рафти корҳои таъмиру таҷдиди роҳи кӯчаҳои  Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудов ошноӣ пайдо намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки таъмиру таҷдиди роҳҳои мазкур аз ҳисоби даромадҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Роҳи тоҷик" дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат сурат гирифта, феълан корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳо дар ин самт ҳанӯз ду моҳ қабл оғоз ёфта буданд ва то рӯзи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ пурра ба сомон расонда мешаванд. То ин дам дар 4 роҳрави кӯчаҳои мазкур корҳо пурра анҷом ёфта,  боз 15 роҳрави дигар барои асфалтпӯш намудан омода шудаанд. Иброз гардид, ки дар маҷмӯъ дар баробари роҳҳои асосӣ, ҳамчунин, 50 роҳрави дигар, ки ба кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудов шомил аст, мавриди таъмиру таҷдид қарор мегирад.
Зимни мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳри Душанбе ва намояндагони тоҷирони кишвар чанд тан аз соҳибкорони ватанӣ иқдом гирифта буданд, ки дар сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе саҳми арзанда мегузоранд. Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкор Қурбонмурод Неъматзода – роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Роҳи тоҷик” 40 километр роҳи пойтахт азнавсозӣ карда мешавад. Аз ин дар соли 2017 - ум  20 километр ва дар соли 2018 низ  20 километри дигар.
Дар маҷмӯъ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст 70 километр роҳҳои пойтахти кишвар бо риояи тамоми талаботи роҳсозӣ бунёд мегарданд.
Дар  кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудов 21 километр роҳ таъмиру таҷдид гардида, бо назардошти муосиртарин талаботи роҳсозӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дар доираи ин тарҳ асфалтпӯш намудани роҳҳои пиёдагард, ивазкунии иншооти обпартову обгузар,  чароғонсозии роҳ ва гулзоркунии шафати роҳҳо дар назар дошта шудаанд, ки дар муҳлати муқарраргардида ба сомон расонда мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо  сохтмончиён таваҷҷуҳи онҳоро ба анҷоми босифати корҳо ҷалб карда, масъулинро вазифадор намуданд, ки назорати сифати иҷрои корҳоро ҷиддӣ ба роҳ монанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2017    №: 87    Мутолиа карданд: 288

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим

Кристин Лагард: «Дар дунё соле 2 триллион доллари ИМА пора мегиранд»

Пентагон ба Афғонистон боз сарбоз мефиристад

Дар Чин беш аз 5 ҳазор мансабдор мӯҷиби ҷазо гашт

Далай – Лама: «Русия бояд узви НАТО бо қароргоҳаш дар Маскав шавад»

СҲШ мубориза бо терроризм ва экстремизмро тақвият мебахшад

18.09.2017


Низомиддин Зоҳидӣ бо Ҳаҷимэ Китаока мулоқот намуд

Баррасии масъалаҳои зӯроварии хонаводагӣ

ИДМ муқовимат бо терроризмро пурзӯр менамояд

Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Финляндия густариш меёбанд

Бунёди мактабҳои замонавӣ дар шаҳри Роғун

Зимни озодсозии Мусул 1,2 ҳазор сокини осоишта қурбон шуд

СММ: теъдоди гурезаҳои роҳинҷа метавонад то 1 миллион расад

Дар Ҳиндустон дуюм сарбанди калонтарини ҷаҳон мавриди истифода қарор гирифт

Марин Ле Пен барои террористҳо суди вижа мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед