logo

барқияҳо

19 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст

19  август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

Ҷалолатмаоб!
Табрикоти самимии маро ба муносибати Иди миллии кишвари дӯст – ҷашни 90-умин солгарди истирдоди истиқлоли давлати Афғонистон қабул фармоед.
Мардуми бародари Афғонистон дар тӯли 90 соли таърихи навини хеш дар рафъи мушкилоти сершумор заҳматҳои беандоза кашид ва ба дастовардҳои муҳим ноил гашт. Ва имрӯз Шумо, Ҷалолатмаоб, барои таҳкими низоми сиёсӣ, пешрафт ва ободии ин сарзамини бостонӣ ҷаҳд намуда, ҷиҳати истиқрори сулҳ, амният, бозсозӣ, пешрафт ва саодати зиндагии мардуми Афғонистон саъю талоши ҳамарӯза ба харҷ медиҳед.
Рушду густариши равобити дӯстонаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар тамоми заминаҳо омили муҳими амну осоиши минтақа буда, ҷавобгӯи манофеи олии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг аст. Тавофуқоти ҳосилшуда ҳангоми сафари кории ба наздикӣ суратгирифтаи Шумо ба Тоҷикистон ва ҳамкории бунёдии рушдёбандаи мо баёнгари возеҳи он аст.
Дар ин рӯзи саид ба Ҷалолатмаоб аз самими қалб хушбахтиву саломатии бардавом ва пирӯзиҳои нав ба нав орзумандам ва ба мардуми дӯсти Афғонистон хушрӯзӣ ва саодат таманно дорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3447
22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед