logo

фарҳанг

ҲАДАФ, ҚУДРАТ ВА ИРОДА

Нафаре, ки дар борааш сухан мегӯем, мехоҳад собит созад, ки тоҷикон фарҳанги либоспӯшии хоси худро доранд ва он мояи ифтихорашон аст. Барои расидан ба ин ҳадаф ӯро ҳунар, иродаи шикастнопазир ва ҷасорат ҳамроҳанд. Ҳатто дар саҳнаҳои муд барои муаррифии офаридаҳояш ба ӯ намоишгар (модел) ҳам лозим нест, маҳсули дастранҷашро тариқи саҳифаи шахсӣ дар Facebook ва иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ба ҷаҳон мебарорад.

Барои ин, миёни бонуфузтарин занони тоҷик аз ҷониби Global Voices - платформаи байналмилалии блогсозӣ мақоми “Симои муди тоҷик” – ро соҳиб гашт.
Қаҳрамони ин сатрҳо Макнуна Ниёзова мебошад, ки либоси миллии тоҷиконро обуранги хос ва зебоӣ бахшид. Дар эҷодиёташ беҳтарин анъанаҳои либоси миллӣ бо хусусиятҳои хоси замон тавъам инъкос ёфтаанд. Макнуна мегӯяд, ки тарҳи либоси муосири аврупоӣ пеш рафтааст ва қариб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон истифода мешавад. Бинобар ин, гумон мекунам, ки мо ҳам бояд бо ҷаҳон ҳамқадам бошем, аммо дар баробари пешравӣ тарҳи либоспӯшии миллиро нигоҳ дорем. Масалан, симои зани тоҷик дар ҳар давру замон вобаста аз таъсири пешрафти муд имкони тағйир кардан дорад. Аз ин лиҳоз, муҳим аст, ки дар либоспӯшӣ ба расму оини миллӣ такя намуда, ҳамвора пеш равем. Яъне, дар асоси таърихи фарҳангу тамаддуни хеш либосҳои навро эҳё созем.
Касбиятро Макнуна Ниёзова дар раванди омӯзиш ва кор дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, факултаи технология ва дизайн бо дастгирии устодону дизайнерон аз худ карда, пайваста такмил медиҳад, агарчи орзу ҳам мекард мисли Хайринисо Юсуфӣ бонуи сиёсат бошад. Вале, ҳунаре, ки аз модар мерос монда буд, боло гирифт ва ӯро миёни мардум шинохта кард, балки шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид.  Макнуна аввалин тарроҳест, ки дар давраи донишҷӯӣ иштирокчии озмуни байналмилалии дизайнерони ҷавон гардид. Вай ғолиби Фестивали ҷаҳонии “Муди Осиё” – и Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Дар озмуни байналмилалии  «Ситораҳои Кремл» миёни 24 давлати ҷаҳон ба финал баромада, барои иштирок дар «Ҳафтаи муд» - и Амрико роҳхат гирифт. Музаффариятро Макнуна дар гузоштани мақсад ва талоши расидан ба он медонад, махсусан бо шиори худ - “Нафаре, ки бохтан метавонад, қаҳрамон аст”. Рақобат карданро меписандад. Мегӯяд, ки ман агар дар коре ноком гардам, баръакс барои муваффақ шудан бо қудрат ва тавоноии дучанд талош меварзам.
Ҳамаи ин талошҳо муҳаббати самимии Макнуна Ниёзоваро ба Ватан ва касби пешакардааш бозгӯй менамояд, ин самимият ҳангоми суҳбат дар идораи рӯзнома воқеан эҳсос шуд. Вай ҳамчун Зан - Модар пешрафти ҳар як бонуи тоҷик ва саҳми ӯро дар ҷомеа муҳим медонад. Айни замон Макнуна Ниёзова, роҳбари Маркази таълимӣ – тренинги “Муди чаманоро” – и Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад. “Чаманоро” – ро худаш ном гузошт, зеро он ифодагари зебоии табиати диёр аст. Тарроҳӣ ҳам зебосозист, вале зан – зеботару қудрати зиёди зебоиофарӣ дорад. Макнуна Ниёзова ҳам дар тамоми унсурҳои табиат зебоиро мебинад, эҳсос мекунад ва дар эҷодиёташ инъикос менамояд. Дар маркази  “Муди чаманоро”  таваҷҷуҳи асосӣ ба омӯзиш ва ҷалби занону духтарони деҳот ба донишомӯзӣ ва эҳёи либосҳои муосири миллӣ равона шудааст. Марказ бо 12 нафар занони соҳибкасб беш аз сад духтари деҳотро тариқи курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва рассомӣ ба омӯзиш фаро гирифтааст.
Ба гуфтаи Макнуна Ниёзова, аз солҳое, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба либоси миллӣ бештар гардид, суръати пешрафти соҳаи дизайн комилан тағйир ёфт. Бовар аст, ки муди миллӣ бо эҳёи либосҳои нави миллӣ ва расму оини қадимаи замоне фаромӯшшуда дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон мақоми навро касб мекунад.
Айни замон Макнуна дар баробари таҳияи маҷмӯи либосҳои нав, ки бештар либосҳои корию фароғатии занонаро дар бар мегирад, муаҳассили Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ мебошад. Фикр мекунад, ки барои пешрафти худ ва ҷомеа ҳанӯз анҷом додани корҳои зиёд дар пешанд. 
О. ВАФОБЕКЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.05.2017    №: 88    Мутолиа карданд: 330
16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ

«Тоҷик Эйр» теъдоди парвозҳоро ба Деҳлӣ зиёд мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Кореяи Шимолӣ омода аст ба Кореяи Ҷанубӣ пайвандад

Интиқоди сарвазири Маҷористон аз сиёсати ИА нисбат ба Русия

Чин соли гузашта аз хориҷа 1300 порахӯрро баргардонд

Қирғизистон: зарар аз коррупсия 1, 4 миллиард сом

Консерни Lactalis миллионҳо бонка ғизои кӯдаконаро бозмехонад

«Реал» барои Неймар аз баҳри Роналду мегузарад?

12.01.2018


Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимтарини Паём дар ВМКБ

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси амниятии Теҳрон

«Қалъаи Хуҷанд». Шумораи сайёҳон меафзояд

Халил Каримов соҳиби ҷоизаи ба номи Питер Капстик гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ироқ сарпарастонро ба барқарорсозии кишвар ҷалб намуданист

Олмон тарзи лағви таҳримоти зидди Русияро гуфт

ИА: 1 миллиард евро барои бунёди фавқулкомпютерҳо

Назарбоев зидди мураккабсозии забони қазоқӣ баромад

Занҳо ба Арабистони Саудӣ танҳо рафта метавонанд

Варзиш

11.01.2018


Боздиди Сарвазири Ӯзбекистон аз Маҷмааи «Кохи Наврӯз»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед