logo

сиёсат

САБАҚИ ТАЪРИХ. АЗ НАВМЕДИҲО ТО ДУРАХШИ САОДАТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлол гардид. Бо эълони ин санаи муҳими таърихӣ халқи сарбаланди тоҷик хушҳолу рӯҳбаланд гашт. Аммо, ин хушҳолию хурсандӣ дер давом накард. Боди мухолиф вазиду абрҳои сиёҳ самои мусаффои Тоҷикистони тозаистиқлолро фаро гирифт.
Дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе аввал хаймаҳо, баъд гурӯҳҳои силоҳбадаст пайдо шуданд. Одамон аз тарси ҷон, бидуни зарурат ба кӯча намебаромаданд. Аз дуру наздик садои тир шунида мешуд. Дар баъзе маҳаллаҳо мағозаю дуконҳоро оташ мезаданд. Куштор, сӯхтор, гаравгонгирӣ, хусумату бадбинӣ навоҳии атрофро низ фаро гирифта буд. Ба ростӣ, дар ҳамон шабу рӯзҳо кас намедонист, ки пагоҳ ба сараш чи мусибат меояд, як бурда нонро аз куҷо пайдо мекунад. Бадхоҳони миллат табли шодӣ мезаданд. Мегуфтанд, ки дигар Тоҷикистон қоматашро рост карда наметавонад, порча - порча мешавад. Аммо, фарзандони ҷасуру матинирода, сулҳхоҳ ва дурандеши тоҷик ба ояндаи дурахшони Ватан бовар доштанд. Ба хубӣ дарк мекарданд, ки ин гиребонгирию якдигарнофаҳмиҳо, ҷониби ҳамдигар сангпартофтанҳо, дар маҷмӯъ беқонунию бенизомиҳо муваққатианду мардуми аз азал тамаддунофари тоҷик ба рӯзҳои нек мерасанд.
Вақте дар дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд, дар дили мардум шуълаи умед дурахшид. Ба бахти халқи тоҷик, дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ сиёсатмадори ҷавону дурандеш, дӯстдори миллат Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлат - Раиси Шӯрои Олӣ интихоб карданд. Ҳамон вақт баъзе нотавонбинон мегуфтанд, ки давлатдории ин ҷавон дер намепояд, муддати зиёд нагузашта худаш аз вазифа меравад. Вале онҳо хато карданд. Лаҳзае, ки Эмомалӣ Раҳмон ба минбар баромада, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ изҳор дошт, ки ман ба шумо сулҳ меорам, гурезаҳоро ба Ватан бармегардонам, толорро мавҷи кафкӯбиҳо фаро гирифт. Аз ҳамон рӯз ба баъд мо шоҳид будем, ки фарзанди фарзонаи миллат ба ваъдаи худ содиқ монду барои ба созиш овардани тарафҳои даргир дар худ оромиву осоишро раво намедид.
Дастоварди бузурги мо ваҳдати миллӣ буд, ки халқи тоҷик  ин муждаи наҷотбахшро 27 июни соли 1997 шуниду нафаси тоза кашид. Баъд аз ин, халқи созандаю бунёдкорамон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари муаззами худ - Эмомалӣ Раҳмон, дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони ҷангзадаро ба кишвари рушдёфта, ободу шукуфон табдил дод.
Имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз он ифтихор дорад, ки дар натиҷаи талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба сулҳи сартосарӣ - ваҳдати миллӣ расидем. Ҳамин ваҳдат буд, ки Ватани аҷдодиамон дубора эҳё гардид, ки Тоҷикистонро ҷаҳон ба некӣ шинохт.
Ато БОҚӢ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон, ноҳияи Спитамен


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.05.2017    №: 88    Мутолиа карданд: 252

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим

Кристин Лагард: «Дар дунё соле 2 триллион доллари ИМА пора мегиранд»

Пентагон ба Афғонистон боз сарбоз мефиристад

Дар Чин беш аз 5 ҳазор мансабдор мӯҷиби ҷазо гашт

Далай – Лама: «Русия бояд узви НАТО бо қароргоҳаш дар Маскав шавад»

СҲШ мубориза бо терроризм ва экстремизмро тақвият мебахшад

18.09.2017


Низомиддин Зоҳидӣ бо Ҳаҷимэ Китаока мулоқот намуд

Баррасии масъалаҳои зӯроварии хонаводагӣ

ИДМ муқовимат бо терроризмро пурзӯр менамояд

Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Финляндия густариш меёбанд

Бунёди мактабҳои замонавӣ дар шаҳри Роғун

Зимни озодсозии Мусул 1,2 ҳазор сокини осоишта қурбон шуд

СММ: теъдоди гурезаҳои роҳинҷа метавонад то 1 миллион расад

Дар Ҳиндустон дуюм сарбанди калонтарини ҷаҳон мавриди истифода қарор гирифт

Марин Ле Пен барои террористҳо суди вижа мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед