logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

29 апрел миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва подшоҳи Белгия Филипп Леополд Людовик Мария ба муносибати 25 -умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони подшоҳи Белгия Филипп Леополд Людовик Мария, аз ҷумла омадааст:

«Аълоҳазрат!
Дар иртибот ба марҳалаи муҳими таърихӣ дар муносиботи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия – 25 - солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ – бо камоли хушӣ ба Шумо, Аълоҳазрат, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро ирсол менамоям.
Шоҳигарии Белгия дар байни давлатҳои аврупоӣ яке аз аввалинҳо шуда Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва кишварҳои мо ба таҳкиму густариши равобити сифатан нави байнидавлатӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Тайи давраи сипаришуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Белгия дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ бемайлон рушд намуданд.
Дар дурнамои наздик ва дарозмуҳлат густариши минбаъдаи муносибатҳо бо Шоҳигарии Белгия ба сифати яке аз кишварҳои поягузор ва муҳими Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад.
Ба Шумо, Аълоҳазрат, саломатии комилу хушрӯзӣ ва дар роҳи таъмини пешрафт ва шукуфоии мардуми дӯсти Белгия комёбиҳои рӯзафзун орзумандам».

Дар барқияи табрикии подшоҳи Белгия Филипп Леополд Людовик Мария ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!
Хушҳолам, ки мо дар соли 2017 25 - умин солгарди барпо намудани равобити дипломатиро байни Белгия ва Тоҷикистон таҷлил менамоем.
Тӯли ин муддат кишварҳои мо тавонистанд ҳамкориҳоро дар бахшҳои гуногун рушд дода, риштаҳоеро, ки моро ба ҳам мепайванданд ва тафоҳуми мутақобилан ва доимо ғанишавандаи моро мустаҳкамтар менамоянд, тақвият бахшанд.
Мехостам бо истифода аз ин рӯйдоди фараҳангез бори дигар ба мардуми Тоҷикистон беҳтарин таманниёти хешро бо орзумандии сулҳу шукуфоӣ тақдим намоям».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.05.2017    №: 88    Мутолиа карданд: 2399
22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед