logo

сиёсат

ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОРИ ТАЪРИХӢ АЗ ДИДГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

(Дар ҳошияи китоби Эмомалӣ Раҳмон  «Чеҳраҳои мондагор», Душанбе «Эр-Граф», 2016)
Ба табъ расидани китоби пурмуҳтаво ва аз ҷиҳати ғоя гаронмояву баландарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Чеҳраҳои мондагор» падидаи бузурги адабию фарҳангӣ ва таърихӣ ба шумор рафта, дар тарбияи комил ва баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, худҷӯӣ, худогоҳӣ ва маърифатандӯзию ватанпарварии насли наврас ва ҷавонони ояндасози миллат нақши барҷастаю муассир дорад. Мусаллам аст, ки омӯзиши таърихи пурифтихори миллат, марҳалаҳои ташаккулу таҳаввул ва рушди тафаккури давлатдории он, муқовимату муборизаҳои хунину ҷонфидоёна алорағми душманону бадхоҳони аҷнабӣ, ки чашми тамаъ ба замину марзҳои тоҷикон дӯхта буданд ва ҷаҳду талошҳову азхудгузаштанҳо баҳри бақою ҳастии давлати бузург, якпорчагию  ваҳдат ва муттаҳидии ин миллату қаламрави он дар бедории шуури ҷавонон, огаҳии ҳадафмандона аз асолати таърихии худ ва ба ин васила, меҳру муҳаббати амиқ ба Ватан, кишвар ва ниёгони хирадварзу бонаҷобат, ғаюру ҷасур аҳамияти бағоят бузургу нозудуданӣ дорад.
«Чеҳраҳои мондагор» матлабҳои пурмуҳтаворо дар бораи зиндагинома, фаъолияти вижаи сиёсию фарҳангии 25 тан арбоби давлатӣ, пешвоёни сиёсӣ, муборизони ҷодаи озодӣ, намояндагони дину мазҳаби тоисломӣ ва баъдиисломӣ, олимону шоирону нависандагони классики форсу тоҷик ва муосир, ки кору пайкор ва осори пурғановаташон воқеан ҳам, тамаддунофару миллатсоз маҳсуб меёбанд, дар бар гирифтааст. Дар мақолаи аввал, ки «Бунёдгузори давлатдории мутамаддин» унвонгузорӣ шудааст, дар хусуси шоҳи хирадманду дурандеш Куруши Кабир сухан меравад, ки ин сиёсатмадори ҳирфаӣ ва шахсияти низомӣ бо бинишу фаҳмиш ва маҳорату истеъдоди воло  дар ташкили империяи абарқудрате саҳм гузоштааст, ки ба шаҳодати катибаҳои Дорои Бузург ва муаррихони Юнони Қадим чандин давлатҳои ҷаҳони куҳан - Порсу Мод, Бобулу Ошур, Мисру Финикия, Лидияву Урарту, Парфияву Гиркания, Бохтару Суғд ва ғайраро дар қаламрави 22 вилоят муттаҳид намуда буд.  Пешвои миллат ҷанбаҳои хосаи давлатдорию кишваркушоии Куруши Кабирро бозгӯйӣ намуда, марҳалаҳои муборизаҳои ӯро дар раванди бархӯрдҳо бо подшоҳони мамолики ғайр бо далоилу арқоми қавӣ ва истифода аз манобею сарчашмаҳои таърихӣ воқеънигарона рақамзанӣ карда, хулосаҳои мантиқан асосноку мустаҳкамро баён менамоянд. Аз хулосаву натиҷагириҳои Пешвои миллат аён мегардад, ки дар қиёс бо дигар кишваркушоёну ҷаҳонгирони қабл аз Куруш ба сар бурда, вай баръакс ба ҳар шаҳру вилояте, ки қадам мегузошт, дар он ҷо бо мардум аз дари сулҳу осоиштагӣ ва дӯстию хайрхоҳӣ суҳбат меоросту муносибати инсондӯстона мекард. Хиради азалӣ, тафаккуру ҷаҳонбинии пешрафта, қобилияти зотии сиёсатмадорию дипломатияи  барҷастаи мамлакатдорӣ ба Куруш имконият медоданд, ки ҳамвора баҳри ободонию шукуфоии ину он шаҳру вилоят ва тараққии кишварҳои кушодаи худ саъю ғайрат намояд. Ин амалҳои гуманистонаи Куруш самимияту меҳр ва ҷаззобияти ӯро дар байни на танҳо қавму халқияти он кишварҳо, балки сарону лашкаркашони дигар мамлакатҳое, ки ҳоло пои Куруш ба марзи онҳо нарасидааст, афзун мекард. Аз ин рӯ, баъди фатҳи Бобул, ба тасдиқи муаллиф, Финикия ва Фаластин ихтиёрӣ ба итоати ӯ даромаданд. Хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва муносибату кирдорҳои Куруши Кабир ҳамчун подшоҳу сиёсатмадор ҳангоми мубориза бо массагетҳо ва малика Томирис, ки ба марги фоҷиавии вай анҷом пазируфт, таваҷҷуҳбарангез мебошад. Таълифгар зимни тафсилоти шикасти Куруши Кабир аз лашкари массагетҳо ба чунин хулосаи ҷолиб ва пураҳамият мерасад:
«…Албатта, Куруши Кабир ҳеҷ гоҳ ба қатли ом роҳ намедод, дар ҳамон давраҳои аввали инкишофи тамаддуни башарӣ риояи ҳуқуқи инсон ва адолату инсофро аз ҷумлаи аслҳои давлатдорӣ медонист. Эъломияи ӯ аз дурандешӣ ва хирадмандиаш гувоҳӣ медиҳад. Ӯ бунёдгузори давлати нахустини муназзам ва мутамаддини инсонӣ буд».
«Парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол» мақолаест, ки ба қаҳрамонию шуҷоат ва родмардию диловариҳои фарзанди сарсупурдаи тоҷик – Спитамен бахшида шудааст. Маълум аст, ки дар тӯли солҳои дароз аз тарафи олимону муаррихон ва муҳаққиқону пажӯҳишгарон дар бораи далерию тавоноӣ ва рӯҳи барозандаи истиқлолиятхоҳонаи қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен, ки бар зидди подшоҳи Юнону Македония Искандари Мақдунӣ муборизаҳои ҷонфидоёна бурда, неруи ҳарбию иқтидори лашкари пурқуввати душманонро заифу коста гардонда буд, асарҳои бешумори илмӣ - таҳқиқотӣ ва бадеию публитсистӣ таълиф ва нашр гардидаанд. Дар такя ба муътамадтарин ва маъруфтарин навиштаҳои таърихнигорони бурунмарзӣ ва ватанӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сабку шеваҳои муқовиматҳои низомии ватанхоҳонаю озодманишонаи Спитамен ва ҳамроҳони ӯро дар баробари лашкари бешумори тарбиятгирифтаю ҳамаҷониба машқдидаи муҷаҳҳаз бо кулли олоту абзори ҳарбии Искандари Мақдунӣ дақиқу равшан, бо забони фасеҳу рангин, ҳунармандона ба риштаи таҳлил кашидаанд. Як хусусияти услубии навиштаи мазкур дар он аст, ки Пешвои миллат ба сифати хирадманди соҳибназар нахуст вазъи мураккаби сиёсии замони марбути корномаҳои Спитаменро батафсил таҳқиқу баррасӣ намуда, сабабу омилҳои сар задани шӯришҳою ошӯбҳои халқӣ ва ҷангҳои истиқлолиятҷӯёнаи миллати шарафманди тоҷикро дар муқобили Искандари бедодгару ғосиб ба таври мушаххас ва саҳеҳ исбот менамоянд, ки дар илми таърихнигорӣ ин муносибати ақидатӣ бисёр муҳим аст.
Мусанниф сарнавишти талхи Спитамени қаҳрамонро басо воқеъбинона бозгӯйӣ намуда, ваҷҳи аслии шикасти ӯро дар хиёнати сакоиҳо ва массагетҳо медонанд. Аз ин рӯ, омӯзиши огоҳмандонаи ин саҳифаҳои таърих ба насли наврас ва ҷавонони имрӯзаи тоҷик намунаи ибрат буда, дар масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва марзу сарзамини кишвари маҳбуб аз душманони хориҷӣ, аҳамияти бузург дорад.
Дар мақолаи «Паёмбари ойини ростин», ки ба шахсият ва таълимоти ҳакимонаю фалсафии Зардушт бахшида шудааст, дар бораи рӯзгори мураккаб ва густариши дини зардуштия, хатару муборизаҳои душманон алайҳи донишманди фозил сухан меравад. Муаллиф зикр мекунанд, ки барои омӯзиши дақиқ ва ба воқеияти таърихӣ наздиктари зиндагиномаи паёмбари нахустин - Зардушт ду рисолаи мазҳабӣ – «Бундаҳиш» ва «Ардовирофнома» нақши бузург мебозанд. Пешвои муаззами миллат дар зерсарлавҳаи «Авесто ва бахшҳои он» дар бораи қисматҳои китоби муқаддаси «Авесто»-и паёмбар Зардушт, аз ҷумла «Ясно», ки аз 72 боб иборат аст, «Яштҳо», ки фарогири 21 наск ё китоб мебошад, «Вандидод», ки шомили 22 фаргард (фасл) аст, «Виспарад», «Хурдаавесто» маълумоти муфассалу амиқи таърихӣ дода, хулосаи андешаашонро ба таври зайл ироа мекунанд:
«Ҳамаи панҷ китоби «Авесто» бо суханони зерин хатм мешаванд: Роҳ якест ва он роҳи ростист, ҳамаи дигар роҳҳо бероҳа аст».
Аз мутолиаи мақолаи «Паёмбари ойини ростин» чунин бардошт ҳосил мешавад, ки ҷавҳари таълимоти Зардуштро тарғиби гуманизм (инсондӯстӣ), ахлоқи волою ҳамида, фалсафаю ҳикмати пайдоиши Оламу Одам, амалҳои инсон ҳамчун мавҷуди баландшууру хирадварз ва рисолати ҷаҳонсозию ободкории ӯ ташкил медиҳад.
Муаллиф дар умум тамоми ҷузъиёти андешаю афкори Зардуштро, ки ба мисли ҳидояти ростини ахлоқию маънавӣ ва фалсафию мазҳабӣ дар китоби «Авесто» бозтоби илмии худро ёфтааст, як - як таҳлилу баррасӣ намуда, омӯзиши огоҳмандонаю бардавоми онро дар тарбияи рӯҳияи худшиносӣ, худҷӯӣ, ҳувиятхоҳӣ, ормонҳои волои миллӣ ва меҳандӯстии насли наврас ва ҷавонон муҳиму судманд арзёбӣ мекунанд. Мазмун, дар ин таълимоти ҷовидонию безавол ба ҷуз фалсафаи офариниши масоили динию мазҳабӣ, тарғибу талқини арзишҳои олии инсонӣ, ҳамчунин, тарбияи такомул ва таҳаввули  марҳалавии башариятро (тавоноию қудратмандӣ, шуҷоату паҳлавонӣ, обутобу ҷисмонӣ ва ғ.) боло мегузорад. Нуқтаи олии андешаҳои ҳидоятомези Зардуштро дар ҳифзу амнияти кишвар ва давлатдорӣ адолату додгустарӣ ва парҳезу иҷтиноб аз дурӯғу фиреб ташкил медиҳанд.
«… Мутобиқи «Авесто», касе, ки дурӯғ ба забон меоварад, на танҳо ин ва он ҷаҳони худро барбод медиҳад, балки сухани дурӯғи ба забоновардаи вай ба атрофиён низ сояи наҳс афканда, боиси фалокати онон мегардад. Ҷамшед то замоне пирӯзманду комгор буд, ки дурӯғ ба забон наовард ва аз сиёсати дурӯғин пайравӣ накард. Вақте ки чунин кард, на танҳо худи ӯ аз зиндагӣ маҳрум гардид, балки суханон ва амали дурӯғини вай ба сари мардуми Эроншаҳр сояи наҳсу палидӣ афканда, онҳоро дар тӯли ҳазор сол бандаи Заҳҳоки ситамгар кард. Дурӯғ дар дини ислом низ сахт мазаммат гардида, мусулмонон вуҷуди онро сиёҳӣ, торикӣ ва сустии имон донистаанд» менависад муаллиф дар поёни мақолаи хеш, ки исботи гуфтаҳои боло мебошанд.
Ҳамин гуна таҳлилҳои дақиқу илман асосноку пероста бо далоилу арқоми таърихиро навиштаҳои ба мақолаи «Паёмбари ойини ростин» ҳамоҳангу моҳиятан наздик «Бозтоби нур дар зулмат» (дар хусуси Монӣ ва ақидаҳои ӯ), «Пешвои мардумдӯсти Эрони бостон» (Маздак ва таълимоти давлатдорӣ) ва «Бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини барҳақ» (Ҳазрати Муҳаммад (с)) равшану бармало дучор меоем.
Дар мақолаи «Бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини барҳақ» муаллиф ба ҳайси як муаррихи донишварз ва донандаи ҳамаҷонибаи зиндагинома ва фаъолияти пур аз ҷӯшу хурӯши намояндагони афкори барозандаи мазҳабӣ, ки бо аносири ахлоқию тарбиявӣ пайванди ногусастанӣ дорад, падидор мегардад. Баёни пайдарпайю хронологии талошҳои хастанопазири Паёмбари ислом Муҳаммад (с)  дар роҳи тарғибу ташвиқ ва густариши дини барҳақу ростини ислом, муборизаю муқовиматҳои ӯ бо душманони дини мазкур, таблиғи рукнҳою фаризаҳои исломӣ, аввалтар аз ҳама даъвати аҳли қабоили нимҷазираи Арабистон ба яккахудоӣ ва даст кашидан аз буту санамҳо, инчунин, зиндагонии инсонгароёна дар заминаи фармудаҳои китоби  муқаддаси «Қуръон» ва бисёр - бисёр амалҳои созандаю ваҳдатофари Муҳаммад (с) бо забони содаю фаҳмо ва нигориши илмӣ дар китоб ҷойгоҳи хоса пайдо кардаанд.
Пешвои миллат арзишҳои умумибашарӣ ва инсонпарваронаи дини ислом ва таълимоти гаронмояи Паёмбар Муҳаммад (с) - ро чунин тавзеҳ бахшидаанд: «Таълимоти ислом саршори ғояҳои баробарӣ, бародарӣ, адолати иҷтимоӣ буда, аз миён бурдани тафриқаи нажодӣ, имтиёзҳои табақавӣ, мансубияти миллию маҳаллӣ ва ҳама гуна нобаробариҳои ҷомеаро пеш мегузошт ва табиист, ки дар атрофи Паёмбар (с) Салмони Порсӣ барин солимфикрону хирадмандони адолатпарварро гирд меовард».
Ҳамин афкори омӯзанда ва баррасию муҳокимарониҳои Эмомалӣ Раҳмон перомуни шахсияти беназири фарҳангию мазҳабӣ - Имоми Аъзам дар мақолаи "Асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро" бо диду хулосабарориҳои вижа баён гардидаанд.
Мусаллам аст, ки Имом Абуҳанифа дар илми фиқҳ ҳамчун донандаи закӣ ва таҳлилгару муфассири аҳодиси набавӣ ва аркони ислом, ҳамчун шореҳи ояю сураҳои Қуръони маҷид шинохта шудааст ва асосгузори яке аз мазҳабҳои исломӣ ба шумор меравад. Фаъолияти мондагор ва шоистаи ин фақеҳ ва олими соҳаи дин аз сӯйи муаллиф ба гунаи ҷиддӣ ва дар айни ҳол арҷгузорона ҳамчун фарди таърихӣ, ки дар шинохту маърифати аҳкому аркони дини ислом, китоби муқаддаси "Қуръон" ва аҳодис табаддулоту инқилоби маънавӣ ба зуҳур оварда буд, бозгӯйӣ ва хотирнишон гардидааст. Зимнан, аҳамият ва нақши Имом Абуҳанифа (Нӯъмон ибни Собит) ба тариқи зайл хулоса шудааст:
"Ба назари мо, сирри бузургӣ ва ба яке аз мазҳабҳои бонуфузтарини дини мубини ислом табдил ёфтани мазҳаби Имоми Аъзам дар муқаррароти зерини таълимоти ин абармард маҳфуз аст:
- якум, аз Қуръон ва аҳодис мутобиқ ба давру замон, шароити таърихӣ ва манфиати умум маънибардорӣ кардан;
- дуюм, эътироф кардани ақл ва хирад ҳамчун асоси ҳалли масъалаҳои нави иҷтимоӣ;
- сеюм, таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба урфу таомули мардум дар сурати ба аҳкоми исломӣ мухолиф  набудани онҳо ва манбаи фиқҳӣ  қарор додани онҳо;
- чорум, боз мондани дарвозаи мазҳаби хеш барои дастовардҳо ва арзишҳои ояндаи инсонӣ".
Президенти кишвар дар робита ба омӯзиши таълимоти  Имоми Аъзам пешниҳодҳои худро дар бораи роҳандозӣ ва таҳқиқи афкори фалсафии ин абармарди соҳаи дину мазҳаб, ташреҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии афкори ӯ дар байни мардум, тарбияи ҷавонон дар заминаи осори пандомӯзи Имом Абуҳанифа баён дошта, дар баробари бархӯрдор будани насли наврас аз аркону аҳкоми шариати ислом омӯхтани илму ҳунар ва касби манфиатмандро дар як чунин замони пешрафтҳои техникию инноватсионӣ умда ва зарур мешуморанд.
Дар мақолаи "Абармарди хирад ва сиёсат" муаллиф аз хусуси шахсияти барӯманду сарвари нотакрори тоҷикон Исмоили Сомонӣ, ки дар қарни Х асосҳои давлатдории тоҷиконро ба вуҷуд оварда, бо санъату маҳорати фавқулодаи роҳбарӣ ба ташкили давлати Сомониён муваффақ гардида буд, сухан меронад. Бино ба маълумоти  муаллиф, ки баргирифта аз маъхазу сарчашмаҳои таърихӣ мебошад, дар қаламрави давлати Сомониён 250 шаҳри хурду бузург арзӣ вуҷуд карда буд ва ҳамагӣ дорои марказҳои илмию фарҳангӣ ва маърифатӣ ба шумор мерафтанд. Муҳтарам Пешвои миллат сабабу омилҳои зуҳуру таҳкимёбӣ ва тадриҷан  рушду инкишофи ин давлати абарқудратро марҳала ба марҳала аён сохта, ҳамчунин, ваҷҳи ба шикаст мувоҷеҳ гардидани онро дақиқу сареҳ нишон додаанд. Аз ҷумла, мегӯянд: "Хизмати бузурги таърихии Исмоили Сомонӣ ва ниёгони ӯ дар он буд, ки низоми ниҳоят муназзам, муассир ва фаъоли идораи марказӣ ва маҳаллиро бунёд гузоштанд. Ин низом унсурҳо ва арзишҳои муҳимтарини давлатдории ориёиро эҳё намуда, бо арзишҳои тамаддуни гузаштаву мавҷудаи давр омезиш дод. Низоми мазбур, ки бо номи "девони Сомониён" машҳур аст, на фақат давлати соҳибқудрату нерумандро эҷод кард ва таҳким бахшид, балки муносибати оқилона ва гуногуншаклро дар байни марказ ва вилоятҳо бунёд гузошт. Исмоили Сомонӣ ва ворисони шоистаи ӯ ба таҳкими бунёди маънавӣ ва ахлоқии давлат аҳамияти бузург дода, шахсиятҳои тавонои илмиву фарҳангиро ба идоракунии кишвар ҷалб менамуданд».
Дар  баробари  ин,  Пешвои миллат пас аз гузашти зиёда аз 1000 сол соҳиби давлати мустақили миллӣ гардидани тоҷиконро падидаи  нодири таърихӣ шумурда, ҳифзу ҳимояти ормонҳои миллӣ ва дастовардҳои соҳибистиқлолиро масъулияти бузурги ҳар як шаҳрванди кишвар меҳисобанд. Таҳлилу муқоисаи мавзӯъ дар мақола  ҷолибу таваҷҷуҳбарангез буда, муаллиф асосҳои таҳкими давлатдории миллӣ ва самтҳои ояндаи тараққии мамлакатро ҳам аз лиҳози ҷанбаъҳои  сиёсӣ, ҳам иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳам фарҳангию илмӣ хеле дурандешона бозгӯйӣ ва таъйиду таъкид менамоянд.
Дар фуроварди сухан ҳаминро метавон гуфт, ки гирдоварӣ намудани андешаҳо роҷеъ ба китоби «Чеҳраҳои мондагор» дар як мақола аз имкон берун аст. Ва  ин нуқта мусаллам аст, ки китоби мазкур дар ташаккули ҷаҳонбинии сиёсию мафкуравии насли ояндасози ҷомеаи муосир рисолати мондагори таърихиро ба сомон мерасонад.
Хоналӣ ҚУРБОНЗОДА,
Меҳриддин ҒИЁСӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.05.2017    №: 88    Мутолиа карданд: 216

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон

Муборизаи муштараки роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ бо киберҳамлаҳо

Роҳандозии истифодаи бехатари интернет дар макотиби Русия

Чоряк миллиард сокини Замин маводи мухаддир истеъмол мекунад

Гӯшаи кишоварз


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед