logo

сиёсат

"НАҲЗАТ" Ё ҲИЗБИ МАМНӮЕ, КИ АЗ ИБТИДО ХИСЛАТИ ИРТИҶОӢ ДОШТ

Аслан пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи нави демократӣ хуб арзёбӣ мегардад. Вале дар ибтидои зуҳур ва ташаккулёбӣ қисме аз онҳо ба ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсири манфӣ расонда, дар ниҳоят ба сар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 - 1997 сабаб шуданд. Мисоли барҷастаи ин собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ кӯшишҳои авомфиребонаи худро дар мавриди дастгирии ҳаракатҳои исломии як қатор кишварҳои хориҷӣ идома дода, дар  шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ташвиқи фарҳанги бегона, таҳқири давлат ва Ҳукумати мамлакат, поймол намудани ҳуқуқи занон саҳми фаъол мегузошт.
Дар мавриди фаъолияти солҳои ахири ҲНИТ метавон гуфт, ки дар арафаи ҳама маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар, назири интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олӣ, ин ҳизб бо истифода аз тарғиботи  идеологии худ, ба даст овардани нуфузи сиёсиро ҳадаф қарор медод. Пешрафту дастовардҳои кишварро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нодида мегирифт. Барои роҳбарияти ин ҳизб ихтилофоти ҷаҳонишавӣ ва афзудани таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои ифротӣ, зуҳуроти номатлуби экстремистӣ - террористӣ ва фарогирии ҷавонон ба онҳо ҳеҷ гуна амали хавфнок ҳисобида намешуд. Баъдтар, пас аз ошкорсозии ҷиноятҳои содиршуда ба ҳамагон маълум гашт, ки назар ва андешаи онҳо хилофи ҳама гуна тартиботи қонунӣ, амали андешамандонаи инсонӣ ва рафтори эътирофгардидаи исломӣ мебошад.  
Дар ҳодисаҳои пурташвиш ва амали содирнамудаи террористии нимаи аввали моҳи сентябри соли 2015, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат рух доданд ва дар ин замина оромиву суботи кишвар то ҷойе халалдор гардид, даст доштани ҲНИТ ошкор шуд. Маълум гардид, ки ин ҳизб аз рӯзи таъсисаш хислати иртиҷоӣ - динӣ ва экстремистӣ - террористӣ дошта, барои инкишофи раванди сиёсии Тоҷикистон ва мустаҳкам намудани принсипҳои демократӣ дар шароити тағйирпазирии ҷомеа монеаҳои зиёде эҷод намудааст. Зиёда аз ин, бо чунин фаъолият ҳамчун ҳизби дорои хислати экстремистӣ - террористидошта дар ҷаҳон шинохта шуд.
Имрӯзҳо, қисме аз роҳбарони ин ҳизби мамнӯъ дар мисоли роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ берун  аз Тоҷикистон бо дастгирӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон ва бо истифода аз ҳар гуна буҳтон ва танқидҳои беасос ба воситаи нашрия ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз худ дарак медиҳанд. Бо ин кирдорашон мехоҳанд фазои орому осудаи кишварамонро аз нав халалдор созанд. Вале онҳо ва пайравонашон бояд дарк намоянд, ки сокинони мамлакат аз кирдорҳои разилонаи ин ҳизб дар фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ва минбаъд дар замони сулҳу оромӣ воқиф мебошанд. Дар симои он ҳизби иртиҷоӣ - динӣ ва экстремистию террористиро мебинанд, ки мехост бо истифода аз иғво ва дигар амалҳои тахрибкоронаи хеш ба ҳадафҳои сиёсӣ даст ёбад.
Пиралӣ НАЗАРОВ,
мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2017    №: 90    Мутолиа карданд: 308
22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ

19.07.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Кристиа Фриланд

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Даромади софи бонк ба 15 миллион сомонӣ расид

Ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ тағйирот ворид мешавад

Масъулияти аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ баланд мегардад

18.07.2017


Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД

Мулоқот бо губернатори Токио

Машқҳои стратегии зиддитеррористӣ дар ВМКБ

«Мушкилкушо» ва «Комил» ба Қазон мераванд

Мурофиаҳои сайёри судӣ омили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Инвентаризатсияи заминҳо ба охир расид

ВАРЗОБ. Чорводорӣ рӯ ба беҳбудӣ

НАФАҚА. Камбудиҳо бартараф мешаванд

Варзиш

17.07.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Саид Оғо

Вохӯрӣ бо роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ

Баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ

Баррасии роҳу усулҳои мубориза бо коррупсия

Дарёфти 1010 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ

Бехатарии саноатӣ ва ҷавобгарии 182 шахси масъул

Рӯйхати сиёҳ вуҷуд надорад

15.07.2017


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва сохтмони роҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед